Шанбе, 23.09.2017, 12:16
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
[ Пайкҳои ҷадид · Ширкаткунандагон · Қоидаҳои форум · Ҷустуҷӯ · RSS ]
Страница 1 из 11
Форум » Масоили ақоидӣ » Ақидаи мусулмон » Сифатҳои Худо
Сифатҳои Худо
istaravshaniТаърих: Панҷшанбе, 20.11.2008, 23:47 | Паём # 1
Admin
Гурӯҳ: Администраторы
Паёмҳо: 7
Репутация: 0
Статус: Offline
Бидон, ки Худо сифоти зиёде дорад, ки машҳуртарини онҳо ба ин шарҳ аст:
1. Худо олим аст, яъне Ӯ ба ҳама чиз огоҳ аст ва ҳеҷ чиз аз ӯ пинҳон нест:

وَاعْلَمُواْ أَنَّ اللّهَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ

Бидонед, ки Худованд ба ҳама чиз доност.
2. Худо қодир аст, яъне Ӯ бар ҳама чиз тавоност:

وَاللّهُ عَلَىَ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

Худо бар ҳама чиз тавоност.
3. Худо зинда ва қадиму азалӣ аст, яъне ҳамеша буда ва вуҷуди Ӯ на оғозе дорад ва на поёне. Ӯ мисли мо инсонҳо нест, ки оғозу поён дошта бошад:

هُوَ الْحَيُّ لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ

Ӯст, ки зинда аст ва маъбуде ҷуз Ӯ нест.

هُوَ الْأَوَّلُ وَالْآخِرُ وَالظَّاهِرُ وَالْبَاطِنُ وَهُوَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ

Ӯ худ оғозу поён аст ва зоҳиру ботин аст ва Ӯ ба ҳар чиз огоҳ аст.
4. Худо самиъ аст, яъне ҳар чиро мешунавад:

وَهُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ

Ӯст шунаво ва огоҳ.
5. Худо мурид аст, яъне Ӯ соҳибирода аст, ҳар кореро бихоҳад анҷом медиҳад ва касе натавонад Ӯро бар анҷоми коре водор кунад:

إِنَّمَا أَمْرُهُ إِذَا أَرَادَ شَيْئًا أَنْ يَقُولَ لَهُ كُنْ فَيَكُونُ

Ҳамоно фармони Ӯ вақте чизеро ирода кунад, фақат ин аст, ки ба он мегӯяд: “Мавҷуд бош”, ҳамон лаҳза он чиз мавҷуд мешавад.
6. Худо содиқ аст, яъне ҳар чи мегӯяд рост аст:

وَمَنْ أَصْدَقُ مِنَ اللّهِ حَدِيثًا

Чӣ касе дар гуфтор, аз Худо ростгӯтар аст?
7. Худованд шарик надорад, яъне Ӯ дар зот ягона аст ва дуюмӣ барояш қобили тасаввур нест:

مَا اتَّخَذَ اللَّهُ مِن وَلَدٍ وَمَا كَانَ مَعَهُ مِنْ إِلَهٍ إِذًا لَّذَهَبَ كُلُّ إِلَهٍ بِمَا خَلَقَ وَلَعَلَا بَعْضُهُمْ عَلَى بَعْضٍ سُبْحَانَ اللَّهِ عَمَّا يَصِفُونَ

Худо ҳаргиз фарзанде барои худ нагирифта ва худои дигаре бо Ӯ нест. Зеро агар чунин мебуд, ҳар як аз худоён махлуқоти худро тадбиру идора мекарданд ва он гоҳ баъзе аз худоён бар баъзеи дигар бартарӣ меҷустанд (ва ҷаҳон ба табоҳӣ кашида мешуд). Пок аст Худо аз тавсифе, ки онҳо мекунанд.

لَوْ كَانَ فِيهِمَا آلِهَةٌ إِلَّا اللَّهُ لَفَسَدَتَا فَسُبْحَانَ اللَّهِ رَبِّ الْعَرْشِ عَمَّا يَصِفُونَ

Агар дар осмону замин худоёне ҷуз Аллоҳ буд, замину осмон фосид мешуданд (ва низоми ҷаҳон ба ҳам мехӯрд). Пок аст Худо, парвардигори арш, аз тавсифе, ки онҳо мекунанд.
8. Худованд одил аст ва ба ҳеҷ кас ситам намекунад:

وَمَا ظَلَمْنَاهُمْ وَلَكِن كَانُواْ أَنفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ

Мо бар онон ситам накардем, балки (агар вориди ҷаҳаннам шуданд), худашон ҳастанд, ки (бо анҷоми гуноҳон) бар худ ситам мекарданд.
9. Худо ғанӣ аст, яъне Ӯ бениёз аст. Худо мисли мо инсонҳо нест, ки сар то по ниёзмандем:

يَا أَيُّهَا النَّاسُ أَنتُمُ الْفُقَرَاء إِلَى اللَّهِ وَاللَّهُ هُوَ الْغَنِيُّ الْحَمِيدُ

Эй мардум! Ҳамагӣ ба Худо ниёзмандед ва Худост, ки зоти бениёз аст ва сазовори ситоиш.
10. Худо зоти бемонанд аст, яъне ҳеҷ чиз монанди Ӯ нест. Худо мисли мо инсонҳо нест, ки дасту по дошта бошад, монанди мо нест, ки ҷою макон дошта бошад:

لَيْسَ كَمِثْلِهِ شَيْءٌ

Чизе монанди Худо нест.
Агар гӯянд: Агар Худо чунин аст, ки мегӯяд, пас чаро дар Қуръон мехонем, ки фармудааст:

الرَّحْمَنُ عَلَى الْعَرْشِ اسْتَوَى

Худои Раҳмон бар арш истиво дорад, яъне Худо бар тахт қарор дорад?
Гӯем: Қуръон ба забони арабии фасеҳ нозил шудааст. Фасеҳ яъне расо. Зебоӣ ва расоии ҳар забоне дар адои маъное, ба ин аст, ки дар он аз тамоми фунуни адабӣ мисли маҷозу истиораву киноя истифода шавад.
Масалан мо дар тоҷикӣ барои касе, ки саховатманд бошад мегӯем: Ӯ дасти кушоде дорад. Оё ҳар тоҷике, аз ин иборат чунин мефаҳмад, ки он шахс воқеан дасти паҳно ва кушоде доштааст, ё ин ки ба гуфтаи адибон, дасти кушод, киноя аст аз саховатмандии ӯ. Шакке нест, ки маънои дуюм мавриди назар аст.
Қуръон ҳам чунин аст. Аз ин рӯ муфассирони воқеӣ, дар тафсири ояти истиво бар арш, яъне қарор доштани Худо бар тахт, гуфтаанд:
“Истиво бар арш, киноя аз подшоҳ шудан аст. Дар мавриди касе, ки подшоҳ мешавад, мегӯянд: Фалонӣ бар кишвар истиво пайдо кард ё мегӯянд: Фалонӣ бар тахт нишаст. Муродашон подшоҳ шудани ӯст, ҳарчанд бар тахт нанишинад. Ба ин ҷиҳат аз подшоҳ шудан чунин таъбир кардаанд, ки чун дар далолат, расотар аз ин аст, ки бигӯянд: Фалонӣ подшоҳ шуд. Ин таъбир монанди он аст, ки бигӯянд: Фалонӣ дасти кушоде дорад ва ё Фалонӣ дасти танге дорад, ба ин маъно, ки якумӣ саховатманд аст ва дуюмӣ бахил...”
Пас истиво бар арш барои Худо, киноя аз подшаҳии Ӯст бар мулку малакут. Худо ҳар гуна ки худ бихоҳад, ҳамон тавр тасарруф мекунад:

قُلِ اللَّهُمَّ مَالِكَ الْمُلْكِ تُؤْتِي الْمُلْكَ مَن تَشَاء وَتَنزِعُ الْمُلْكَ مِمَّن تَشَاء وَتُعِزُّ مَن تَشَاء وَتُذِلُّ مَن تَشَاء بِيَدِكَ الْخَيْرُ إِنَّكَ عَلَىَ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

Бигӯ: Бор Худоё! Эй подшаҳи подшоҳӣ! Ба ҳар кӣ хоҳӣ, подшоҳӣ медиҳӣ ва аз ҳар кӣ хоҳӣ, подшоҳӣ бозмеситонӣ, ҳар киро хоҳӣ, бузургӣ ва арҷмандӣ медиҳӣ ва ҳар киро хоҳӣ, хору залил мекунӣ. Некиҳо ҳама ба дасти туст, ки Ту бар ҳама чиз тавоноӣ.

 
Форум » Масоили ақоидӣ » Ақидаи мусулмон » Сифатҳои Худо
Страница 1 из 11
Поиск:

Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz