Панҷшанбе, 25.04.2024, 21:58
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 19 » Таваккул
Таваккул
16:29

Таваккул

Аз ахлоқи ҳамида ва аз мақомоти соликон, яке таваккул аст. Таваккул, яъне вогузорӣ ва эътимод. Он ҷо ки мегӯяд ба Худо таваккул кардам, яъне корамро ба Худо вогузор намудам ва ба Ӯ эътимод намудам.

Бар асоси тавҳид, ҳар мӯъмине бояд ба ягонагии Худо ва шарик надоштани Ӯ дар зот, сифот, халқ, тадбир ва ибодат эътиқод дошта бошад. Тавҳид дар халқ ин аст, ки мӯъмин бояд мӯътақид бошад, ки Худо ягона холиқи ҳастӣ аст ва ҷуз Ӯ офаридгоре вуҷуд надорад:

 

قُلِ اللّهُ خَالِقُ كُلِّ شَيْءٍ

 

Бигӯ: офаринандаи ҳама чиз Худост.[1]

Ва тавҳид дар тадбир ин буд, ки мӯъмин бояд мӯътақид бошад, ки идораи ҷаҳон танҳо дар дасти Худованд аст, коргардон ва тадбиркунандаи олами ҳастӣ, фақат Ӯст:

 

قُلْ مَن يَرْزُقُكُم مِّنَ السَّمَاء وَالأَرْضِ أَمَّن يَمْلِكُ السَّمْعَ والأَبْصَارَ وَمَن يُخْرِجُ الْحَيَّ مِنَ الْمَيِّتِ وَيُخْرِجُ الْمَيَّتَ مِنَ الْحَيِّ وَمَن يُدَبِّرُ الأَمْرَ فَسَيَقُولُونَ اللّهُ فَقُلْ أَفَلاَ تَتَّقُونَ

 

Бигӯ: Кист, ки шуморо аз баракоти осмону замин ризқу рӯзӣ медиҳад? (Оё ҷуз Худо?) Кист, ки молики гӯшҳо ва чашмони шумост? (Оё ҷуз Худо?) Кист, ки зиндаро аз мурда ва мурдаро аз зинда берун меорад? (Оё ҷуз Худо?) Кист, ки тадбири идора (‒и олами ҳастӣ) мекунад? (Оё ҷуз Худо?) Он гоҳ (мушрикон нохудогоҳ) мегӯянд: Худост. Бигӯ: Пас чаро парвои Худо надоред?[2]

Яъне ҳамаи корҳо ба дасти Худованд аст. Ӯст, ки ризқу рӯзӣ медиҳад, Ӯст, ки мемиронад ва зинда мекунад, Ӯст, ки касеро бихоҳад иззат медиҳад ва касеро бихоҳад хор месозад ва хулоса ҳамаи корҳоро Ӯ анҷом медиҳад. Пас банда бояд фақат ба Ӯ такя кунад, танҳо аз Ӯ ризқу рӯзӣ биталабад, фақат ба Ӯ умед бандад ва танҳо аз Ӯ битарсад, на ин ки ризқу рӯзияшро дар дасти бандагоне мисли худаш бидонад ва на ба махлуқоте монанди худаш умед бандад ва на аз мавҷудоте мисли худаш битарсад. Ин аст маънои таваккул ба Худо.

Худованди Таоло мефармояд:

 

وَعَلَى اللّهِ فَتَوَكَّلُواْ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ

 

Танҳо ба Худо таваккул кунед агар мӯъмин ҳастед.[3]

Ва ҳам мефармояд:

 

وَعَلَى اللّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُتَوَكِّلُونَ

 

Танҳо ба Худо таваккул бикунанд таваккулкунандагон.[4]

Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармудааст:

 

لَوْ أَنَّكُمْ تَتَوَكَّلُونَ عَلَى اللهِ حّقَّ تَوَكُّلِهِ لَرَزَقَكُمْ كَمَا يَرْزُقُ الطَّيْرَ تَغْدُو خِمَاصاً وَتَرُوحُ بِطَاناً.

 

Агар шумо ҳақиқатан ба Худованд таваккул намоед, Худованд рӯзии шуморо мерасонад чунон ки мурғонро рӯзӣ мерасонад, ки субҳ гуруснаад ва шаб сер.[5]

Ва ҳам мефармояд:

 

مَنِ انْقَطَعَ إِلَى اللهِ عَزَّ وَجَلَّ كَفَاهُ اللهُ تَعَالَى كُلَّ مَؤُنَةٍ وَرَزَقَهُ مِنْ حَيْثُ لا يَحْتَسِبُ، وَمَنِ انْقَطَعَ إِلَى الدُّنْيَا وَكَلَهُ اللهُ إِلَيْهَا.

 

Ҳар кӣ аз ҳама чиз бурида ва ба Худо бипайвандад, Худованд тамоми харҷҳои зиндагии ӯро таъмин менамояд ва аз ҷое, ки гумон намебурд рӯзиаш медиҳад. Аммо ҳар кӣ (аз Худо бурида ва) ба дунё бипайвандад, Худованд ӯро ба дунё вогузор мекунад.[6]

Аммо инро бидон, ки маънои таваккул ба Худо ин нест, ки банда дар расидан ба муроди хеш, ба асбоб ва васоил пушт карда ва як ҷо дароз бихобад ва бигӯяд, ки Худоё! Худат ризқу рӯзиям бидеҳ, зеро танҳо рӯзидиҳанда Ту ҳастӣ. Чунин коре, ба қавли Имом Ғазолӣ (раҳматуллоҳи алайҳи), айни ҷаҳолат ва нодонӣ ва дуруст нафаҳмидани маънои таваккул ба Худост.

Маънои ҳақиқии таваккул ба Худо аз дидгоҳи шариат, ин аст, ки банда тамоми асбоб ва муқаддимотеро, ки ба анҷом расидани коре бастагӣ ба онҳо дорад ба амал оварда, вале анҷоми онро ба дасти ин асбоб ва васоил надонад, балки ба дасти Худо бидонад.

Боре як аъробӣ шутури худро раҳо кард ва мехост ба дунболи кораш биравад. Ҳазрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аз ӯ савол кард, ки чаро чунин кардӣ ва онро набастӣ, ки фирор накунад? Ӯ гуфт: Ба Худо таваккул кардам. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба ӯ фармуд:

 

إِعْقِلْ وَتَوَكَّلْ

 

Аввал онро бубанд, сипас таваккул бикун.[7]

Ривоят шудааст, ки зоҳиде аз шаҳр дур шуд ва дар домани кӯҳ иқомат гузид ва гуфт: Аз касе чизе наметалабам то Парвардигорам худаш ризқу рӯзиямро бирасонад. Ҳафт рӯз дар он ҷо монд ва наздик буд, ки бимирад, вале рӯзияш нарасид. Гуфт: Парвардигоро! Агар маро зинда гузорӣ, он рӯзиеро, ки худ қисмати ман қарор додаӣ бароям бирасон, вагарна маро бимирон. Он гоҳ Худованди Мутаол барояш чунин илҳом намуд: Савганд ба иззатам, ки туро рӯзӣ нарасонам то он ки худ биравӣ ва вориди шаҳр шуда байни мардум нанишинӣ. Ӯ бархост ва дохили шаҳр шуд ва нишаст. Сипас яке барояш таом овард ва дигаре обаш дод. Ӯ бихӯрд ва биошомид... Он гоҳ Худованди Мутаол барояш илҳом кард: Бо зуҳди худ дар дунё, хостӣ, ки ҳикмати ман беҳуда гардад? Оё надонистаӣ, ки Ман агар бандаамро ба дасти мардум (яъне аз тариқи асбоб ва васоили оддӣ) рӯзӣ бидиҳам, бароям беҳтар аст аз он ки бевосита ба дасти қудрати худ ӯро рӯзӣ расонам?[8]

Яъне Худо худ чунин хостааст, ки корҳои Ӯ дар ин дунё, аз тариқи асбоб ва васоил анҷом пазирад.

Аммо сирри он ки банда дар айни тавассул ба асбоб ва васоил, бояд танҳо ба Худо таваккул кунад ва анҷоми корро танҳо ба дасти Худо бидонад, на ба дасти асбоб ва васоил, ин аст, ки ҳарчанд тамоми корҳои олами ҳастӣ ‒ ҳатто ҳамин корҳои ихтиёрии мо инсонҳо низ, ки ба иродаи худ анҷом медиҳем ‒ ба хосту иродаи Худо анҷом мегирад ва ҷуз Ӯ анҷомдиҳандае нест ва ҳамаи корҳои олам, корҳои Ӯст, вале ирода ва хости Худованди Мутаол дар анҷоми корҳояш чунин аст, ки он корҳоро аз тариқи асбоб ва васоил анҷом диҳад.

Масалан: агар Худо бихоҳад чизеро бисӯзонад, онро аз тариқи оташ месӯзонад. Ва ё агар бихоҳад касеро сероб кунад, ӯро аз тариқи об сероб мекунад. Ва ё агар бихоҳад мевае ба вуҷуд оварад, онро аз тариқи дарахт падид меоварад ва ҳоказо. Ва ин Худост, ки барои оташ хусусияти сӯзонданро бахшида ва барои об хусусияти сероб карданро ва барои дарахт мева рӯёниданро ва барои инсон хусусияти ирода карданро ва ғайра.

Ҳамон тавре ки тамоми мавҷудоти олами ҳастӣ дар асли вуҷудашон ба Худо вобаста ҳастанд ва Ӯст, ки онҳоро ба вуҷуд оварда, ҳамин тавр тамоми осор ва хусусиятҳои онҳо низ (ки худи Худованд ба онҳо бахшида) ба Ӯ вобаста аст ва Ӯ ҳар лаҳза метавонад монеи таъсири онҳо шавад.

Агар ин нуктаро хуб фаҳмида бошӣ, он гоҳ хоҳӣ донист, ки анҷоми корҳоро ба дасти васоил донистан, чӣ нодонӣ ва чӣ ҷаҳолат аст!

Имом Ғазолӣ (раҳматуллоҳи алайҳи) барои фаҳмондани ин ҳақиқат, мисоли хубе мезанад. Ӯ мегӯяд: мисоли касе, ки дар миёни уқёнус бар киштӣ савор буда ва баногаҳ тӯфоне бихезад ва киштиро ба такон оварад ва киштӣ наздик ба ғарқ шудан гардад, вале баъд аз чанд лаҳза тӯфон биистад ва он гоҳ ӯ бигӯяд, ки ин истодани тӯфон буд, ки моро наҷот дод, на ин ки бигӯяд ин Худо буд, ки моро наҷот бахшид, (мисоли чунин касе) мисоли он касеро монад, ки ӯро барои сар аз танаш ҷудо кардан биёваранд, вале баногаҳ подшоҳ имзо бар афви ӯ гузорад ва ӯ наҷот ёбад ва он гоҳ он кас бигӯяд, ки ин қалам буд ва ё ин ранг буд ва ё ин варақе, ки имзо бар он гузорида шудааст буд, ки маро наҷот дод ва таваҷҷӯҳе ба худи подшоҳ, ки имзо гузоридааст надошта бошад. Ин нодон фаромӯш карда, ки қаламу давоту варақу ранг ҳамагӣ ҷуз васоиле нест, ки подшоҳ кори худро аз тариқи онҳо анҷом дода.

Дар ин ҷаҳони паҳновар низ ин хуршеду моҳтобу ситорагону борону абру замину ҳайвоноту ҷамодот ҳамагӣ мусаххар ва дар қабзаи қудрати Худованди қодиру тавоно ҳастанд ва ҳар он чи Ӯ бихоҳад анҷом диҳанд ва аз худ ҳеҷ чиз надошта бошанд:

 

وَمَا رَمَيْتَ إِذْ رَمَيْتَ وَلَكِنَّ اللّهَ رَمَى

 

Он гоҳ ки тир (ба сӯи душман) партоб кардӣ, ин ту набудӣ, ки партоб кардаӣ, балки Худованд аст, ки партоб карда.[9]


[1]‒ Сураи Раъд, ояти 16.

[2]‒ Сураи Юнус, ояти 31.

[3]‒ Сураи Моида, ояти 23.

[4]‒ Сураи Иброҳим, ояти 12.

[5] ‒ Эҳёи улуми дин, Ғазолӣ, ҷ.4, саҳ.382.

[6] ‒ Ҳамон манбаъ.

[7] ‒ Ахлоқ, Абдуллоҳи Шуббар, саҳ.313.

[8] ‒ Эҳёи улуми дин, Ғазолӣ, ҷ.4, саҳ.417.

[9]‒ Сураи Анфол, ояти 17.

Бахш: Ахлоқи исломӣ | Просмотров: 960 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz