|
Аслӣ » Нақди ақоиди ваҳҳобият
Суханони фуқаҳои ҳанафӣ дар бораи дархости шафоат
1. Соҳиби китоби “Фатҳ‒ул‒қадир” зимни баёни чигунагии зиёрати қабри шарифи ҳазрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мефармояд:
...
идома »
|
Мафҳуми “шафоат” дар Ислом
Шояд касе пайдо нашавад, ки бо мафҳуми “шафоат”, ҳарчанд ба таври иҷмолӣ, ошноӣ надошта бошад. “Шафоат” ҳамон восита шудан аст. Масалан вақте касе ба номи Аҳмад дар ҷое (масалан дар маҳкама) ба мушкиле бархўрад ва худ натавонад аз он мушкил раҳоӣ ёбад, аз касе ба номи Саид бихоҳад восита шуда, ўро аз он мушкил наҷот диҳад, мегўянд: Саид дар ҳаққи Аҳмад шафоат кард.
...
идома »
|
Шавоҳид аз Қуръон ва суннат
Далелҳои фаровоне аз Қуръон ва суннат дорем, ки ҳикоят аз сухан гуфтан бо вафотёфтагон мекунад. Масалан дар достони ҳазрати Солеҳ (алайҳис‒салом) бо қавмаш омадааст, ки вақте қавм аз дастури Худо дар бораи шутур сарпечӣ карда ва онро нобуд сохтанд ва ба Солеҳ гуфтанд, ки агар паёмбар ҳастӣ, азобе, ки ба мо ваъда дода будӣ биёвар, сипас зилзилаи сахте ононро фаро гирифт ва дар асари он онҳо дар хонаҳои хеш беҷон афтода
...
идома »
|
Эътироз
Салафиҳо вақте бо чунин оят ва ривоятҳое рўбарў мешаванд, фавран мегўянд: Аввалан: мо мункири ин нестем, ки метавон аз бандаи солеҳе дархост кард, ки бароямон дуо кунад, ки ҳоҷатамон бароварда шавад, балки он чи мавриди инкори мо аст, ин восита қарор додани шахси бандаи солеҳ ва ё обрў ва ё ҳаққи ў дар пешгоҳи Худо барои баровардани ҳоҷат аст. Ҳадиспажўҳи маъруфи салафиҳо Шайх Носируддин Албонӣ мегўяд:
...
идома »
|
Тазаккури як матлаби муҳим
Қабл аз зикри оят ва ривоятҳое дар ин мавзўъ, лозим аст ба як матлаби хеле муҳим дар ин замина ишора намоем. Он ин ки баъзеҳо мегўянд: Қатъи назар аз машрўъ будан ва ё машрўъ набудани асли мавзўи тавассул ба паёмбарон ва авлиё барои тақарруб ба Худо ва ё бахшоиши гуноҳон ва ё баровардани ҳоҷот, худи эътиқод ба чунин асле, яъне эътиқод ба ин ки паёмбарон ва авлиё дасти моро хоҳанд гирифт ва воситаҳое бароямон дар умури
...
идома »
|
Эътироз
Шояд ин ҷо салафӣ бароямон эътироз кунад, ки шумо моро нафаҳмидед. Мо мегўем баъзе аз корҳо чунинанд, ки бо восита анҷом мегиранд мисли ҳамин мавриде, ки зикр кардед. Аммо баъзе корҳоро Худо худ бевосита анҷом медиҳад мисли баровардани дархости ҳоҷатманд. Магар Худо худ дар Қуръон нафармудааст:
...
идома »
|
Дидгоҳи Ибни Абдулваҳҳоб дар бораи “дуо”
Қабл аз баррасии мафҳуми “дуо” (нидо ва хондан) аз дидгоҳи Ислом, сазовор аст дидгоҳи Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар бораи дуоро аз назар бигузаронем. Ӯ мўътақид аст, ки ҳар кас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ё яке аз солеҳон ва авлиёи Худоро бихонад, мушрик ва кофир аст ва рехтани хуну моли ў мубоҳ аст:
...
идома »
|
Нигоҳе ба оятҳои қуръонӣ
Қуръони Карим ҳам, ки дар оятҳои зиёде амали мушриконро сарзаниш мекунад, ба хотири ин аст, ки онон ба улуҳият ва ё рубубияти бутҳои худ мўътақид буданд ва ҳар як аз бутҳоро, ё илоҳ медонистанд ва ё дар амре аз умур, раб ва мудаббир меангоштанд. Мисоли он ки мўътақид буданд бутҳояшон дорои шаъни улуҳият мебошанд, оятҳои зерин аст:
...
идома »
|
Мафҳуми “ибодат” аз назари Ислом
“Ибодат” дар луғати араб муодили лафзи “парастиш” дар забони тоҷикист. Уламои луғат барои “ибодат” маъноҳои мухталифе кардаанд. Баъзе аз онҳо гуфтаанд: “Ибодат ба маънои хузўъ (курниш) ва тазаллул (хорӣ) аст”,
|
Оё тавҳиди мавриди назари Ислом,
фақат дар тавҳиди ибодӣ маҳдуд аст?
Ҳамон тавре ки дар оғози баҳс ишора шуд, Ибни Абдулваҳҳоб ширки мушрикони арабро танҳо дар адами эътиқод ба тавҳид дар ибодат
...
идома »
|
|
|
|
Тақвими мавзӯъҳо |
« Апрел 2024 » | Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш | 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
|
Назарсанҷӣ |
Ҳамагӣ: 1 Меҳмонон: 1 Корбарон: 0 |
|