Панҷшанбе, 18.04.2024, 20:33
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 20 » Мироъ ва ҷидол
Мироъ ва ҷидол
04:36
Яке аз ахлоқи нописанд дар Ислом, ки мавриди мазаммати шадид қарор гирифта аст, ин мироъ ва ҷидол мебошад. Барои фаҳмидани маънои мироъ ва ҷидол, мисоле мезанам.Дар як маҷлисе касе суханронӣ мекунад ва он кас мавриди писанди ту нест ва ту мехоҳӣ ӯро дар назди ҳозирон беобрӯ кунӣ. Он гоҳ шурӯъ мекунӣ ба танқиди суханони вай.
Масалан барояш мегӯӣ: Ин ҷумлае, ки ту гуфтӣ, холӣ аз фасоҳату балоғат аст. Ва агар тамоми ҷумлаҳояш фасеҳу балеғ бошанд, мазмуни суханонашро ба танқид кашида мегӯӣ: Ин мазмуне, ки гуфтӣ, хилофи ин ояти Қуръон ва ё он гуфтаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мебошад ва ғайра. Ва ту аз ин кори хеш мақсаде ҷуз ин надорӣ, ки ӯро дар назди дигарон оҷиз созӣ, нисбати беилмӣ ва ҷаҳолатро ба вай диҳӣ ва худро пирӯз ва олиму доно дар назди мардум ҷилва диҳӣ. Инро мироъ ва ҷидол мегӯянд.

Чунин кори нописанд одатан дар мунозираҳое, ки байни ду тарафи дар ақида бо ҳам мухолиф анҷом мегирад зиёд дида мешавад. Аҳёнан кори тарафайн ба ҷоҳое мерасад, ки ҳатто агар тарафи муқобил сухани ҳақро гӯяд ҳам, вале ин тараф ҳозир намешавад онро қабул кунад, зеро чунин мепиндорад, ки агар қабул кунад, дар назди мардум шикастхӯрда ҳисобида мешавад. Ва ҳол ин ки ин кор бешак аз бузургтарин гуноҳон маҳсуб мегардад.

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мефармояд:

 

إِنَّ أَوَّلَ مَا عَهِدَ إِلَيَّ رَبِّي وَنَهَانِي عَنْهُ بَعْدَ عِبَادَةِ الأَوْثَانِ وَشُرْبِ الْخَمْرِ مُلاحَاةُ الرِّجَالِ.

 

Нахустин чиз баъд аз ибодати бутҳо ва шаробхӯрӣ, ки парвардигорам бар он аз ман паймон гирифт ва аз он наҳй кард, ин мироу ҷидол бо мардон аст.[1]

 

مَنْ تَرَكَ الْمِرَأَ وَهُوَ مُحِقٌّ بُنِيَ لَهُ بَيْتٌ فِي أَعْلَى الْجَنَّةِ، وَمَنْ تَرَكَ الْمِرَأَ وَهُوَ مُبْطِلٌ بُنِيَ لَهُ بَيْتٌ فِي رَبَضِ الْجَنَّةِ.

 

Ҳар кӣ мироу ҷидолро тарк кунад, дар ҳоле ки бар ҳақ ҳам бошад, барояш манзиле дар волотарин мақоми биҳишт сохта мешавад. Ҳар кӣ мироу ҷидолро тарк кунад, дар ҳоле ки ботил аст, барояш манзиле дар мирбози биҳишт сохта хоҳад шуд.[2]

 

لا يَسْتَكْمِلُ عَبْدٌ حَقِيقَةَ الإِيمَانِ حَتَّى يَدَعَ الْمِرَأَ وَإِنْ كَانَ مُحِقاًّ.

 

Банда ба камоли имони ҳақиқӣ намерасад, магар мироу ҷидолро тарк кунад ҳарчанд бар ҳақ бошад.[3]

2. Дурӯғгӯӣ:

Аз офатҳои дигари забон, ин дурӯғгӯист, ки аз зишттарин гуноҳон ба шумор меравад. Ҳазрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармудааст:

 

كَبُرَتْ خِيَانَةً أَنْ تُحَدِّثَ أَخَاكَ حَدِيثاً هُوَ لَكَ مُصَدِّقٌ وَأَنْتَ بِهِ كَاذِبٌ.

 

Хиёнати бузург аст, ки ба як бародари динии худ сухане бигӯӣ, ки ӯ дар он туро тасдиқ кунад, вале ту дар он дурӯғ гуфта бошӣ.[4]

 

الْكَذِبُ يُنْقِصُ الرِّزْقَ

 
Дурӯғ, аз ризқу рӯзӣ кам мекунад.[5]


[1] ‒ Ҳамон манбаъ, ҷ.3, саҳ.185.

[2] ‒ Ҳамон манбаъ.

[3] ‒ Ҳамон манбаъ.

[4] ‒ Ҳамон манбаъ, ҷ.3, саҳ.213.

[5] ‒ Ҳамон манбаъ.

Бахш: Ахлоқи исломӣ | Просмотров: 867 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz