Шанбе, 20.04.2024, 07:03
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 19 » Маълумоти мухтасар дар бораи Қуръони карим (1)
Маълумоти мухтасар дар бораи Қуръони карим (1)
12:55

Қуръон

Қуръон китоби осмонии мо ва мўъҷизаи ҷовиди паёмбари мост. Ин китоб дар тўли бисту се сол ба тадриҷ бар расули акрам(с) нозил гашт. Қуръони карим, ки ҳам китоби паёмбари акрам аст ва ҳам мўъҷизаи ў, нақше садҳо бор бузургтар дошт аз нақши асои Мўсо ва дами Исо. Пайғамбари акрам(с) оятҳои Қуръонро бар мардум мехонд ва ҷозибаи ин оятҳо афродро ба сўи ислом мекашид. Таърихҳои марбут ба ин мавзўъ дар таърихи ислом аз ҳадди шумориш хориҷ аст. Қуръон маҷмўъаи 114 сура аст ва маҷмўъи ин сураҳо ҳудуди 6205 оятро дарбар дорад ва ҳамаи ин оятҳо маҷмўъан дар ҳудуди 78000 калима аст. Мусулмонон аз садри ислом то асри ҳозир аҳаммияти беназире дар амри Қуръон нишон додаанд, ки нишонаи шефтагии онҳо нисбат ба Қуръон аст. Қуръон дар замони расули акрам(с) ба василаи гурўҳе, ки худи ишон муайян карда буданд – ки ба номи “котибони ваҳй” маъруф шуданд – навишта мешуд. Ба илова аксари мусулмонон - чӣ мардон ва чӣ занон – ишқи аҷибе ба ҳифзи ҳама ва ё аксари оятҳои Қуръон доштанд. Қуръонро дар намозҳо мехонданд ва дар ғайри намозҳо тиловати онро савоб медонистанд ва ба илова аз тиловати он лаззат мебурданд ва мояи оромиши руҳи онҳо буд.

 

Аҳаммияти беназири мусулмонон ба Қуръон

Мусулмонон дар ҳар асре мутаносиб бо имконоти фикрӣ ва амалии худ таҳти таъсири шавқу ишқе, ки ба китоби осмонии худ доштанд, дар бораи Қуръон кор кардаанд, аз қабили ёд гирифтан ва ба хотир супурдан, қироат назди устодони қироат ва таҷвид, тафсири маъноҳои Қуръон, тавзеҳу шарҳи луғатҳои Қуръон дар китобҳои луғат, баршумурдани оятҳо ва калимот ва ҳатто ҳуруфе, ки дар маҷмўъи Қуръон ба кор рафта, диққат дар маъниҳои он ва истифода аз он дар масъалаҳои ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, фалсафӣ, ирфонӣ, илмӣ ва зинат додани гуфтаҳо ва навиштаҳои худ ба оятҳои Қуръон, катибаҳои бисёр олӣ ё гаҷкориҳо ва кошикориҳо, навиштани он бо хатҳои бисёр зебо, омўхтани он ба фарзандони худ қабл аз ҳар омўзиши дигар, тадвини наҳву сарфи забони арабӣ ба хотири Қуръон, ибтикори илми маонӣ, баён ва бадеъ, ҷамъоварии луғатҳои забони арабӣ ва амсоли инҳо.

Ишқ ва алоқаи мусулмонон ба Қуръон маншаъ ва мабдаи як силсила улуми адабӣ ва ақлӣ шуд, ки агар Қуръон намебуд, ин улум ба вуҷуд намеомад.

 

Мўъҷиза будани Қуръон

Қуръон мўъҷизаи ҷовиди хотами паёмбарон аст. Аз оғози нузули Қуръон дар Макка, ки бо сураҳои кучак шурўъ шуд, расули акрам(с) расман бар он “таҳаддӣ” (ба мубориза талабидан) кард, яъне муддаӣ шуд, ки Қуръон кори ман нест, кори Худост ва аз ман ва ҳеҷ башари дигар сохта нест, ки монанди онро биёварад ва агар бовар надоред, озмойиш кунед ва аз ҳар касе мехоҳед кўмак бигиред, вале бидонед, ки агар ҷинну инс даст ба дасти ҳам диҳанд, ки монанди онро биёваранд, қодир нахоҳанд буд. Мухолифони пайғамбари акрам(с) на дар он замон ва на дар замонҳои баъд – ки акнун чаҳордаҳ қарн аз он мегузарад – натавонистаанд ба ин муборизаталабӣ посух диҳанд. Охирин сухани мухолифони он аср ин буд, ки “ҷоду” аст.

Худи ин тўҳмат эътирофи зимнӣ ба хориқулода будани Қуръон ва навъе изҳори оҷизӣ дар баробари Қуръон буд.

Мухолифони сарсахти паёмбар аз ҳеҷ муоризае бо паёмбар барои заиф ва мағлуб карданаш кўтоҳӣ накарданд ва танҳо коре, ки ба он даст назаданд – зеро сад дар сад ноумед буданд – ҳамон буд, ки пайғамбар(с) мукаррар пешниҳод мекард ва худи Қуръон ҳам тасреҳ кардааст, яъне овардани ақаллан як сура (ҳарчанд сураи як сатрӣ монанди “Қул ҳуваллоҳу аҳад...” ё сураи “Инно аътайно...”) монанди Қуръон.

Ва агар нисбат ба он чӣ ки бар бандаамон фуруд фиристодем, дар шакку шубҳа бошед, пас биёваред сурае ба монанди онро ва бихонед (барои кўмак) гувоҳонатонро (ба ғайри Худо) агар ростгў бошед. Агар натавонистед ва ҳаргиз нахоҳед тавонист, пас битарсед аз оташе, ки ҳезумаш мардум (гуноҳкорон) ва сангҳост, ки омода шудааст барои кофирон.[1]

 

Ҷанбаҳои мўъҷиза будани Қуръон

Қуръон аз ҷанбаҳои мухталиф мўъҷиза аст, яъне фавқи башарист. Дар ин ҷо ба таври мухтасар ба баъзеи он ишора мекунем. Аз назари куллӣ мўъҷиза будани Қуръон аз ду ҷиҳат аст: аз ҷиҳати лафз ва аз ҷиҳати маъно.

Мўъҷиза будани лафзҳои Қуръон марбут мешавад ба мақулаи зебоӣ ва мўъҷиза будани маъноҳои он ба мақулаи илмӣ. Пас мўъҷиза будани Қуръон яке аз ҷанбаи зебоӣ ва ҳунарист ва дигар аз ҷанбаи фикрӣ ва илмӣ. Ҳар як аз ин ду ҷанба – хусусан ҷанбаи илмӣ - ба навбати худ дорои чанд ҷиҳат аст.

 

Лафзҳои Қуръон

Сабки Қуръон на шеър аст ва на наср. Аммо шеър нест, барои ин ки вазну қофия надорад. Ба илова шеър маъмулан бо навъе тахайюл, ки тахайюли шоирона номида мешавад ҳамроҳ аст. Шеър будани шеър ба муболиға ва иғроқ аст, ки худ навъе дурўғ аст. Дар Қуръон тахайюлоти шеърӣ ва ташбеҳҳои хаёлӣ вуҷуд надорад. Дар айни ҳол, насри маъмулӣ ҳам нест, зеро аз навъе ҳамоҳангӣ ва оҳанг ва мусиқӣ бархўрдор аст, ки дар ҳеҷ сухани насрӣ то кунун дида нашудааст. Мусулмонон ҳамвора Қуръонро бо оҳангҳои махсус тиловат карда ва мекунанд, ки махсуси Қуръон аст.

Дар дастурҳои динӣ расидааст, ки Қуръонро бо оҳанги хуш бихонед. Имомони аҳли байт(а) гоҳе Қуръонро дар хонаҳои худ бо оҳанге чунон дилрабо мехонданд, ки мардуми кўчаро мутаваққиф мекард. Ҳеҷ сухани насрӣ монанди Қуръон оҳангпазир нест, он ҳам оҳангҳои махсусе, ки мутаносиб бо олами руҳоният аст, на оҳанги мутаносиб бо маҷлисҳои лаҳв. Пас аз ихтирои радио ҳеҷ сухани руҳониятбахш натавонист бо Қуръон аз назари зебоӣ баробарӣ кунад. Илова бар кишварҳои исломӣ, кишварҳои ғайри исломӣ низ аз назари зебоӣ ва оҳанг, Қуръонро дар барномаҳои радиоии хеш гунҷонидаанд. Аҷиб ин аст ки зебоии Қуръон замон ва маконро пушти сар гузоштааст. Бисёре аз суханони зебо махсуси завқ ва зоиқаи як миллат аст, ки аз фарҳанги махсусе бархўрдор мебошанд, вале зебоии Қуръон на замон мешиносад ва на нажод ва на фарҳанги махсус.

Ҳамаи мардуме, ки бо забони Қуръон ошно шуданд, онро бо зоиқаи худ муносиб ёфтанд. ҳар чӣ замон мегузарад ва ба ҳар андоза миллатҳои мухталиф бо Қуръон ошно мешаванд, беш аз пеш ҷазби зебоии Қуръон мешаванд.

Яҳудиён ва масеҳиёни мутаассиб ва пайравони бархе динҳои дигар дар тўли чаҳордаҳ қарни исломӣ анвоъи муборизаҳо барои заиф кардани мақоми Қуръон кардаанд. Гоҳе нисбати таҳриф додаанд ва гоҳе дар бархе қиссаҳои Қуръон хостаанд шак андозанд ва гоҳе ба шакли дигаре бар зидди Қуръон фаъолият кардаанд, вале ҳеҷгоҳ ба худ надидаанд, ки аз суханварони варзидаи худ кўмак бигиранд ва ба фарёди муборизаталабии Қуръон посух гўянд ва ақаллан як сураи кучак монанди Қуръон биёваранд ва ба ҷаҳониён арза доранд.

Ҳамчунин дар таърихи ислом афроди зиёде падид омадаанд, ки (ба истилоҳ) “Зиндиқҳо” ё “Мулҳидон” хонда шудаанд ва бархе аз онҳо барҷастагии фавқулода доштаанд. Ин гурўҳ ба шаклҳои мухталиф бар зидди “дин”, хусусан Қуръон суханоне гуфтаанд ва бархе аз онҳо аз суханварони машҳури забони арабӣ ба шумор мераванд ва аҳёнан ба кашокашӣ бо Қуръон бархостаанд, вале танҳо коре, ки кардаанд, он буда, ки кучакии худ ва бузургии Қуръонро рўшантар кардаанд. Таърих аз Ибни Ровандӣ, Абулалои Муарро, ё Абуттаййиби Мутанаббӣ шоири номдори араб, достонҳо дар ин замина овардааст. Инҳо касоне будаанд, ки хостаанд Қуръонро “кори башарӣ” ҷилва диҳанд.

Афроди зиёде ба иддиои пайғамбарӣ бархостанд ва суханоне оварданд ба хаёли худ монанди Қуръон ва иддио карданд, ки ин суханон низ монанди Қуръон аз ҷониби Худост. Тулайҳа, Мусайлама ва Саҷҷоҷ аз ин гурўҳ ҳастанд. Ин гурўҳ низ ба навъе дигар кучакии худ ва бузургии Қуръонро рўшан намуданд.

Аҷиб ин аст ки каломи худи пайғамбар (с), ки Қуръон бар забони ў ҷорӣ шудааст, бо Қуръон мутафовит аст. Аз расули акрам(с) суханони зиёде ба сурати хутба, дуо, калимоти кўтоҳ ва ҳадис боқӣ мондааст ва дар авҷи фасоҳат аст, аммо ба ҳеҷ сурат рангу бўи Қуръон надорад. Ин худ мерасонад, ки Қуръон ва суханони фикрии паёмбар(с) аз ду манбаъи ҷудогона аст.

Алӣ(а) аз ҳудуди даҳсолагӣ бо Қуръон ошност, яъне синни Алӣ(а) дар ин ҳудуд буд, ки аввалин оятҳои Қуръон бар паёмбари акрам(с) нозил шуд ва Алӣ(а) монанди ташнае, ки ба оби зулол бирасад, онҳоро фаро мегирифт ва то охири умри пайғамбар(с) дар раъси котибони ваҳй қарор дошт. Алӣ(а) ҳофизи Қуръон буд ва ҳамеша Қуръонро тиловат мекард, шабҳо, ки ба ибодат меистод, бо оятҳи Қуръон хуш буд. Бо ин вазъ, агар сабки Қуръон қобили тақлид мебуд, Алӣ(а) бо он истеъдоди беназире, ки дар суханварӣ ва фасоҳат ва балоғат дошт ва баъд аз Қуръон назире барои суханаш наметавон ёфт, мебоист таҳти таъсири сабки Қуръон, аз сабки он пайравӣ кунад ва худ ба худ хитобаҳояш ба шакли оятҳои Қуръон бошад, аммо мебинем сабки Қуръон бо сабки Алӣ(а) комилан мутафовит аст.

Онгоҳ, ки Алӣ(а) дар зимни хитобаҳои фасеҳ ва балиғаш ояте аз Қуръонро меоварад, комилан мутамоиз аст ва ситораеро монад, ки дар муқобили ситорагони дигар дурахшиши фавқулода дорад.

Қуръон мавзўъҳоеро, ки маъмулан заминаи ҳунарнамоии башар дар сухансароист ва афроди башар агар бихоҳанд ҳунари суханварии хешро бинамоёнанд, он заминаҳоро интихоб мекунанд ва сухани хешро бо пеш кашидани онҳо зебо месозанд (аз фахр, ситоиш, ҳаҷв, марсия, ғазал ва тавсифи зебоиҳои табиат), матраҳ накарда ва дар бораи онҳо доди сухан надодааст. Мавзўъҳое, ки Қуръон тарҳ карда, ҳама маънавист, тавҳид аст, маъод аст, нубувват аст, ахлоқ аст, аҳком аст, андарзҳост, қиссаҳост ва дар айни ҳол дар ҳадди аълои зебоист.

Ҳандасаи калимот дар Қуръон беназир аст; на касе тавониста як калимаи Қуръонро пасу пеш кунад бидуни он ки ба зебоиҳои он латма ворид созад ва на касе тавонистааст монанди он бисозад. Қуръон аз ин ҷиҳат монанди як сохтмони зебост, ки на касе битавонад бо ҷо ба ҷо кардан ва тағйир додан, онро зебо кунад ва на битавонад беҳтар аз он ва ё монанди онро бисозад. Сабк ва услуби Қуръон чунин аст, ки на қаблан касе бо ин сабк сухан гуфтааст ва на баъдан касе – бо ҳамаи даъватҳо ва муборизаталабиҳои Қуръон – тавонистааст бо он рақобат кунад ва ё аз он тақлид намояд.

Муборизаталабии Қуръон ҳанўз ҳам ҳамчунон монанди кўҳ побарҷост ва барои ҳамеша боқӣ хоҳад буд. Имрўз ҳам ҳамаи мусулмонони боимон мардуми ҷаҳонро даъват мекунанд, ки дар ин мусобиқа ширкат кунанд ва агар мислу монанде барои Қуръон пайдо шуд, онҳоро аз даъво ва имони худ сарфи назар мекунанд ва итминон доранд, ки чунин чизе муяссар нест.

 
Маъноҳои Қуръон

Мўъҷиза будани Қуръон аз назари маъно ниёзманд ба баҳси васеътарест ва ақаллан ниёзманд ба як китоб аст, вале метавон ба таври мухтасар заминае ба даст дод. Аввалан бояд бидонем Қуръон чӣ навъ китобест? Оё китоби фалсафист? Оё китоби илмист? Оё китоби адабист? Оё китоби таърихист? Ва ё фақат як асари ҳунарист?

Посух ин аст ки Қуръон ҳеҷ кадом аз инҳо нест. Ҳамчунон ки паёмбари акрам (с), балки тамоми паёмбарон гурўҳи ҷудое ҳастанд, на файласуфанд, на олим, на адиб, на муаррих, на ҳунарманд ва ё санъатгар ва дар айни ҳол хусусиятҳои ҳамаи онҳоро – бо чизҳои изофа – доранд, Қуръон низ, ки китоби осмонист, на фалсафа аст, на илм, на таърих, на адабиёт ва на асари ҳунарӣ, дар айни ҳол хусусиятҳои ҳамаи онҳоро дорад, ба иловаи як силсила хусусиятҳои дигар.

Қуръони карим роҳнамои башар аст ва дар воқеъ китоби “инсон” аст; инсон аз он нуқта назар, ки Худои инсон ўро офарида ва паёмбарон омадаанд ўро ба худаш бишносонанд ва роҳи саодаташро ба ў бозгў кунанд. Ва чун китоби инсон аст, пас китоби “Худо” ҳам ҳаст, зеро инсон ҳамон мавҷудест, ки хилқаташ аз мо қабли ин ҷаҳон оғоз мешавад ва ба мо баъди ин ҷаҳон поён меёбад, яъне инсон аз назари Қуръон нафхаи руҳи илоҳист ва хоҳ нохоҳ ба сўи Худои худаш бозгашт мекунад. Ин аст ки шиносоии Худо ва шиносоии инсон аз якдигар ҷудо нест. Инсон то худро нашносад, Худои худро ба дурустӣ наметавонад бишносад. Аз тарафи дигар, танҳо ҳамроҳ бо шинохтани Худост, ки инсон ба воқеъияти ҳақиқии худ пай мебарад.

Инсон дар мактаби паёмбарон – ки Қуръон комилтарин баёни он аст – бо инсоне, ки башар аз роҳи улум мешиносад, басе мутафовит аст, яъне ин инсон басе густардатар аст. Инсоне, ки башар аз роҳи улум мешиносад, дар миёни ду қавс (таваллуд – марг) қарор дорад ва қаблу баъди ин қавсҳоро торикӣ гирифтааст ва аз назари улум башаре маҷҳул аст. Вале инсони Қуръон ин қавсҳоро надорад, аз ҷаҳони дигар омадааст ва дар мадрасаи дунё бояд худро такмил кунад ва ояндааш дар ҷаҳони дигар бастагӣ дорад ба навъи фаъолият ва талош ва ё танбалӣ ва сустие, ки дар мадрасаи ин ҷаҳон анҷом медиҳад. Инро ҳам фаромўш накунем, ки инсони миёни таваллуду марг – он чунон ки башар мешиносад – басе сатҳитар аст аз он чӣ паёмбарон мешиносонанд.

Инсони Қуръон бояд бидонад:

Аз куҷо омадааст?

Ба куҷо меравад?

Дар куҷо ҳаст?

Чигуна бояд бошад?

Чӣ бояд бикунад?

Инсони Қуръон он гоҳ ки ба ин панҷ суол амалан дуруст посух гуфт, саодати воқеъияш ҳам дар ин ҷаҳон ва ҳам дар ҷаҳоне, ки бояд биравад, таъмин мегардад.

Ин инсон барои ин ки бидонад аз куҷо омада ва аз чӣ сарчашмае оғоз шудааст, бояд Худои худро бишносад ва барои ин ки Худои худро бишносад, бояд дар ҷаҳон ва низ дар вуҷуди инсон ба унвони оятҳои далолаткунанда ба сўи Худо мутолеъа кунад ва дар умқи вуҷуд ва ҳастӣ тааммуқ намояд.

Ва барои ин ки бидонад ба куҷо меравад, бояд дар бораи он чӣ Қуръон онро “бозгашт ба Худо” меномад, яъне маъод ва ҳашри амвот, ҳаросҳои қиёмат ва неъматҳои ҷовидон ва азобҳои сахт ва аҳёнан ҷовидони он ва хулоса марҳалаҳо ва манзилаҳое, ки дар пеш дорад тааммул кунад ва аз онҳо огоҳӣ ёбад ва ба онҳо эътиқод пайдо кунад ва имон оварад ва Худоро ҳамчунон ки аввал ва нуқтаи оғози мавҷудот мешиносад, охир ва нуқтаи бозгашти мавҷудот низ бишносад.

Ва барои ин ки бидонад дар куҷо ҳаст, бояд низомот ва қонунҳои ҳоким бар ҷаҳонро бишносад ва мақом ва мавқеи инсонро дар миёни соири мавҷудот дарк кунад ва худро дар миёни мавҷудот бозёбад.

Ва барои ин ки бидонад чигуна бояд бошад, бояд хулқу хўҳои инсониро бишносад ва худашро бар асоси он хулқу хўҳо бисозад.

Ва барои ин ки бидонад чӣ бояд бикунад, бояд як силсила муқаррарот ва аҳкоми фардӣ ва иҷтимоиро гардан ниҳад.

Инсони Қуръон илова бар ҳамаи инҳо бояд ба як силсила мавҷудоти номаҳсус ва диданошуданӣ ва ба таъбири худи Қуръон “ғайб”, ба унвони мазоҳир ва маҷории иродаи илоҳӣ дар низоми ҳастӣ имон биёварад ва ҳам бояд бидонад, ки Худованди мутаол дар ҳеҷ замоне башарро, ки ба ҳидояти осмонӣ ниёз доштааст, як сў нагузошта ва як теъдод афроди баргузида, ки паёмбарони Худо ва роҳнамоёни башар будаанд, аз тарафи Худованд фирисода шуда ва паёми илоҳиро расондаанд.

Инсони Қуръон ба табиат ба унвони “оят” ва ба таърих ба унвони як “озмойишгоҳ”-и воқеӣ, ки дурустии таълимоти паёмбаронро мерасонад, назар меафканад.
Оре, инсони Қуръон чунин аст ва масоиле, ки дар Қуръон барои инсон тарҳ шуда, инҳо ба иловаи бархе масоили дигар аст.


[1]- Сураи Бақара, оятҳои 23 ва 24.

Бахш: Қуръони карим | Просмотров: 2493 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz