Панҷшанбе, 18.04.2024, 22:50
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 19 » Нигоҳе ба ақоиди Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб
Нигоҳе ба ақоиди Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб
19:31

Нигоҳе ба ақоиди Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб

Меҳвари ақоид ва орои Муҳаммад ибни Абдулваҳҳобро тавҳид ва ширк ташкил медиҳад. Аз дидгоҳи ў, тавҳиде, ки Ислом ба сўи он даъват кардааст, тавҳид дар ибодат мебошад. Далелаш ҳам ин аст, ки мегўяд мушрикони замони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бо ин ки қоил ба маротиби дигар аз тавҳид (мисли тавҳид дар холиқият ва тавҳид дар рубубият) буданд, вале боз ҳам мушрик хонда шуданд. Чаро? Чун ки онҳо мўътақид ба тавҳид дар ибодат набуданд. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар рисолаи “Кашф‒уш‒шубуҳот” мегўяд:

Пас ҳаргоҳ далел бар ин хостӣ, ки мушриконе, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бо онон ҷангид, шаҳодат ба он (яъне ба тавҳид дар рубубият) медоданд, ин фармудаи Худои Таолоро бихон, ки мефармояд: “Бигў: Чӣ касе аз осмон ва замин шуморо ризқу рўзӣ медиҳад ва чӣ касе молики гўшу чашмон аст ва чӣ касе зиндаро аз мурда ва мурдаро аз зинда берун меоварад ва чӣ касе тадбири амр мекунад? Он гоҳ онҳо (мушрикон) хоҳанд гуфт: Аллоҳ. Пас (ба онҳо) бигў: (Агар чунин аст) пас чаро парвои Ӯ надоред?..”[1] ва ғайр аз ин оятҳо. Пас ҳаргоҳ муҳаққақ гардид, ки онҳо (мушрикон) ба ин (қисм аз тавҳид) иқрор доранд ва чунин тавҳиде онҳоро дар доираи тавҳиде, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба сўи он даъват намуда дохил накардааст, донистаӣ, ки тавҳиде, ки инкор кардаанд, тавҳид дар ибодат будааст, ки мушрикони замони мо исми онро “эътиқод” ном мениҳанд... Ҳам донистаӣ, ки иқрори онҳо (мушрикон) ба тавҳид дар рубубият, ононро дохил дар доираи Ислом накардааст...”[2]

Хулоса, Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб гуфтанист, ки мушрикони араб холиқи ҷаҳон ва розиқи бандагон ва идоракунанда ва мудаббири оламро Худованди ягона медонистанд. Пас чаро боз ҳам мушрик хонда шуданд ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бо онон ҷангид? Посух медиҳанд, ки ишколи кори онҳо фақат дар тавҳид дар ибодат буд. Онон бутҳо ва баъзе аз солеҳонро парастиш мекарданд. Ба таъбири дигар: мушрикони араб ҳаргиз мункири тавҳид дар холиқият, розиқият ва рубубият набуданд, балки мушрик дар ибодати Худо буданд ва он гоҳ Ислом онҳоро ба сўи ибодати Худованди ягона даъват фармуд.

Аз ин ҷост, ки Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб лафзи “илоҳ” дар “Ло илоҳа иллаллоҳ”‒ро фақат ба маънои “маъбуд” (парастишшаванда) медонад, ки бино бар он, ҷумлаи “Ло илоҳа иллаллоҳ”, ки шиори Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва мусулмонони ҷаҳон буда ва ҳаст, фақат нозир ба тавҳид дар ибодат мешавад.[3] Яъне маънояш ин мешавад: Ҳеҷ маъбуде нест ҷуз Худои ягона.

Аз дидгоҳи салафиҳо, аз он ҷо ки тавҳиде, ки Ислом мушрикони арабро ба сўи он даъват кардааст, тавҳид дар ибодат мебошад, ширки онҳо ҳам, ки дар муқобили тавҳид қарор дорад, маҳдуд дар ширк дар ибодат мешавад. Онҳо мегўянд:

Ширк, муқобили имон овардан ба улуҳияти Худованд мебошад. Вақте ки имон овардан ба улуҳияти Худованд ва парастидани ягонагии Ӯ аз бузургтарин воҷибот бошад, пас барои Худованд шарику ҳамто қарор додан, бузургтарин гуноҳ ба шумор меравад, ки Худованд онро намеомурзад”.[4]

Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб муддаист, ки ширки мушрикони замони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба ин буд, ки “Онҳо фариштагонро, ба ҷиҳати бандагони солеҳи Худо ва ба Ӯ наздик буданашон, мехонданд (нидо мекарданд) то барояшон дар пеши Худо шафоат кунанд. Ё марди солеҳе мисли Лот ва ё паёмбаре мисли Исоро мехонданд... Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бо онҳо бар сари ҳамин ширк ҷангид то ҳамаи хондан (нидо) барои Худо бошад, ҳамаи назр барои Худо бошад, ҳамаи истиғоса (кўмак хостан) барои Худо бошад ва хулоса ҷамии ибодот фақат барои Худо бошад... Ҳамин навъ ширк буд, ки рехтани хуну моли онҳоро мубоҳ гардонид...”[5]

Бо таваҷҷўҳ ба чунин бардошт аз ширк, Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб мўътақид аст ҳар касе, ки авлиёуллоҳ ва солеҳонро нидо кунад ва ё аз онон шафоат биталабад, кори ў ширк аст ва ҷону моли ў бар муваҳҳидон мубоҳ мегардад. Зеро Қуръони Карим мефармояд: “Касеро ба ҳамроҳи Худо нахонед[6] ва ё мефармояд: “Бигў: Шафоат ба таври комил аз они Худо аст...[7]

Ба ҳамин хотир аст, ки мусулмонони замони худро мушрик меҳисобад, он ҷо ки мегўяд: “...тавҳиде, ки (мушрикон) инкор кардаанд, тавҳид дар ибодат будааст, ки мушрикони замони мо исми онро “эътиқод” ном мениҳанд...[8]

Ҳаргоҳ ба ў эътироз мешуд, ки ҳеҷ мусулмоне он ҷо ки шафоат аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва ё солеҳон металабад ва ё тавассул ба онҳо меҷўяд, ибодат ва парастиши онҳоро қасд намекунад, дар посух мегуфт: Мушрикони араб низ ҳангоме ки ба хотири бутпарастияшон мавриди эътироз воқеъ мешуданд, мегуфтанд: “Мо бутҳоро танҳо барои ин парастиш мекунем, ки моро ба Худо наздик кунанд”.[9]

Илова ба ин, як силсила аъмолеро ба иллати ин ки мунҷар ба ширки акбар (ки ҳамон нидо ва хондани ғайри Худо аст) мешаванд, ширки асғар (кучактар) номида, анҷоми онҳоро барои мусулмонон ҳаром донистаанд. Онҳо мегўянд:

“Ҳар қавлу амале, ки сабаби расидан бар ширки акбар бошад, ширки асғар номида мешавад, монанди ихтиёр кардани масҷид дар қабристон, ба ин ки дар қабристон намоз гузорад, ё дар дохили қабристон масҷиде бино кунад. Тамоми ин корҳо дар Ислом ҳаром буда, анҷомдиҳандааш аз раҳмати Худо ронда шуда, мавриди лаънати Аллоҳ Таъоло қарор мегирад. Зеро ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) гуфтааст: “Лаънати Худо бар яҳуду насоро бод, ки қабри паёмбаронашонро масҷид қарор доданд!”[10] Бинобар ин ихтиёр намудани қабрҳо барои саҷда кардану намоз хондан ҳаром буда, гуноҳи бузург мебошад, зеро ки амали мазкур мухолифи ақидаи саҳеҳи исломӣ буда авоқиби хатарнок дорад”.[11]
Ин буд хулосаи иддаои Ибни Абдулваҳҳоб ва пайравонаш дар масъалаи тавҳид ва ширк.


[1] ‒ Сураи Юнус, ояти 31.

[2] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Кашф‒уш‒шубуҳот, ҷ.1, саҳ.3 ва 4).

[3]‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Кашф‒уш‒шубуҳот, ҷ.1, саҳ.5).

[4] ‒ Манбаъ: http://hanif.ucoz.ru/news/2008‒04‒30‒62

[5]‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Кашф‒уш‒шубуҳот, ҷ.1, саҳ.4).

[6]‒ Сураи Ҷин, ояти 18.

[7]‒ Сураи Зумар, ояти 44.

[8] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Кашф‒уш‒шубуҳот, ҷ.1, саҳ.3 ва 4).

[9] ‒ Сураи Зумар, ояти 3.

[10] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Саҳеҳи Бухорӣ, ҷ.2, саҳ.215; Саҳеҳи Муслим, ҷ.3, саҳ.125).

[11]‒ Манбаъ: http://hanif.ucoz.ru/news/2008‒04‒30‒62

Бахш: Нақди ақоиди ваҳҳобият | Просмотров: 774 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz