Ҷумъа, 29.03.2024, 12:17
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 19 » Пешвоёни ваҳдат
Пешвоёни ваҳдат
19:11

Аллома Юсуф Қарзовӣ

Аллома Юсуф Қарзовӣ дар посух ба ин савол, ки “Оё кофир шумурдани пайравони мазоҳиби ақидатӣ, фиқҳӣ ва сулукӣ, танҳо ба ин хотир, ки бо мо дар мазҳаб ихтилоф доранд ҷоиз аст?” мегўяд:

“Ҳар касе аз рўи ихлоси қалбӣ бигўяд: “Ашҳаду анло илоҳа иллаллоҳ ва анна Муҳаммадан Расулуллоҳ”, мусулмон аст ва аз тамоми ҳуқуқи мусулмонӣ бархўрдор мебошад... Ин чунин касе аз ҷовидона мондан дар оташи ҷаҳаннам наҷот ёфтааст. Агар фақат аз сари забон калимаи шаҳодатайн бигўяд ва қалбаш ба он имон надошта бошад, дар зоҳир аҳкоми мусулмонон бар ў ҷорӣ мешавад, ҳарчанд ки дар поинтарини табақоти ҷаҳаннам ҷои ўст. Ба ҳамин хотир дар ҳадиси муттафақун алайҳ омадааст:

“Дастур дорам бо мардум биҷангам то замоне ки Ло илоҳа иллаллоҳ бигўянд. Пас ҳар он касе, ки Ло илоҳа иллаллоҳ бигўяд, ҷон ва моли худро аз ман дар амон нигаҳ доштааст магар тибқи қавонини Ислом (дар ҳудуд, қисос ва диёт), ва (агар ба дурўғ ва нифоқ шаҳодатайн гуфтааст) ҳисобаш бо Худо аст”.[1]

Ба ҳамин иллат баъзе аз уламо гуфтаанд: “Ислом дар як ҷумла нуҳуфта аст ва он ҷумлаи шаҳодатайн мебошад. Бо ин ҷумла инсон вориди Ислом мешавад ва бар ў ҳукми Ислом ҷорӣ мегардад”.

Ҳадисҳои саҳеҳи бисёре низ бар ин амр далолат доранд:

1.              Ҳар кас шаҳодат диҳад, ки худое ҷуз Худои ягона нест ва Ӯ шарик надорад ва Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст ва Исо ҳам банда ва фиристодаи Ӯ ва фарзанди канизи Ӯ ва калимаест, ки бар Марям илқо кард ва руҳи Ӯст ва (низ шаҳодат диҳад, ки) биҳишт ҳақ аст, ҷаҳаннам ҳақ аст ва растохез ҳақ аст, ҳар амале, ки дошта бошад, Худо ўро вориди биҳишт мекунад, аз ҳар як аз дарҳои ҳаштгона, ки бихоҳад.[2]

2.              Ҳар кас бигўяд Ло илоҳа иллаллоҳ ва ба он чи ҷуз Худо парастиш мешавад куфр варзад, молу ҷонаш мўҳтарам аст ва ҳисобаш бо Худо аст.[3]

Тамоми ин ривоятҳо, ки ҳама саҳеҳ ҳастанд, ба равшанӣ далолат бар он доранд, ки роҳи вуруд ба Ислом калимаи шаҳодат аст ва агар инсон онро содиқона, на аз рўи нифоқ, гуфта бошад ва бимирад, сабаби наҷоти ў аз оташ ва вуруди ў ба биҳишт аст, ҳар гуна ки дар зиндагӣ амал карда бошад. Яъне агар инсоне ақидааш саҳеҳ бошад, аз ҷовидона мондан дар оташи ҷаҳаннам наҷот пайдо мекунад, ҳарчанд гуноҳони бисёр дошта бошад.

Номгузориҳое, ки бархе аз мусулмонон барои бархеи дигар ба кор мебаранд муҳим нест. Салафӣ, сўфӣ, шиа, суннӣ, ашъарӣ, мўътазилӣ, зоҳирӣ, мақосидӣ ва аз ин қабил номҳо муҳим нестанд. Маъно ва мазмун асл аст, на исм ва унвон...

Касе, ки вориди дини Ислом мешавад, кофист, ки ба аркон ва воҷиботи Ислом бовари қалбӣ дошта бошад, ҳарчанд дар амал маъсияткор буда ва онҳоро баҷо наоварад. Ба далели он ки Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба маҳзи гуфтани шаҳодатайн аз сўи афрод, Исломи онҳоро мепазируфт ва ононро дар зумраи мусулмонон ба шумор меовард, ҳарчанд ки онҳо баъдан ва дар вақти худ ба воҷибот мисли намоз, закот ва рўзаи Рамазон амал мекарданд.

Ҳар касеро, ки ба Ислом оварданаш яқин ҳосил шуд, наметавон ўро аз зумраи мусулмонон хориҷ сохт магар ин ки яқин ба куфраш пайдо кунем, зеро яқин, бо шак аз байн намеравад. Он чӣ барои хуруҷ аз Ислом яқиновар аст ин аст, ки яке аз заруриёти динро (ки барои ў зарурӣ буданаш маълум аст) инкор кунад, ё ҳароми қатъиеро, ки шакке дар он нест, ҳалол бишуморад, ё аз ў қавл ё амале сар занад, ки ҷуз куфр ҳеҷ таъвили дигаре надошта бошад. Мисли ин ки бидуни иҷбор бар бут саҷда кунад, ё Қуръони Каримро зери по бигузорад, ё онро дар зуболадон биандозад, ё ба Худо ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дашном бидиҳад, ё иборатҳои сареҳе бинависад, ки ҳеҷ шак ва тардиде дар куфромез будани он набошад...

Пайравони мазҳабҳои маъруф дар ҷаҳони Ислом, ки уммати Ислом аз онҳо ташкил ёфтаанд, ҳама дохил дар мафҳуми исломӣ ҳастанд, ки тавзеҳ дода шуд. Ҳам мазоҳиби фиқҳӣ, ки ўҳдадори баёни аҳкоми амалии Ислом ҳастанд, мисли мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат ва мазҳаби зоҳирӣ ва ҳам мазоҳиби эътиқодӣ ва каломӣ, ки бар пояи бардоштҳои худ аз усули дин шакл гирифтаанд, мисли мазҳаби ашъарӣ (мансуб ба Имом Абулҳасани Ашъарӣ, ки вафотёфтаи соли 324 ҳиҷрӣ мебошад) ва мазҳаби мотуридӣ (мансуб ба Имом Абўмансури Мотуридӣ, ки вафотёфтаи соли 333 ҳиҷрӣ аст) ва ҳам мазоҳиби фиқҳӣ‒эътиқодӣ мисли мазҳаби ҷаъфарӣ (мансуб ба Имом Ҷаъфари Содиқ, ки вафотёфтаи соли 148 ҳиҷрӣ мебошад) ва мазҳаби зайдӣ (мансуб ба имом Зайд ибни Алӣ, ки вафотёфтаи соли 122 ҳиҷрӣ аст) ва мазҳаби ибозӣ (мансуб ба Абдуллоҳ ибни Ибози Тамимӣ, ки вафотёфтаи охирҳои даврони Абдулмалик ибни Марвон мебошад), ин мазоҳиб ҳамагӣ аркони имонро, ки дар Қуръон омадааст бовар доранд...

Ин мазоҳиб ҳамчунин ба аркони амалии Ислом: шаҳодатайн, намоз, закот, рўзаи Рамазон ва ҳаҷҷи хонаи Худо (барои афроди тавоно) имон доранд. Ҳамчунин ба аҳкоми қатъии Ислом ‒ аз ибодот, муомилот, издивоҷ, қисос, сиёсатҳои шаръӣ ва молӣ ва соири аҳком ‒ имон доранд...

Бухорӣ аз Анас ибни Молик нақл карда, ки Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуд: “Ҳар кас мисли мо намоз бихонад ва ба сўи қиблаи мо рўй оварад ва аз забиҳаи мо бихўрад, ў мусулмон буда ва дар паноҳи Худо ва фиристодаи Ӯст. Пас шумо дар қаламрави Худо муроқиби ў набошед”.[4]

Бухорӣ ҳамчунин ривоят кардааст: “Аз Анас ибни Молик савол шуд: Эй Абўҳамза! Чӣ чиз хун ва моли бандаро ҳаром мекунад? Ҷавоб дод: Ҳар кас шаҳодат диҳад, ки худое ҷуз Худои ягона нест ва ба сўи қиблаи мо рўй оварад ва мисли мо намоз бихонад ва аз забиҳаи мо бихўрад, мусулмон аст, аз ҳамаи ҳуқуқ ва имтиёзоти мусулмонӣ бархўрдор ва ҳамаи вазоиф ва таколифи мусулмонон бар ўҳдаи ў аст”.[5]

Маънои ин сухан он аст, ки бояд ба мусулмон будани чунин фарде ҳукм кунем ва аҳкоми Ислом бар ў ҷорӣ мешавад, агарчи гунаҳкор бошад ё дар бархе масоили илмӣ иштибоҳ кунад, чи дар усул ва чи дар фурўъ...

Сипас Аллома Юсуф Қарзовӣ суханони худро чунин идома медиҳад:

Матлаберо, ки мо дар ин ҷо зикр кардем, раҳбарони бузурги мазоҳиби исломӣ ҳам онро гуфтаанд. Мо барои таъкид бар матлаб ва бештар равшан гардидани он, бархе гуфтаҳои ононро, ки ҳамсў бо матолиби мо аз густариш додани такфир ҷилавгирӣ мекунанд нақл мекунем:

 1. Сухани ашоира ва соири мутакаллимон:

Дар китоби “Мавоқиф”‒и Азудиддини Эҷӣ ва шарҳи он аз Сайидшарифи Ҷурҷонӣ, ки аз китобҳои муҳимми ашоира ба шумор меравад омадааст: “Ҷумҳури мутакаллимон ва фуқаҳо бар онанд, ки такфири ҳеҷ як аз аҳли қибла раво набошад”.

Шайх Абулҳасани Ашъарӣ дар ибтидои китоби “Мақолот ул‒исломийин” гуфтааст: “Мардум баъд аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар бисёр масоил ихтилоф намуданд, бархе аз онҳо бархеи дигарро дар он гумроҳ дониста ва аз якдигар безорӣ ҷустанд ва дар натиҷа гурўҳ‒гурўҳ шуданд, вале Ислом онҳоро гирди ҳам меоварад ва ҳамаро дарбар мегирад”.[6]

Ин мазҳаби ашъарист. Аксари асҳоб ҳам ҳамин раъйро доранд. Аз Шофеӣ нақл шудааст, ки мегўяд: “Ман шаҳодати пайравони мазоҳибро (ҳатто касонеро, ки ба назари ман аҳли ҳаво ҳастанд) қабул дорам ба ҷуз хаттобияро, чаро ки онҳо шаҳодат ба дурўғро раво ва ҷоиз медонанд”...[7]

Имом Муҳаммади Ғазолӣ баъд аз сухан перомуни мўътазила, мушаббиҳа ва фирқаҳои бидъатгузор, ки дар таъвили мутуни динӣ аз рўи иҷтиҳод хато кардаанд мегўяд: “Он чи ки муҳассилон бояд ба он таваҷҷўҳ кунанд он аст, ки то роҳе ҳаст бояд аз такфир парҳез кунанд. Зеро мубоҳ донистани ҷону моли намозгузорон ба сўи қибла ва гўяндагони Ло илоҳа иллаллоҳ Муҳаммадун Расулуллоҳ кори иштибоҳест. Иштибоҳ дар зинда нигаҳ доштани ҳазор кофир, осонтар аз хато дар рехтани қатрае аз хуни мусулмонон аст...

Назди мо собит нашуда, ки хато дар таъвил мўҷиби такфир бошад. Ин амр мўҳтоҷи далел аст. Вале исмати гўяндагони Ло илоҳа иллаллоҳ қатъан собит шудааст ва ҳеҷ чизе наметавонад онро зоил кунад, магар илми қатъӣ. Ҳамин қадр кофист, ки таваҷҷўҳ дошта бошем, ки зиёдаравии касе, ки дар такфир аз ҳад мегузарад, аз рўи далелу бурҳон нест. Зеро бурҳон, ё бояд як асли шаръӣ бошад, ё як қиёси мубтанӣ бар асли шаръӣ. Он асли шаръӣ, ки мўҷиби куфр аст, такзиби сареҳи (Худо ва Паёмбар) аст. Касе, ки такзиб накунад, ҳеҷ амри дигаре ҳам, ки ба маънои кизб бошад, дар мавриди ў нест. Бинобар ин вай бо гуфтани калимаи шаҳодат таҳти умуми исмат боқӣ мемонад”.[8]

 2. Назари фуқаҳои ҳанафимазҳаб:

Дар китоби “Ал‒баҳр‒ур‒роиқ” мехонем: “Дар китоби “Ҷомеъ‒ул‒фусулайн” омадааст: Таҳовӣ аз асҳоби мо нақл кардааст: “Ҳеҷ фарде аз имон хориҷ намегардад, магар он ки он чиро мўҷиби вуруд дар аҳли имон аст мункир шавад. Агар дар мавриди касе яқин ҳосил шавад, ки муртад шудааст, ҳукми иртидод бар ў ҷорӣ мешавад. Вале ҳар кас, ки шак дар иртидодаш бошад, ҳукми иртидод бар ў ҷорӣ намешавад. Зеро исломи собитшуда барои афрод, бо шак аз байн намеравад... Сазовор аст ҳаргоҳ шикояте аз ин қабил назди олиме оварда шавад, мубодират ба такфири аҳли Ислом накунад”...

Ман (соҳиби “Ҷомеъ‒ул‒фусулайн”) мегўям: Ин матлабро аз ин ҷиҳат муқаддам доштам, ки то мизоне бошад барои доварӣ дар мавриди суханоне, ки дар ин фасл нақл кардаам. Зеро дар бархе аз манқулот ҳукми такфир омадааст, дар сурате, ки бар мабнои ин муқаддима, ҷои такфир нест. Диққат кунед!..

Дар китоби “Хулоса” ва низ соири кутуб омадааст: “Ҳаргоҳ дар масъала эҳтимолоти мухталиф бошад ба ин сурат, ки чанд то эҳтимол сабаби такфир ва фақат як эҳтимол монеи такфир бошад, дар ин чунин маврид муфтӣ бояд ҷониби эҳтимолеро бигирад, ки монеи такфир аст. Ӯ бояд ба мусулмон ҳусни зан дошта бошад”...

Дар “Баззозия” изофа шудааст: “... магар он ки фард тасреҳ кунад, ки матлаберо ирода карда, ки мўҷиби куфр аст. Дар ин сурат роҳе барои таъвил боқӣ намемонад. (Ба унвони мисол: Агар касе ба дини фарди мусулмоне иҳонат кунад, ба як эҳтимол ин иҳонат ба маънои таҳқир ва сабукшумории дин будааст, пас мўҷиби куфр аст. Ба эҳтимоли дигар манзураш ахлоқи пасти мусулмон ва рафтори зишти ў будааст, на иҳонат ба асли дин). Ҳар ҷо ки ихтилоф дар куфр аст, бояд суханро ба маҳалли хуб ҳамл кард, ҳарчанд бо такя бар ривоятҳои заиф. Бинобар ин аксари алфози куфромез, ки гуфта мешавад, наметавон бар асоси он ҳукми такфир содир кард. Ман худро ўҳдадор сохтам, ки ҳеҷ гоҳ бо такя бар ин ақвол ҳукм ба такфир содир накунам”...[9]

Муҳаққиқи ҳанафӣ Камолуддин ибни Ҳумом мегўяд: “Дар суханони аҳли мазҳаб ҳукм ба такфир бисёр аст, вале ҳеҷ як аз ин аҳком сухани фақеҳон ва муҷтаҳидон нест. Ин аҳкомро ғайри фуқаҳо гуфтаанд ва ба гуфтаи онон эътимоде нест”.[10]

 3. Суханони фуқаҳои моликимазҳаб:

Дар нақли раъй ва назароти моликимазҳабон ба зикри ин таҳқиқ аз Шотибӣ басанда мекунам. Ӯ дар китоби “Ал‒эътисом” пас аз зикри аҳли бидъат амсоли хавориҷ ва дигарон мегўяд:

Уммати Ислом дар такфири пайравони ин фирқаҳо, ки аҳли бидъатҳои бузург ҳастанд ихтилоф доранд, вале он чи ба назар саҳеҳтар меояд ва бо ривоятҳо интибоқи бештаре дорад, адами қатъ ба такфири онон аст. Далели мо бар ин матлаб, амали салафи солеҳ дар бораи онон аст...

Оё намебинӣ, ки Алӣ (разияллоҳу анҳу) бо хавориҷ чӣ гуна рафтор кард? Он ҳазрат бо онон муомилаи аҳли Ислом кард, бар асоси ин фармудаи Худованди Мутаол, ки мефармояд:

وَإِن طَائِفَتَانِ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ اقْتَتَلُوا فَأَصْلِحُوا بَيْنَهُمَا.

Ва агар ду гурўҳ аз мўъминон бо ҳам биҷанганд, дар миёни он ду ислоҳ эҷод кунед.[11]

Он ҳазрат вақте ки ҳаруриён (хавориҷ) гирди ҳам омада ва аз ҷамоати мусулмонон ҷудо шуданд, ба онон ҳамла накард ва бо онон наҷангид. Агар онон бо хуруҷашон муртад шуда буданд, Алӣ (разияллоҳу анҳу) ҳеҷгоҳ раҳояшон намекард, зеро Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармудааст: “Ҳар кас динашро тағйир дод, ўро бикушед”.

Аммо Абўбакр (разияллоҳу анҳу) вақте барои ҷанг бо аҳли ридда берун рафт, онҳоро раҳо накард. Ин далел бар он аст, ки байни ин ду гурўҳ фарқ аст. Маъбади Ҷуҳанӣ ва соири аҳли аҳли қадар ҳам вақте зуҳур карданд, салафи солеҳ фақат ба тард, табъид, душманӣ ва қаҳр бо онон иқдом карданд. Агар онҳо бо хуруҷашон ба куфри маҳз даст зада буданд, бар онон ҳадди муртад ҷорӣ мешуд. Умар ибни Абдулазиз ҳам дар муқобил бо ҳаруриёни (хавориҷи) замони худаш дар Мусил, дастур дод даст нигаҳ доранд ҳамон гуна ки Алӣ (разияллоҳу анҳу) дастур дода буд ва бо онон рафтор бо муртаддон накард...

Мо мегўем: Онон пайрави ҳавоҳои нафсонӣ ва муташобеҳоти Қуръон аз рўи фитнаангезӣ ва таъвилгарӣ ҳастанд, вале онон ҳаргиз пайрави маҳзи ҳавоҳо нестанд ва ба таври комил аз муташобеҳоти Қуръон пайравӣ намекунанд. Чаро ки агар чунин буданд, кофир маҳсуб мешуданд, зеро ин кор дар шариати Ислом фақат аз касе сар мезанад, ки аз рўи инод муҳкамоти Қуръонро нафй мекунад, ки албатта ин кор куфр аст. Аммо касе, ки шариати Ислом ва Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)‒ро тасдиқ мекунад, дар ниҳоят рўй ба сўи вифоқ дорад, ҳамчунон ки ду ҳазор нафар аз хавориҷи замони Алӣ (разияллоҳу анҳу) ба сўи ў бозгаштанд, ҳарчанд аксарияти онҳо чунин накарданд”.[12]

 4. Назари фуқаҳои шофеимазҳаб:

Нававӣ дар шарҳ бар Саҳеҳи Муслим мегўяд:

Бидон, ки бино бар мазҳаби аҳли ҳақ ҳеҷ як аҳли қибла ба хотири гуноҳ такфир намешавад. Аҳли ҳаво ва бидъатгузорон ҳам (мисли хавориҷ ва ғайра) такфир намешаванд. Ҳар кас яке аз заруриёти дини Исломро инкор кунад, ҳукм ба иртидод ва куфри ў мешавад магар ин ки тозамусулмон бошад, ё дар саҳроҳои дурдаст бузург шуда бошад, ё аз касоне бошад, ки ин умур бар ў махфӣ будааст. Дар ин сурат ибтидо ақидаи саҳеҳ ба ў шиносонда мешавад, он гоҳ агар боз ҳам бар инкораш идома дод, ҳукм ба куфри ў мешавад. Ҳамин тавр аст касе, ки қоил ба ҳалол будани зино, хамр, қатл ва соири муҳаррамот бошад, ки ҳурмати онҳо аз заруриёти дини Ислом аст”...

Сипас Аллома Юсуф Қарзовӣ назари ҳанбалимазҳабон, зайдиҳо ва дигар пешвоёни мазоҳиби исломиро низ дар ин замина ба тафсил зикр карда, он гоҳ мегўяд:

“Ин нақли қавлҳоро қасдан тўлонӣ кардем то роҳро барои ононе, ки ҳеҷ парвое аз такфири гўяндагони Ло илоҳа илаллоҳ надоранд бубандем. Онон бояд аз Худо битарсанд, ҳам дар ҳаққи худ ва ҳам дар ҳаққи мусулмонон ва аз фитнаангезӣ бипарҳезанд... Набояд ба хотири мухолифати мазҳабӣ ё ихтилоф дар нуқта назароти илмӣ даст ба эҷоди фитна зад”...

Ва охиру даъвоно анил‒ҳамду лил‒лоҳи раббил‒оламин!

Дуҳа, 14 Ҷумоди ул‒аввали соли 1426 ҳиҷрӣ, 12 июни соли 2005 мелодӣ

Ниёзманди афви Парвардигор Юсуф Қарзовӣ[13]


[1] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Саҳеҳи Бухорӣ, ҷ.10, саҳ.97, Саҳеҳи Муслим, ҷ.1, саҳ.134).

[2] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Саҳеҳи Бухорӣ, ҷ.11, саҳ.252).

[3] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Саҳеҳи Муслим, ҷ.1, саҳ.119).

[4] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Саҳеҳи Бухорӣ, ҷ.2, саҳ.150).

[5] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Саҳеҳи Бухорӣ, ҷ.2, саҳ.151).

[6] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Муқаддимаи Мақолот‒ул‒исломийини Ашъарӣ).

[7] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Равзат‒ут‒толибин, ҷ.1, саҳ.130, Асно ал‒матолиб, ҷ.3, саҳ.282).

[8]‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Ал‒иқтисод фил‒эътиқод, ҷ 1, саҳ.81).

[9] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Ал‒баҳр‒ур‒роиқ, ҷ.13, саҳ.487 ва 488).

[10]‒ Ҳошияи Рад‒ул‒муҳтор, ҷ.3, саҳ.428.

[11] ‒ Сураи Ҳуҷурот, ояти 9.

[12] ‒ Ал‒эътисом, Шотибӣ, ҷ.3, саҳ.33 ва 35.

[13]‒ Ба хотири риояти ихтисор тамоми гуфтори Аллома Юсуф Қарзовиро наовардем, хоҳишмандон метавонанд бо муроҷиа ба пойгоҳи шахсии Аллома ва ё пойгоҳи http://taghrib.ir/persian/?pgid=7&scid=15&dcid=37846тамоми ин гуфторро қироат намоянд.

Бахш: Ваҳдати исломӣ | Просмотров: 1158 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz