Шанбе, 20.04.2024, 00:12
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 19 » Ислом ва сиёсат (2)
Ислом ва сиёсат (2)
18:24

Таваққуфе дар баробари

шубуҳоти бархе аз “рўшанфикрон

Касоне будаанд ва ҳастанд - ва барои худ номи “рўшанфикр” ҳам мегузоранд - ки барои тавҷеҳи ҷудоии дин аз сиёсат шубуҳотеро матраҳ месозанд, ки нишондиҳандаи адами дарк ва фаҳми дурусти онҳо ҳам аз дини ислом аст ва ҳам аз сиёсат.

Онҳо муддаӣ ҳастанд, ки қаламрави дин ва қаламрави сиёсат, ду қаламрави комилан аз ҳам бегона ва аз ҳам ҷудост. Дин қаламраве дорад, ки сиёсат набояд ҳарими онро бишканад ва дар муқобил сиёсат қаламрави махсуси худро дорад, ки барои дин сазовор нест, ки по дар дохили ҳарими он бигузорад. Дар тафсири ин назария баромада ва мегўянд муҳимтарин маъмурияти дин иборат аст аз равона сохтани таваҷҷўҳи башарият ба сўи олами боло ва маънавият ва пок кардани ў аз чиркинии моддиёт ва олами поён ва оростани инсонҳо бо ахлоқи волои инсонӣ. Бинобарин дин, ки чунин маъмуриятеро дорад, ҳар вақт худро бо чизе аз чиркинии олами поён олуда созад, қадосаташ аз эътибор соқит гардида ва аз анҷоми маъмурияте, ки бар ўҳда дорад, нотавон мегардад. Ба назари онҳо дин болотар ва бузургтар аз он аст ки по ба ҳарими олудаи сиёсат бигузорад. Ва аз сўе қаламрави сиёсат, аз дидгоҳи онҳо, сару кор доштан бо олами поён ва ғавғоҳои он аст ки олуда бо анвоъи чиркиниҳост.

Сарчашмаи ин навъ шубуҳот, агар нагўем аз рўи ғараз ва бо ангезаҳои ҳадафманд матраҳ мешавад, метавонад се чиз бошад:

а) Ошноии кофӣ надоштан аз ислом аз сўе ва таъсирпазирӣ аз андешаҳо ва бардоштҳои “рўшанфикрон”-и ғайри исломӣ дар бораи робитаи дин бо сиёсат аз сўи дигар ва дар натиҷа умумият додан ба он бардоштҳо дар қаламрави дини мубини Ислом;

б) Доштани мафҳуме ғалат аз “сиёсат” дар зеҳнҳо;

в) Таъсирпазирӣ аз рафтору кирдори баъзе аз “диндорони сиёсӣ”.

   

Матлаби аввал

Мавзеъгирии рўҳониёни дини масеҳӣ дар баробари пешравиҳои илмӣ ва олимони улуми табиӣ дар асрҳои миёна барои касе пўшида нест. Бо шиори дифоъ аз дин, даҳҳо олимонро ба хоку хун кашида ва бо кашфиётҳои илмӣ ба ин далел, ки бо маорифи илоҳӣ созгор нестанд, ба мубориза бархоста буданд. Ин мавзеъгирии ғалат, ки аз бардошти нодуруст аз дин сарчашма гирифта буд ва аз сўе ҳам худи дини масеҳият аз асос таҳрифу тағйир ёфта ва тавоноии посухгўӣ ба муқтазаёти асрро надошт, боис гардид мавҷе аз динзудоӣ ва динситезӣ саросари Аврупоро фаро бигирад ва ҳамон тавр ки медонем саранҷом бо наҳзати “реннесанс” поён ёфта ва руҳоният ба куллӣ аз саҳна берун ронда шуданд.

Ин падида мўҷиби тазалзули фикрии бисёре аз рўҳониёни масеҳӣ дар он замон шуда буд. Онҳо худро дар сари дуроҳии аҷибе медиданд, ки паймудани ҳар яке бо тарки дигарӣ барояшон гарон тамом мешуд. Аз сўе медиданд, ки наметавонанд ба ҳамин роҳатӣ бо дину Худову Масеҳ хайру хуш намоянд, зеро дин, ба навбати худ аз асосҳо ва пояҳои мантиқӣ ва фитрии нерўманде бархўрдор буд ва аз сўи дигар, наметавонистанд бо часпидан ба дин – ҳамон дине, ки худро бо додаҳои илмӣ носозгор медид – аз ҳақоиқи рўшан ва мутқани илмии он рўз, ки ҳаққонияташ мисли хуршед барои хурду калон возеҳ шуда буд, сарфи назар кунанд.

Ин ҷо буд, ки ба фикри ҷудоӣ қоил шудан миёни қаламрави дин ва қаламрави илм ва умури дунёии мардум афтоданд ва ба пиндори хеш бо ин роҳ мехостанд ҳам динро нигаҳ доранд ва барояш ҷойгоҳ ва нақш бидиҳанд ва ҳам ҷойгоҳи илму пешравиро ҳифз намоянд. Яке аз матолибе, ки ин тарҳ дарбар дошт, дахолат надодан ба дин дар умури сиёсӣ буд ва дахолат дар шуъуни сиёсиро берун аз қаламрави дин тафсир мекард.

Албатта шарҳу тафсили ин бардошт аз дин, ки бар чӣ асос ва пояҳо ва бар кадом мантиқ устувор аст, баҳси дуру дарозест, ки намехоҳем вориди он шавем ва дар ҷои худ бояд мавриди баҳс қарор бигирад.

Баъзе аз “рўшанфикрон”-и мусулмон, ки аз тарафе аз ислом ошноии кофӣ надоранд ва аз сўе пешравӣ ва тақаддуми чашмгири ҷаҳони Ғарб чашмашонро хира кардааст ва мебинанд, ки ҷаҳони Шарқ ҳанўз ҳам дар ботлоқи “хурофоти динӣ” қарор дорад, ба андешаи роҳандозии як наҳзати “реннесанс”-е шабеҳи реннесанси Аврупо афтода ва нуқтаи оғози ин наҳзатро тарҳи андеша ва назарияи “ҷудоии қаламрави дин ва сиёсат” муаррифӣ мекунанд.

Пешниҳод барои инҳо ин аст ки аввалан қабл аз иқдом ба тарҳи ин назария, андаке бо маорифи исломӣ ва таърихи тамаддуни исломӣ ошноӣ пайдо кунанд, ки оё ислом дорои ҳамон шароите, ки заминаи роҳандозии инқилоби реннесанс дар Аврупои асри миёнаро ба вуҷуд оварда аст, мебошад ё намебошад? Оё метавон дар манобеъ ва сарчашмаҳои асили исломӣ ба матлабе бархўрд, ки бо илм, тақаддум ва пешравиҳо носозгор бошад? Оё медонанд, ки решаи наҳзати илмии реннесанс дар Аврупо ҷаҳони ислом ва армуғонҳоест, ки уламои исломӣ бо илҳом аз таълимоти Қуръон ва дастуроти паёмбари акрам(с) ба башарият пешкаш кардаанд? Ин сухани танҳо мо мусулмонон нест, балки уламо ва мутафаккирони боинсофи ғарбӣ ҳам ба он эътироф кардаанд.

Он замон ки Ибни Синоҳо, Ибни Рушдҳо, Беруниҳо, Форобиҳо ва садҳо мутафаккирон ва донишмандони дигари исломӣ дар маҷолоти мухталифи улум ва фунуни башарӣ (понсад сол қабл аз зуҳури инқилоби реннесанс) навовариҳо оварда ва барои инсоният пешкаш мекарданд, оё касе аз уламои динӣ ва ё ҳокимони исломии он замон ба далели таоруз ва зиддияти назариёти ишон бо маорифи исломӣ, садди роҳи онҳо шудаанд? Балки ин донишмандон қабл аз ҳама, худ аз ҷумлаи рўҳонияти динӣ ба шумор мерафтанд ва аз ҳеҷ касе аз ишон нақл нашуда, ки гуфта бошанд ислом бо ин ва ё он масъалаи илмӣ зиддият дорад.

Ин, ки ҷаҳони ислом дар он замон гаҳвораи тамаддуни башар ба ҳисоб рафта ва ҷаҳони башарият, аз ҷумла олами Ғарбро аз ҷоҳилият ва ваҳшигарӣ наҷот додааст, матлабест рўшан мисли хуршед ва касе наметавонад онро инкор намояд.

Агар дини масеҳият натавониста бо пешравӣ ва тамаддун ҳамсўӣ кунад, гуноҳи ислом чист, ки биёем айни ҳамон рафторе, ки бо масеҳият шуда, бо ислом кунем? Агар масеҳият худро аз дахолат додан дар умури сиёсӣ ба ин баҳона, ки ҳарими қудсии “дин” бояд аз ҳар гуна олудагиҳо дур нигаҳ дошта шавад, ба дур карда, чаро мо биёем айни ҳамин корро ба ҳамин баҳонаи бемаънӣ, бо ислом анҷом бидиҳем?

Агар ислом тавониста - ҳам аз лиҳози назарӣ ва ҳам дар амал – дин ва сиёсатро паҳлўи ҳам қарор дода ва сиёсатро тибқи таълимот ва муқаррарот ва “боядҳо” ва “набоядҳо”-и осмонӣ пеш бибарад, ба чӣ сабаб биёем ва аз ў ин лаёқат ва тавоноияшро салб намоем?

 

Матлаби дуввум

Сабаби дигари ин эътиқод, доштани мафҳуми ғалат аз “сиёсат” дар зеҳн аст. Гуфтем, ки мафҳуми сиёсат мафҳуми печидае нест. Сиёсат яъне тадбир, идора ва назм бахшидан ба умури ҷомеа. Дар баҳсҳои баъдӣ дидгоҳи сиёсии Исломро дар бораи чигунагии идора ва тадбири умури ҷомеа мавриди баҳс қарор дода ва хоҳем гуфт, ки муҳимтарин рукни сиёсатро дар ислом адолат ташкил медиҳад ва риояти адолат аз дидгоҳи Ислом, фақат бо сар додани шиори хушку холӣ нест, балки садоқат доштан ва гуфтору шиор хилофи кирдор набудан ҳам акидан мавриди таваҷҷўҳи ислом аст.

Аммо мутаассифона ин мафҳуми сода аз сиёсат, назди бисёре аз сиёсатмадорон, коршиносони улуми сиёсӣ ва ҳатто дар зеҳнҳои ағлаби мардум як мафҳуми печидаеро ташкил медиҳад, ки вақте бозаш мекунем, мебинем дар лобалои он, ба коргирии фиреб, найранг, дастёзӣ ба василаҳои нопок барои расидан ба аҳдофи “пок” ба далели “аҳдоф васоилро тавҷеҳ мекунад” ва ғайра бо мафоҳиме ба зоҳир зебо гунҷонида шуда. Ин аст ки хеле аз “рўшанфикрон” ва аҳёнан баъзе аз диндорони содалавҳро ҳам водор карда ба ин ки барои дифоъ аз ҷойгоҳи дин ва ба истилоҳ шикаста нашудани ҳарими дин, мўътақид ба фасл ва ҷудоии дин аз сиёсат шаванд.

Мушкили инҳо ин аст ки бовар кардаанд, ки сиёсат ҷуз ин нест. Албатта аз сўе ҳам шояд кўтоҳӣ аз худи инҳо набошад, зеро амалан дидаанд ва мебинанд, ки сиёсатмадорон ва ҳокимони ҷомеа рафторашон дар идораи умури иҷтимоъ ба ҳамин сурат идома дорад. Барои расидан ба мақоме ва ё барои ба дастоварии мансабе аз ҳеҷ василае, ки барои таҳаққуқ бахшидан ба ҳадафашон лозим бошад, даст барнамедоранд. Кадом сиёсатмадор ва ё ҳокимеро суроғ доштаанд, ки ба ваъдаҳои худ вафо карда бошад? Дар вуҷуди кадом як аз онҳо садоқат ва ростгўиро мушоҳида кардаанд? Дар кадом як аз донишгоҳҳо ва ё муассисоти сиёсӣ, аз сиёсат таърифе ба ҷуз таърифи печида ва олудае, ки баён гардид, шуда бошад? Ҳамаи ин умур боис гардида бовар кунанд, ки сиёсат ҳамин аст ва ҷуз ин нест.

Агар дар воқеъ сиёсат ҳамин бошад, дар ин сурат дуруст аст, ки мўътақид шавем дин, ки ҷуз покиву покизагӣ нест, набояд ҳарими поки худро бо он олуда намояд. Вале масъала ин ҷост, ки чӣ касе гуфта, ки сиёсат ҷуз ин набошад? Магар аз осмон ваҳй шуда, ки эй мардум агар бихоҳед даст ба умури сиёсӣ бизанед, чорае надоред ҷуз он ки ба васоили фиребу найранг мутавассил бишавед? Магар маҳол ва имконнопазир аст касе дар ин олам вуҷуд дошта бошад, ки агар бихоҳад даст ба кори сиёсат занад, бо садоқат, ростгўӣ, адолат ва ахлоқи волои инсонӣ ҳам дар гуфтор ва ҳам дар кирдор, сиёсат намояд?

Магар паёмбарони илоҳӣ ва роҳрафтагон дар масири ишон амалан собит накардаанд, ки ин кор маҳол нест? Пешниҳоди мо ин аст ки нигоҳе ба таърихи паёмбар (с), таърихи садри ислом ва сира ва равиши ёрони бовафои он ҳазрат афканед ва бибинед, ки амалан дар бурҳае аз замон ҷомеаи башарият сиёсатро бо дин ҳамсў ва дар канори ҳам дида ва ҳарими ҳар ду яке буда ва пок. Пас аз фатҳи Макка ва пирўзӣ бар Қурайш, паёмбари ислом(с) тамоми бадиҳое, ки Қурайш дар тўли бист сол нисбат ба худи ў муртакиб шуда буд нодида гирифт ва ҳамаро бахшид. Аммо дар ҳамон фатҳи Макка зане аз Бани Махзум муртакиби дуздӣ шуда буд. Хонадони он зан, ки аз ашрофи Қурайш буданд ва иҷрои ҳадди дуздиро тавҳине ба худ талаққӣ мекарданд, сахт ба такопў афтоданд, ки расули Худо(с) аз иҷрои ҳад сарфи назар кунад. Баъзе аз обрўмандони ҷомеаро ба миёнҷигарӣ миёни худ ва паёмбар(с) барангехтанд, вале ранги расули Худо(с) аз хашм афрўхта шуд ва гуфт: Чӣ ҷои миёнҷигарист, магар қонуни Худоро метавон ба хотири афрод таътил кард? Ҳангоми асри он рўз дар миёни ҷамъ суханронӣ кард ва фармуд:

Қавмҳо ва миллатҳои пешин аз он ҷиҳат суқут карданд ва аз байн рафтанд, ки дар иҷрои қонуни Худо табъиз мекарданд. Ҳаргоҳ яке аз зўрон ва мансабдорон муртакиби ҷурму ҷиноят мешуд, мавриди авф қарор мегирифт ва агар заиф ва зердасте муртакиб мешуд, муҷозот мешуд. Савганд ба Худое, ки ҷонам дар дасти ўст, дар иҷрои адолат дар бораи ҳеҷ кас сустӣ намекунам ҳарчанд аз наздиктарин хешовандони худам бошад.[1]

Алӣ(а) ҳангоме ки мардум ўро барои хилофат баргузиданд, дар аввалин суханронии хеш фармуд:

...агар ин муроҷеаи паёпай ва байъати боисрори мардум ва аҳди парвардигор набуд, ҳаргиз ин ҳукуматро намепазируфтам. Аҳде, ки Худо аз огоҳон гирифта ва масъулияте, ки бар ўҳдае онон ниҳода, ки бар серии ғоратгарони шикамкалон ва гуруснагии мазлумони пўст бар устухон часпида таҳаммул накунанд ва ҳаққи мазлумро аз золими таҷовузгар бистонанд ва ба ў бозгардонанд. Агар ин аҳди илоҳӣ набуд ва умед ба ҳимояти мазлумон надоштам, ҳаргиз ин ҳукуматро намепазируфтам. Савганд ба Худо арзишҳо ва мақомҳои дунёвӣ назди ман беарзиштарин чизҳост, беарзиштар аз оби бинии буз.[2]

Ин аст барномаи сиёсии Алӣ (а), аммо танҳо шиори холӣ нест, зеро хелеҳо ҳастанд, ки инчунин шиор додаанд ва медиҳанд. Алӣ(а) амалан рўи барномаи худ истод ва риояти ҷониби ҳеҷ касро нанамуд. Чанд нафар аз саҳобагон, ки дар замонҳои қабл аз хилофати Алӣ(а) молу амволи зиёдеро ҷамъ намуда ва дар воқеъ мисдоқи “ғоратгарони шикамкалон” шуда буданд, дар оғоз суханони Алӣ (а)-ро хеле ҷиддӣ нагирифтанд. Вале вақте фардои ҳамон рўз диданд, ки Алӣ(а) бо касе шўхӣ надорад ва аз онҳо мутолибаи баргардондани амвол ба байтулмолро мекунад, суханони эътирозомез миёни якдигар зада ва шурўъ ба танқиди равиши сиёсии Алӣ(а) намуданд. Вақте ин сару садоҳо ба гўши Алӣ(а) расид, болои минбар баромада фармуд:

...аммо бидонед, ки ман ҳаққи мардуми мазлум ва маҳрумро аз инон бозмеситонам ва аз ин пас саҳми ҳамаи мусулмононро аз байтулмол ба таври баробар хоҳам дод. Мабодо теъдоде дар мақоми эътироз бигўянд: “Алӣ моро аз ҳаққамон маҳрум кард.” Ман имрўз сареҳан эълом мекунам, ки тамоми имтиёзҳоро лағв хоҳам кард, ҳатто имтиёзи ҳамроҳӣ доштан бо паёмбарро…[3]

Ин буд, ки ин теъдод ба эътирози хушку холӣ иктифо накарда ҳатто даст ба шамшер бурданд ва иддаи зиёдеро гумроҳ сохта ва ба ҷанги Алӣ(а) тарғиб намуданд, ки дар натиҷа ҷанги маъруфи “Ҷамал” сурат гирифт.

Алӣ(а) ҳаргиз даст аз ормонҳои хеш барнадошт ва ҳеҷ чизе садди роҳи ў намешуд. Дар он замонҳо ҳам касоне будаанд, ки сиёсат аз дидгоҳи онҳо ба ҳамин мафҳуми печидае, ки гуфтем олуда бо фиребу найранг аст, будааст. Бинобарин ба Алӣ чунин машварат медоданд, ки чаро аз ҳад зиёд сахтгирӣ мекунад, каме ҳавсала ба харҷ дода ва ба обрўмандони ҷомеа аз худ нармӣ нишон диҳад, коре накунад, ки онҳо аз атрофи Алӣ пароканда шаванд, ки ҳаргиз ба маслиҳати сиёсии кишвар нест, чӣ мушкил пеш мебиёд агар ба онҳо аз байтулмол каме бештар аз дигарон дода шавад, чӣ мушкил дорад агар Муовия, ки аз бузургони Қурайш аст ва тарафдорони бисёр дорад, ба мансаби хеш (волигии Шом) боқӣ гузошта шавад ва Алӣ исрори зиёд бар азли ў аз мансабаш наварзад?

Вале Алӣ(а) дар посухи ин мушовирони “хайрхоҳ” мефармуд:

Чӣ басо шахсе ба тамоми пешомадҳои оянда огоҳ аст ва тариқи макру ҳиларо хуб медонад, вале фармони илоҳӣ ва наҳйи парвардигор монеъи ўст ва бо ин ки қудрат бар анҷоми он дорад, онро ошкоро раҳо мекунад. Вале он кас, ки аз гуноҳ ва мухолифати фармони ҳақ парвое надорад, аз ҳамин фурсатҳо (ва макру ҳилаҳо дар расидан ба аҳдофи сиёсияш) истифода менамояд.[4]

Аммо дар муқобил равиши сиёсии Муовия ба гунае дигар буд. Барои расидан ба аҳдофаш аз ҳеҷ василае даст барнамедошт. Баъзеҳоро бо пул мехарид ва баъзеи дигарро бо руъбу ваҳшат метарсонид ва бо ин роҳҳо тавониста буд пояҳои ҳукуматашро дар Шом тақвият намояд. Ин рафтор ва тактикаи ў хелеҳоро ба эъҷоб оварда буд ва мегуфтанд: Ҳаққо, ки Муовия сиёсатмадортар аз Алист. Алӣ(а) дар посухи инон мефармояд:

Савганд ба Худо, Муовия аз ман сиёсатмадортар нест. Ў найранг мезанад ва даст ба гуноҳ меандозад. Агар найранг нописанд ва ношоиста набуд, ман сиёсатмадортарини мардум будам...”[5]

Хулоса ин ки сиёсат метавонад сиёсати пок ва беолоише бошад агар шахси сиёсатмадор шахси порсо ва худотарс бошад ва ислом дар матни воқеъ ин матлабро собит намудааст ва ҳамакнун ҳам агар барои таълимоти исломӣ заминаи иҷро дода шуда ва дар раъси ҳукумати исломӣ афроди ботақво ва парҳезгор қарор гиранд, ислом тавонии худро дар идораи ҷомеа бар пояи муқаррароти одилонаи исломӣ амалан ба исбот хоҳад расонид.         

 

Матлаби севвум

Иллати дигари қоил шудан ба фасли дин аз сиёсат, таъсирпазирӣ аз рафтору кирдори баъзе аз диндорон ва рўҳониёнест, ки дар аъмол ва фаъолиятҳои сиёсӣ аҳёнан даст ба фиребу найрангу дурўғгўӣ задаанд ва ё мезананд. Яъне воқеъан дида шуда ва дида мешавад, ки баъзе аз касоне ки либоси динӣ бар тан доранд, вақте зимоми умури сиёсӣ ба дасташон воқеъ мешавад, дар амал ҳеҷ фарқе бо соири сиёсатмадорон намекунанд. Аз ҳамон васоиле, ки дигарон истифода мекарданд, истифода менамоянд, аҳдоф барои инҳо ҳам васоилро тавҷеҳ месозад масалан агар бо фурўши маводди мухаддир битавонанд ба аҳдофашон ноил шаванд, ба ин кор даст мезананд ва ё агар маслиҳати “сиёсӣ” эҷоб кунад, бар сари мизе, ки дар он шароб ҳаст, менишинанд ва ғайра.
Албатта ин кирдору рафтори баъзеҳо ҳаргиз муҷаввизи ин нест, ки бигўем беҳтар аст дин аз сиёсат ҷудо бошад. Чӣ бисёр пизишкони баде ҳастанд, ки ба сабаби ҷаҳолаташон ҷони садҳо беморон ба дасти онҳо аз байн бурда шуда, вале ин кор ҳаргиз муҷаввизи ин набуда ва нест, ки бигўем пас пизишкӣ бояд аз миён рахт бандад.


[1]- Саҳеҳ Муслим, ҷ. 5, с. 114.

[2]- Нақл аз “Омўзиши дин”-и Иброҳими Аминӣ, ҷ. 4, с. 169.

[3]- Манбаъи пешин, ҷ. 4, с. 170.

[4]- Наҳҷул-балоға, хутбаи 41.

[5]- Наҳҷул-балоға, хутбаи 191

Бахш: Ислом ва сиёсат | Просмотров: 1165 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz