Ҷумъа, 19.04.2024, 14:49
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 19 » Хавфу раҷо (2)
Хавфу раҷо (2)
22:40
Хавфу раҷо аз аломатҳои тақводорон аст. Ҳазрати Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) дар як хутбае, ки маъруф ба “хутбаи порсоён” аст, хавфу раҷо доштанро аз аломатҳои мардони парҳезгор медонад. Албатта ҳазраташ дар ин хутба, илова бар хавфу раҷо, дигар нишонаҳои мардони парҳезгорро низ баён кардааст. Барои истифодаи бештар тамоми хутбаро бароят нақл мекунам:
Ҳазрати Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу)‒ро ёре буд ба номи Ҳаммом, ки марди ибодатпешае буд. Рӯзе гуфт: Эй Амири мӯъминон! Бароям сифати парҳезгоронро баён кун. Алӣ дар посухаш каме даранг кард, сипас фармуд:

Эй Ҳаммом! Аз Худо битарс ва некӯкор бош, ки Худо бо касонест, ки парҳезгорӣ кунанд ва некӯкоранд.

Ҳаммом ба ин миқдор сухан қонеъ нашуд. Сипас Алиро савганд дод (ки бештар гӯяд). Он гоҳ Алӣ ҳамду санои Худо ба ҷо овард ва бар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва хонадонаш дуруд фиристод, сипас фармуд:

Аммо баъд, Худованд Субҳонаҳу ва Таоло он гоҳ ки мавҷудотро офарид, аз тоату фармонбарияшон бениёз ва аз нофармонияшон дар амон буд. Зеро, на нофармонии нофармоён Ӯро зиёне расонад ва на фармонбардории фармонбардорон суде. Он гоҳ рӯзиҳояшонро миёнашон тақсим кард ва ҷои ҳар якро дар ин ҷаҳон муайян сохт. Парҳезгоронро дар ин ҷаҳон фазилатҳост. Гуфторашон ба дурустӣ ҳамроҳ аст, роҳу равишашон бар миёнаравӣ ва рафторашон бо фурӯтанӣ омехта. Аз ҳар чи Худованд бар онҳо ҳаром кардааст чашм мепӯшанд ва гӯш бар донистани чизе ниҳодаанд, ки ононро суде расонад. Он чунон ба бало ва мусибатҳо хӯ гирифтаанд, ки гӯё дар осудагӣ ҳастанд. Агар муддати умре набуд, ки Худованд барояшон муқаррар доштааст, ба сабаби шавқе, ки ба подоши нек ва биме, ки аз азоби рӯзи охират доранд, ба миқдори чашм ба ҳам задане ҷонҳояшон дар баданҳояшон қарор намегирифт. Танҳо офаридгор дар назарашон бузург аст ва ҷуз Ӯ ҳар чи ҳаст, дар дидагонашон хурд менамояд. Бо биҳишт чунонанд, ки гӯё онро мебинанд ва ғарқи неъматҳояш ҳастанд. Ва бо дӯзах чунонанд, ки гӯё онро мебинанд ва ба азоби он гирифторанд. Дилҳояшон андӯҳгин аст ва мардумон аз осебашон дар амонанд. Баданҳояшон лоғар, ниёзҳояшон андак ва нафсҳояшон ба зевари иффат ороста. Рӯзе чанд дар бало ва мусибат по мефишуранд, вале аз пайи он осоиши абадӣ доранд. Ин муомила, ки парвардигорашон низ барояшон осон сохтааст, суди бисёр диҳад. Дунё дар талаби онҳост, вале онҳо аз дунё гурезонанд. Ба асораташон мегирад, вале ҷонҳои хеш ба фидя диҳанд то аз асорат бираҳанд.

Аммо шабҳо, ҳамчунон бар по истодаанд то ҷузъ‒ҷузъи китоби Худоро бихонанд. (Онро) мехонанд, вале ором ва ботадаббур мехонанд. Ба ҳангоми хонданаш худро андӯҳгин месозанд ва доруи дарди хеш аз он меҷӯянд. Вақте ба ояте расанд, ки дар он башорат ва муждае бошад, ба он майл кунанд ва дар он тамаъ банданд ва чунон ки гӯё дар баробари чашмонашон ҷо дорад ва ҷонҳояшон ба шавқи дидор сар мекашад. Ва он гоҳ ки ба ояте расанд, ки дар он ваъдаи азоб бошад, гӯши дил ба он месупоранд ва пиндоранд, ки акнун бонги ҷӯшу хурӯши ҷаҳаннам дар гӯшашон печида аст. Дар баробари парвардигорашон миён хам кардаанд ва пешонӣ, кафи даст, зону ва нӯки по бар замин ниҳодаанд ва аз Худованди Таоло металабанд, ки озодияшон бахшад.

Аммо рӯзҳо, олимонанд, бурдборонанд, некӯкоронанд, парҳезкоронанд. Бими худовандашон чунон тарошида, ки тиргарон тирро битарошанд. Вақте бинандае дар онон нигарад, пиндорад, ки беморанд ва ҳол он ки бемор нестанд. (Бинанда) гӯяд: “Бешак дар ақлашон халалест”. Оре, кори бузургашон ба худ машғул сохта.

Аз амалҳои хеш чун андак бошад, нохушнуданд ва чун бисёр бошад, дар назарашон андак намояд, ки инон пайваста худро муттаҳам медоранд ва аз он чи мекунанд бимноканд. Вақте (мардум) яке аз онҳоро ба покӣ биситояд, аз он чи дар борааш мегӯянд бимнок мешавад ва мегӯяд: “Ман худ ба хештан огоҳтарам ва Парвардигори ман ба ман аз ман огоҳтар аст. Эй Парвардигори ман! Маро ба он чи мегӯянд, ҷазо мадеҳ. Маро беҳтар аз он чи мепиндоранд бигардон ва гуноҳони маро, ки аз он бехабаранд биомурз”.

Аз нишонаҳои яке аз онҳо ин аст, ки мебинӣ, ки дар кори дин нерӯманд, дар айни дурандешӣ нармхӯӣ, имонаш ҳамроҳ бо яқин, ба илм озманд ва илмаш омехта ба ҳилм, тавонгарияш ҳамроҳ бо миёнаравӣ ва ибодаташ пайваста бо хушӯъ аст. Дар айни биноӣ муҳташам аст ва дар айни сахтӣ собир. Дар талаби ҳалол аст ва дар ҷустуҷӯи ҳидоят шодмон. Аз озмандӣ ба дур аст. Дар он ҳол, ки ба корҳои шоиста мепардозад, дилаш бимнок аст. Сипосгӯён рӯзро ба шаб меоварад ва зикргӯён шабро ба рӯз мерасонад. Шабро дар айни ҳарос мегузаронад ва шодмона, дида ба дидори субҳ мегушояд. Ҳаросаш аз ғафлатест, ки мабодо гиребонгираш шавад ва шодмонияш аз фазлу раҳматест, ки насибаш гашта. Агар нафсаш дар талаби чизи нохушоянде саркашӣ кунад, по мефишурад то хоҳишашро барнаёварад. Шодмонии дилаш ба чизест, ки пойдор аст ва парҳезаш аз чизе, ки намепояд. Донишро ба бурдборӣ омехта аст ва гуфторро бо кирдор. Ӯро бинӣ, ки орзуяш кӯтоҳ аст ва хатояш андак. Дилаш хошеъ аст ва нафсаш қонеъ. Хӯрданаш андак аст ва корҳояш осон, динаш маҳфуз, майлҳояш мурда ва хашмаш фурӯ хӯрда. Ба хайраш умед аст ва аз шарраш эманӣ. Агар дар ҷамъи ғофилон бошад, номашро дар зумраи зокирон нависанд ва агар миёни зокирон бошад, дар шумори ғофилонаш наоваранд. Агар бар ӯ ситаме равад, гузашт кунад ва ба он кас, ки (ӯро аз чизе) маҳрумаш дошта, бахшиш намояд. Ва бо ҳар кӣ аз ӯ бибурад пайванд кунад. Зиштгӯӣ аз ӯ дур аст, гуфтораш нарм аст, нописандӣ дар ӯ нопайдост ва некӯкорӣ дар ӯ ҳувайдо. Ҳамвора хайраш рӯй оварда ва шарраш пушт карда. Дар сахтиҳое, ки дигаронро меларзонад, ӯ аз ҷо намеҷунбад ва дар машаққатҳо шикебоиро аз даст намедиҳад. Ва чун дар амну роҳат бошад, сипоси Ҳақ ба ҷо оварад. Бар касе, ки душманӣ дорад, ситам раво надорад ва муҳаббати дигарон ба гуноҳаш накашонад. Пеш аз он ки бар зиёнаш шаҳодат диҳанд, ӯ худ ба ҳақиқат эътироф мекунад. Ва чун ба посдории амре водорандаш зойеаш намегузорад. Он чиро, ки хоҳанд, ки ба хотир бисупорад, аз ёд намебарад. Дигаронро бо лақабҳои зишт намехонад. Ба ҳамсоя зиён намерасонад. Ба ҳангоми душвориҳо шамотат раво намедорад. Ба ботил ворид намешавад ва аз ҳақ по берун намениҳад. Агар хомӯш бошад, аз хомӯшии хеш ғамгин намегардад. Садо ба ханда баланд намекунад. Чун бар ӯ ситаме равад, сабр мекунад то Худо интиқомашро биситонад. Худро ба ранҷ меафканад ва мардум аз ӯ дар роҳатанд. Барои рӯзи охират хештан ба машаққат меандозад ва мардумро роҳат мерасонад. Аз ҳар кӣ дурӣ гузинад, ба сабаби порсоӣ ва покӣ аст ва ба ҳар кӣ наздик шавад, ба сабаби нармхӯӣ ва раҳмат аст. На дурӣ гузиданаш аз рӯи такаббур аст ва на наздик шуданаш аз рӯи макру ҳила.

Ровӣ гӯяд: Ҳаммом аз ин сухан беҳуш шуд ва дар он беҳушӣ ҷон дод.
Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) фармуд: Ман бар ҷони ӯ бимнок будам. Сипас фармуд: Оре, андарзҳои расо ба ҳар кӣ аҳлаш бошад, чунин кунад.[1]


[1] ‒ Наҳҷул‒балоға, хутбаи муттақин.

Бахш: Ахлоқи исломӣ | Просмотров: 984 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz