Панҷшанбе, 28.03.2024, 20:51
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 19 » Роҳҳои исботи вуҷуди Худо - Роҳи дил (1)
Роҳҳои исботи вуҷуди Худо - Роҳи дил (1)
12:49

                Роҳҳои исботи вуҷуди Худо

Аз чӣ роҳ ва ба чӣ далел бояд вуҷуди Худоро қабул кунем? Башар чӣ роҳе ба сўи Худо дорад? Ба таври куллӣ роҳҳои башар ба худошиносӣ се навъ аст:

а) Роҳи дил (ё худ роҳи фитрат);

б) Роҳи ҳис ва илм (ё худ роҳи табиат);

в) Роҳи ақл (ё худ роҳи истидлол ва фалсафа).

 
Роҳи дил

(ё худ роҳи фитрат)

Мегўянд худошиносӣ фитрии ҳар одамист, яъне ҳар одаме ба муқтазои хилқат, навъи офариниш ва сохтмони руҳии худ Худоро мешиносад бе он ки ниёзе ба таҳсили улуми дигар дошта бошад.

Аз донишмандоне, ки худошиносиро фитрии башар медонанд, бархе аз онҳо мақсудашон аз ин матлаб фитрати ақл аст. Мегўянд: Инсон ба ҳукми ақли фитрӣ, бе он ки ниёзе ба таҳсили муқаддимаҳои истидлолӣ дошта бошад, ба вуҷуди Худованд пай мебарад. Таваҷҷўҳ ба низоми ҳастӣ ва таҳти идора ва парвариши нерўи мармузе қарор доштани он, худ ба худ ва бе ин ки инсон бихоҳад истидлол кунад, эътиқод ба вуҷуди мудаббир (идоракунанда)−ро дар инсон ба вуҷуд меоварад, чуноне ки дар ҳамаи умури фитрӣ, ки дар истилоҳи мантиқ “фитриёт”[1]номида мешаванд, матлаб аз ин қарор аст.

Вале мақсуди мо аз унвони боло, фитрати дил аст (на фитрати ақл). Фитрати дил, яъне инсон ба муқтазои сохтмони хосси руҳии худ, мутамойил ва хоҳони Худо офарида шудааст. Дар инсон худоҷўӣ, худохоҳӣ ва худопарастӣ ба сурати як ғариза ниҳода шудааст, ҳамчунон ки ғаризаи ҷустуҷўи модар дар табиати кўдак ниҳода шудааст.

Ин ғариза ба сурати нохудогоҳ дар кўдак вуҷуд дорад. Ў модарро мехоҳад ва ҷустуҷў мекунад бе он ки худ бидонад ва ё бифаҳмад, ки чунин хоҳиш ва майле дар ў вуҷуд дорад ва бе он ки дар сатҳи шуури зоҳирияш инъикосе аз ин майл ва хоҳиш вуҷуд дошта бошад. Мавлавӣ айнан ҳамин ташбеҳро овардааст, он ҷо ки мегўяд:

Ҳамчу майли кўдакон бо модарон

сирри майли худ надонад дар лабон

Ҳамчу майли муфрити ҳар навмурид

сўи он пири ҷавонбахти маҷид

Ҷузъи ақли ин аз он ақли кул аст

чунбиши ин соя з−он шохи гул аст

Сояаш фонӣ шавад охир дар ў

пас бидонад сирри майлу ҷустуҷў

Дигаре мегўяд:

Чандин ҳазор зарра саросема медаванд

дар офтобу ғофил аз он к−офтоб чист

Ғаризаи худохоҳӣ ва худоҷўӣ навъе ҷозибаи маънавист миёни конуни дил ва эҳсосоти инсон аз як тараф ва конуни ҳастӣ (яъне мабдаи боло ва камоли мутлақ) аз тарафи дигар, монанди ҷазбу кашишҳое, ки миёни ҷисмҳо мавҷуд аст. Инсон бе он ки худ бидонад, таҳти таъсири ин нерўи мармуз ҳаст. Гўё ғайр аз ин шахсияти “ман”, як “ман”−и дигар низ дар вуҷуди ў пинҳон аст ва ў аз худ навое ва овозе дорад. Ба қавли Назири Нишопурӣ:

Ғайри ман дар паси ин парда сухансозе ҳаст

роз дар дил натавон дошт, ки ғаммозе ҳаст

Булбулон! Гул зи гулистон ба шабистон оред

ки дар ин кунҷи қафас замзамапардозе ҳаст

Ту мапиндор, ки ин қисса ба худ мегўям

гўш наздики лабам ор, ки овозе ҳаст

Ҳофиз мегўяд:

Дар андаруни мани хастадил надонам кист

ки ман хамўшаму ў дар фиғону дар ғавғост

Донишмандони равоншинос ва равонков (психологҳо) дар асри ахир ба ин ҳақиқат пай бурдаанд, ки инсон дар моварои шуури зоҳири хеш шууре махфӣ дорад. Дар паси ин “ман”−и зоҳир “ман”−и пуштипардае вуҷуд дорад. Фақат ин ки баъзе аз ин донишмандон чунин фарз кардаанд, ки аносири “ман”−и пинҳон, ҳама аз шуури зоҳир ва ботин гурехта ва тағйири шакл додаанд, вале баъзе дигар аз ин донишмандон ба асолати шуури ботин имон ва эътироф доранд ва шуури ахлоқӣ, шуури ҳунарӣ, шуури илмӣ ва ҳамчунин шуури динии равони инсонро асил ва ношӣ аз сиришти ў медонанд.

Он нуқтаи аслӣ, ки роҳи аҳли ирфонро аз роҳи фалсафа ҷудо мекунад, ҳамин ҷост. Орифон аз он ҷо ки ба нерўи ишқи фитрӣ имон ва эътимод доранд, дар тақвияти ин нерў мекўшанд, мўътақиданд, ки конуни эҳсосоти олии илоҳии қалбиро бояд тақвият кард ва монеаҳои рушд ва густариши онро бояд аз миён бурд (ва ба истилоҳ бояд қалбро тасфия ва поксозӣ кард) ва он гоҳ бо маркаби нерўманд ва роҳвор ва сабукболи ишқ ба сўи Худо парвоз намуд. Аммо файласуфон ва мутакаллимон (уламои илми худошиносӣ) аз роҳи ақл ва фикр ва истидлол мехоҳанд шоҳиди мақсуд ва гумшуда ва матлуби худро кашф кунанд. Ориф мехоҳад парвоз кунад ва наздик шавад, файласуф мехоҳад сар ба кисаи тафаккур фурў барад ва биандешад. Ориф мехоҳад бубинад ва файласуф мехоҳад бидонад.

Ибодатҳо дар шариати муқаддаси Ислом барои парвариши ин ҳис аст ва ҳадди ақал яке аз фалсафаҳои ибодатҳо ин аст.
Имрўз донишмандони зиёде ҳастанд, ки ба вуҷуди чунин эҳсос ва шўру ишқ ва ҷунбише дар умқи руҳи одамӣ, ки ўро ба Худои лоязол пайванд медиҳад, имон доранд.


[1]Масалан, тасдиқ ба ин ки “Ду панҷяки даҳ аст”, яке аз “фитриёт” аст. Чунин тасдиқе, бадеҳист ва худ ба худ дар зеҳн, баъд аз тасаввури дурусти адади “ду” (мавзўи масъала) ва “панҷяки даҳ” (маҳмули масъала) ҳосил мешавад ва ниёзе ҷуз ба як қиёсе ҳам, ки пеши мост надорад. Ва он қиёс ин аст: “Ду, ададест, ки адади даҳ тақсим мешавад ба он ва низ ба чаҳор қисми дигари баробар бо он. Ва ҳар он чизе ки ададе ба он ва чаҳор қисми дигари баробар бо он тақсим шавад, он чиз панҷяки он адад ба шумор меравад. Пас ду, панҷяки даҳ аст”.

Бахш: Худошиносӣ | Просмотров: 914 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz