Ҷумъа, 19.04.2024, 01:49
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 19 » Роҳҳои исботи вуҷуди Худо - Роҳи дил (2)
Роҳҳои исботи вуҷуди Худо - Роҳи дил (2)
12:50

Фитрӣ будани худошиносӣ дар Қуръони карим

Дар Қуръони Карим ва осори пешвоёни бузурги Ислом далелҳои зиёде ҳаст бар ин ки масъалаи фитрӣ будани дин ва таваҷҷўҳ ба Худо, сахт мавриди таваҷҷўҳ будааст. Зоҳиран Қуръони Карим аввалин китобест, ки ин масъаларо тарҳ кардааст ва акнун пас аз чаҳордаҳ аср мебинем дониши башарӣ онро таъйид мекунад.

Назар ба ин ки тавзеҳ ва тафсири ин оятҳо, хусусан бо таваҷҷўҳ ба калимоте, ки аз Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар тавзеҳ ва шарҳи он оятҳо расида, доманаи суханро густариш медиҳад ва аз ҳавсалаи ин китоб хориҷ аст, мо дар ин ҷо танҳо ба нақли баъзе оятҳо ва як ҷумла аз Имом Алӣ (Алайҳис салом) иктифо мекунем:

 

1. فَأَقِمْ وَجْهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفًا فِطْرَةَ اللَّهِ الَّتِي فَطَرَ النَّاسَ عَلَيْهَا لَا تَبْدِيلَ لِخَلْقِ اللَّهِ ذَلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ

 

Пас рўи худро − бо гароиши тамом ба ҳақ − ба сўи дин кун, бо ҳамон сириште, ки Худо мардумро бар он сириштааст”.[1]

 

2. أَفَغَيْرَ دِينِ اللّهِ يَبْغُونَ وَلَهُ أَسْلَمَ مَن فِي السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ طَوْعًا وَكَرْهًا.

 

Оё ҷуз дини Худоро меҷўянд? Бо ин ки ҳар ки дар осмонҳо ва замин аст сар ба фармони ў ниҳодааст”.[2]

 

3. الَّذِينَ آمَنُواْ وَتَطْمَئِنُّ قُلُوبُهُم بِذِكْرِ اللّهِ أَلاَ بِذِكْرِ اللّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ.

 

Ҳамон касоне, ки имон овардаанд ва дилҳояшон ба ёди Худо ором мегирад. Огоҳ бош, ки бо ёди Худо дилҳо оромиш меёбад![3]

 

4. وَمَنْ أَعْرَضَ عَن ذِكْرِي فَإِنَّ لَهُ مَعِيشَةً ضَنكًا.

 

Ва ҳар кас аз ёди ман дил бигардонад, дар ҳақиқат зиндагии танг (ва сахте) хоҳад дошт”.[4]

 

5. وَإِذْ أَخَذَ رَبُّكَ مِن بَنِي آدَمَ مِن ظُهُورِهِمْ ذُرِّيَّتَهُمْ وَأَشْهَدَهُمْ عَلَى أَنفُسِهِمْ أَلَسْتَ بِرَبِّكُمْ قَالُواْ بَلَى.

 

Ва ҳангоме, ки парвардигорат аз пушти фарзандони Одам, зуррияи ононро баргирифт ва эшонро бар худашон гувоҳ сохт, ки оё парвардигори шумо нестам? Гуфтанд: Оре, чунин аст”.[5]

 

Имом Алӣ (Алайҳис салом) дар хутбаи аввали “Наҳҷул−балоға” фармуда:

 

فَبَعثَ فِيهِمْ رُسُلَهُ وَ واتَرَ الَيْهِمْ أنْبياءَهُ لِيَسْتَأدُوهُمْ  مِيْثاقَ فِطْرَتِهِ، وَ يُذَكِّرُوهُمْ مَنْسِىَّ نِعْمَتِهِ، وَ يَحْتَجُّوا  عَلَيْهِمْ بِالتَّبْلِيغِ، وَ يُثِيرُوا لَهُمْ دَفائِنَ الْعُقُولِ .

 

Пас (Худои Мутаол) паёмбаронашро дар миёни мардум барангехт ва пай дар пай фиристодагони худро ба сўи онҳо фиристод то паймони фитратро аз онон мутолиба намоянд ва неъматҳои фаромўшшударо ба ёди онҳо оваранд ва бо иблоғи дастуроти Худо ҳуҷҷатро бар онҳо тамом кунанд ва ганҷҳои пинҳони ақлҳоро ошкор созанд”.[6]



[1]−Сураи Рум, ояти 30.

[2]−Сураи Оли Имрон, ояти 83.

[3]−Сураи Раъд, ояти 28.

[4]−Сураи Тоҳо, ояти 124.

[5]Сураи Аъроф, ояти 172.

[6]- Наҳҷул-балоға, хутбаи 1.

Бахш: Худошиносӣ | Просмотров: 762 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz