Шанбе, 23.09.2017, 12:07
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
[ Пайкҳои ҷадид · Ширкаткунандагон · Қоидаҳои форум · Ҷустуҷӯ · RSS ]
Страница 1 из 11
Форум » Масоили ақоидӣ » Ақидаи мусулмон » АҚИДАИ ҲАР МУСАЛМОН (АҚИДАИ ҲАР МУСАЛМОН)
АҚИДАИ ҲАР МУСАЛМОН
AliТаърих: Панҷшанбе, 20.11.2008, 14:22 | Паём # 1
Рядовой
Гурӯҳ: Пользователи
Паёмҳо: 2
Репутация: 0
Статус: Offline


А]ҚИДАИ ҲАР МУСАЛМОН

Добавлено (20.11.2008, 14:22)
---------------------------------------------

بسم الله الرحمن الرحيم


Саволи-1. Барои чи Худованд моро офаридааст?
Чавоби-1. Худованд моро офаридааст, то Ўро ибодат намоем ва ба Ў касе ё чизеро шарик насозем.
Худованд мефармояд:
"و ما خلقت الجنّ و الإنس إلاّ ليعبدون"
[سورة الذاريات:56]
"Чинҳою инсонҳоро фақат барои ибодати худ офаридам".
(Сураи Зориёт:56)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"حق الله على العباد أن يعبدوه و لا يشركوا به شيئاً" (متفق عليه)
"Ҳаққи Худованд бар бандагон ин аст, ки Ўро ибодат кунанд ва ба Ў касе ё чизеро шарик қарор надиҳанд".
(Бухори ва Муслим)
Саволи-2. Чигуна Худовандро ибодат намоем?
Чавоби-2. Худовандро холисона ба он тарзе, ки Ў ва паёмбараш саллаллоҳу алайҳи ва саллам амр кардаанд, ибодат намоем.
Худованд мефармояд:
"و ما أمروا إلاّ ليعبدوا الله مخلصين له الدين"
[سورة البيّنة:5]
"Ва амр карда нашуданд, магар ин ки Худоро холисона, дар дини ислом ибодат кунанд".
(Сураи Баййина:5)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"من عمل عملاً ليس عليه أمرنا فهو ردّ"
( رواه مسلم)
"Касе амалеро ичро кунад, ки он амал мувофиқи амри мо нест, пас он амал номақбул аст".
(Муслим)
Саволи-3. Оё Худовандро аз рўи тарсу умед ибодат кунем?
Чавоби-3. Оре, Ўро аз дўзахаш тарсида ва ба чаннаташ умедвор шуда ибодат мекунем.
Худованд мефармояд:
"وادعوه خوفاً و طمعاً"
[سورة الأعراف:56]
"Худоро бо тарсу умед ибодат кунед". (Сураи Аъроф:56)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"أسأل الله الجنّة وَ أعوذُ بِهِ مِن النّار"
(رواه أبو داود )
"Аз Худованд биҳиштро мепурсам ва ба Ў аз азоби дўзах паноҳ мечўям".
(Абў Довуд)
Саволи-4. Эхсон дар ибодат чист?
Чавоби-4. Худовандро чунон ибодат кун, хамчуноне, ки Ўро мебини. Агар ту Ўро набини Ў туро мебинад.
Худованд мефармояд:
"إنّ الله كان عليكم رقيباً"
[سورة النّساء:1]
"Ҳароина Худованд муроқиби амалҳои шумост".
(Сураи Нисо:1)
Худованд мефармояд:
"الّذي يَراك حين تقوم"
[سورة الشعراء:218]
"Он зоте, ки туро мебинад, вакте, ки (барои намоз) бармехези".
(Сураи Шуъаро:218)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"الإحسان أن تعبد الله كأنّك تراه فإن لم تكن تراه فإنّه يراك"
(رواه مسلم)
"Эҳсон ин аст, ки Худоро чунон ибодат намои гуё, ки Ўро мебини. Агар ту Ўро набини Ў туро мебинад".
(Муслим)
Саволи-5. Барои чи Худованд паёмбаронро фиристодааст?
Чавоби-5. Худованд паёмбаронро фиристонд, то мардумро ба ибодати Ў даъват намоянд ва онҳоро аз ширк боздоранд.
Худованд мефармояд:
"ولقد بعثنا في كلِّ أمَّةٍ رَسُولاً أن اعبُدُوا الله وَاجْتنِبُوا الطَّاغُوت"
[سورة النحل:36]
"Ва ҳароина дар ҳар уммат паёмбаре фиристодем, то Худоро ибодат кунед ва аз тоғут дури чуед".
(Сураи Наҳл:36)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"والأنبياء إخوَةٌ و دينهُمْ واحِدٌ"
(متّفق عليه)
"Паёмбарон бародаранд ва дини онҳо як аст". Яъне: Дини ҳамаи онҳо тавҳид ва ягонапарасти аст.
(Бухори ва Муслим)

 
AkbarТаърих: Шанбе, 22.11.2008, 15:06 | Паём # 2
Сержант
Гурӯҳ: Пользователи
Паёмҳо: 25
Репутация: 0
Статус: Offline
Чаро Худо моро офаридааст? (1)

Дар ҷавоб бояд гӯем, ки Худо аз забони Мӯсои Калим (алайҳис салом) дар посух ба Фиръавн, ки аз ӯ пурсид: Парвардигори шумо кист, эй Мӯсо? мегӯяд:

قَالَ رَبُّنَا الَّذِي أَعْطَى كُلَّ شَيْءٍ خَلْقَهُ ثُمَّ هَدَى

Парвардигори мо он касест, ки ҳар чизеро он чунон ки шоиста аст офарид, сипас ӯро роҳнамоӣ ва ҳидоят кард.
Яъне Худо махлуқотро офарид ва дар офариниши онҳо он чиро, ки мебоист ба онҳо бидиҳад дод, (масалан: инсонро офарид ва барои ӯ ақлу гӯшу чашму ғайраро дод, зеро инсон барои зистан ба ин чизҳо ниёз дорад), баъд онҳоро ба ҳоли худашон нагузошт, балки ҳидоят ва роҳнамоияшон намуд.
Агар пурсанд: Роҳнамоӣ ба сӯи чӣ?
Мегӯем: Ба сӯи камолашон. Масалан: ба як хӯшаи гандум нигоҳ кун, ки ҳаёташ аз як нуқта оғоз шуда ва ба сӯи камол ҳаракат мекунад, ба ин шарҳ, ки тухме аз он зери хок қарор мегирад ва бо кӯмаки обу ҳаво ва ҳарорату нури хуршед шукуфта мешавад ва сипас танаву барг аз худ мебарорад ва хӯша мекунад ва дар охир, ки ҳамон камоли ниҳоии ӯст, тақрибан ҳафтсад дона гандум аз он ба вуҷуд меояд.
Агар ба ҳамаи махлуқот назар андозем, мебинем ҳамин қонун дар ҳамаи онҳо ҳукмфармо мебошад. Ин аст, ки мегӯем: Ҳадаф аз офариниши ҳар махлуқе, ба камол расидани он аст.
Агар пурсанд: Оё гандумро дар ин ҳаракаташ, яъне ҳаракаташ ба сӯи камол, Худо роҳнамоӣ ва ҳидоят мекунад?
Мегӯем: Оре, чунин аст. Аммо инро бидон, ки ҳидояти Худо ду гуна аст: умумӣ ва хусусӣ.
Ҳидояти умумӣ он аст, ки Худо дар дохили ҳар мавҷуде, як қувва ва нерӯе мегузорад, ки ин қувва он мавҷудро, бе он ки худи он мавҷуд бифаҳмад, ба сӯи камолаш роҳнамоӣ мекунад. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Худо калимаи “ваҳй”‒ро ҳамчунон ки дар мавриди инсонҳо ба кор бурдааст, дар мавриди ҳайвонот, наботот ва ҳатто ҷамодот низ ба кор бурдааст. Ба унвони мисол: дар мавриди ҳидояти занбӯри асал мефармояд:

وَأَوْحَى رَبُّكَ إِلَى النَّحْلِ أَنِ اتَّخِذِي مِنَ الْجِبَالِ بُيُوتًا وَمِنَ الشَّجَرِ وَمِمَّا يَعْرِشُونَ. ثُمَّ كُلِي مِن كُلِّ الثَّمَرَاتِ فَاسْلُكِي سُبُلَ رَبِّكِ ذُلُلاً يَخْرُجُ مِن بُطُونِهَا شَرَابٌ مُّخْتَلِفٌ أَلْوَانُهُ فِيهِ شِفَاء لِلنَّاسِ إِنَّ فِي ذَلِكَ لآيَةً لِّقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ

Парвардигори ту ба занбӯри асал ваҳй кард, ки аз кӯҳҳову дарахтону аз он чи мардум барои токҳо месозанд, барои худ хонаҳое бисоз. Сипас аз ҳамаи меваҳо бихӯр ва роҳи парвардигоратро фармонбардорона бипаймо. Он гоҳ аз даруни шикамаш шаҳде, ки ба рангҳои гуногун аст берун меояд. Дар он (яъне дар асал) барои мардум дармонест. Ростӣ дар ин (зиндагии занбӯрҳо) барои мардуме, ки тафаккур мекунанд, нишонаи (қудрати илоҳӣ) аст.
Аммо ҳидояти хусусӣ, фақат барои инсонҳо мебошад ва он ин ки Худо барои расондани инсонҳо ба камолашон, ба сӯи онҳо паёмбароне аз ҷинси худи инсонҳо мефиристад, то роҳи камолро барои инсонҳо нишон диҳанд ва ҳам дасти онҳоро гирифта ва ба сӯи камолашон роҳнамоӣ кунанд.
Инро ҳам бидон, ки фарқи инсон бо дигар махлуқот дар паймудани роҳи камол ин аст, ки махлуқот дар паймоиши роҳ маҷбуранд, вале инсон маҷбур нест, балки Худо ӯро дар ин ҷиҳат соҳибихтиёр гузоштааст:

إِنَّا خَلَقْنَا الْإِنسَانَ مِن نُّطْفَةٍ أَمْشَاجٍ نَّبْتَلِيهِ فَجَعَلْنَاهُ سَمِيعًا بَصِيرًا. إِنَّا هَدَيْنَاهُ السَّبِيلَ إِمَّا شَاكِرًا وَإِمَّا كَفُورًا

Мо инсонро аз нутфаи омехтае офаридем, то ӯро мавриди имтиҳон ва озмоиш қарор диҳем ва (барои ин ки роҳи камолашро бипаймояд) ӯро шунаво ва бино қарор додем (яъне барои вай гӯшу чашм ато намудем). Албатта роҳ (‒и саодат ва камоли ӯ)‒ро ҳам нишон додем. Он гоҳ ин худи ӯст, ки ё сипосгузор аст ва ё кофири неъмат. (Яъне ё роҳи саодат ва камоли худро хоҳад паймуд ва ё куфрони неъмат карда, аз роҳ бероҳа хоҳад шуд).

Добавлено (22.11.2008, 15:06)
---------------------------------------------
Чаро Худо моро офаридааст? (2)

Камоли инсон чист?
Мегӯем: Камоли инсон, тақарруб ва наздикӣ ба Худост:

أَلاَ بِذِكْرِ اللّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ

Огоҳ бошед, ки фақат ба ёди Худо дилҳо оромиш пайдо мекунад.
Агар гӯянд: Шумо гуфтед камоли инсон дар тақарруб ба Худост. Яъне Худо инсонҳоро офарида то ба Худо наздик шаванд. Аммо дар Қуръон, Худо ҳадаф аз офариниши инсонро, ибодати Ӯ дониста мефармояд:

وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ

Инсону ҷинро наофаридам магар ин ки Маро ибодат кунанд.
Гӯем: Ин оят бо он чи гуфтем мунофоте надорад. Ҳадафи Худо аз инсон, ҳамон тақарруб ва наздикии ӯст ба Худо ва ҷуз бо ёди Худо, инсон саодате намеёбад. Аммо бидон, ки тақарруби Худо, ҷуз аз тариқи ибодат ва парастиши холисонаи Ӯ ҳосил намеёбад. Дар воқеъ Худо дар ин оят ҳадафи миёнаро, ки худ ба ҳадафи ниҳоӣ мерасонад баён кардааст.
Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки дар ояти дигаре, ҳадаф аз барпоии намозро, ки аълотарини ибодатҳост, ёди Худо дониста мефармояд:

وَأَقِمِ الصَّلَاةَ لِذِكْرِي

Намозро барпо дор ба хотири ёди Ман.

 
AliТаърих: Чоршанбе, 26.11.2008, 19:21 | Паём # 3
Рядовой
Гурӯҳ: Пользователи
Паёмҳо: 2
Репутация: 0
Статус: Offline

Саволи-6. Тавҳиди улуҳият чист?
Чавоби-6. Тавҳиди улуҳият ягона донистани Худованд дар ибодат аст. Мисли дуо ва назр ва ҳукм.
Худованд мефармояд:
"فاعلم أنّه لا إلهَ إلاّ الله"
[سورة محمّد:19]
"Пас яқин бидон, ки хеч маъбуде чуз Худованд нест".
(Сураи Муҳаммад:19)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"فليكن أوّل ما تدعوهم إليه شهادة أنْ لا إله إلاّ الله" (متّفق عليه)
"Пас аввалин чизе, ки мардумро ба сўи он даъват мекуни, шаҳодати ло илоҳа иллаллоҳ, яъне ҳеч маъбуде чуз Аллоҳ таъоло нест".
(Бухори ва Муслим)
Саволи-7. Маънои "Ло илоҳа иллаллоҳ" чист?
Чавоби-7. Ғайр аз Аллоҳ таъоло дигар маъбуди барҳақ нест.
Худованд мефармояд:
"ذلك بأنّ الله هو الحقّ و أنّ ما يدعون من دونه الباطل" [سورة لقمان:30]
"Ин корҳо ба ин сабаб аст, ки Худованд зотест собиту барҳақ ва ончи ба ғайри Худованд мепарастанд, ботилу беасл аст".
(Сураи Луқмон:30)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"من قال لا إله إلاّ الله و كفر بما يعبد من دونه حَرُمَ مالُهُ و دمُهُ"
(رواه مسلم)
"Касе (Ло илоҳа иллаллоҳ) яъне: (Ҳеч маъбуде чуз Аллоҳ таъоло нест) бигўяд ва ба худоёне, ки ғайр аз Ў парастида мешаванд, куфр варзад, молу хуни ў бар мусалмонон ҳаром мегардад".
(Муслим)
Саволи-8. Тавҳиди асмо (номҳо) ва сифот (сифатҳо)-и Худованд чист?
Чавоби-8. Собит намудани ному сифатҳое, ки Худованд ба он худро васф намудааст ё ин ки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам Худовандро ба он ному сифатҳо васф кардаанд.
Худованд мефармояд:
"ليس كَمِثلِهِ شيءٌ و هوَ السميعُ البصير"
[سورة الشُورى:11]
"Ҳеч чиз монанди Худованд нест ва Ў шунавову бино аст".
(Сураи Шуро:11)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"ينزل ربّنا تبارَكَ وَ تَعالى فِي كلِّ ليلةٍ إلى السماء الدُنْيا" (متّفق عَلَيْه)
"Худованди таборак ва таъоло ҳар шаб ба осмони дунё мефарояд".
(Бухори ва Муслим)
Фаромадани Худованд ба азамату бузургии Ў лоиқ аст. Фаромадани Ў мисли фаромадани бандагон нест. Мо кайфийяту чигунагии онро намедонем.
Саволи-9.Фоидаи тавҳид ва ягонапарасти барои мусалмон чист?
Чавоби-9. Дар дунё ба роҳи рост, ҳидоят ёфтан ва дар охират аз азоб эмин мондан аст.
Худованд мефармояд:
"الّذين آمنُوا و لَمْ يلبسوا إيمانَهم بِظامٍ أولئكَ لَهُم الأمنُ و هم مهتَدُون"
[سورة الأنعام:82]
"Касоне, ки имон оварданд ва имони худро ба ширк наёмехтанд, эмини барои онҳост ва онҳо ҳидоятёфтагонанд".
(Сураи Анъом:82)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"حَقّ العِبادِ عَلى اللهِ أنْ لايُعَذِّبَ مَن لايُشْرِكُ بِهِ شيئاً" (متّفق عليه)
"Ҳаққи бандагон бар Худованд ин аст, ки касе, ки ба Ў шарик наорад, ўро дар дўзах азоб надиҳад".
(Бухори ва Муслим)
Саволи-10. Худованд кучост?
Чавоби-10. Худованд дар осмон, дар болои арш аст.
Худованд мефармояд:
"الرَّحمنُ عَلى الْعرشِ اسْتَوى"
[سورة طه:5]
"Худованди меҳрубон бар болои арш қарор дорад".
(Сураи Тоҳо:5)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"إنّ اللهَ كَتَبَ كِتاباً إنّ رحمَتِي سبقت غَضَبي فَهُوَ مكتوُبٌ عِنْدَهُ فوق الْعَرش"
(رواه البخاري)
"Худованд китоберо навишт, ки он раҳматам аз ғазабам боло шуд. Ва он навишташуда дар нашди Ў, болои арш буд."
(Бухори)

Добавлено (26.11.2008, 19:17)
---------------------------------------------

Добавлено (26.11.2008, 19:21)
---------------------------------------------



Саволи-11. Оё Худованд бо зоти худ бо мост ё бо илму доноияш бо мост?
Чавоби-11. Худованд ба илми худ бо мост, моро мешунавад ва мебинад.
Худованд мефармояд:
"قالَ لا تَخافا إنّني مَعَكُما أسْمَعُ و أرى"
[سورة طه:46]
"Худованд гуфт: Натарсед. Ман бо шумо ҳастам. Мешунаваму мебинам". (Сураи Тоҳо:46)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"إنّكُمْ تدْعُون سَمِعاً قَرِيباً وهو مَعَكُمْ"
(رواه مسلم)
"Ҳароина шумо шунавандаи наздикро дуо мекунед ва Ў бо ҳамроҳи шумост".
(Муслим)
Саволи-12. Бузургтарин гуноҳ чист?
Чавоби-12. Бузургтарин гуноҳ ширки акбар аст.
Худованд мефармояд:
"إنَّ الله لا يَغْفِرُ أنْ يُشْرَكَ بِهِ وَيَغْفِرُ ما دُونَ ذلكَ لِمَن يَشاء"
[سورة النساء:48]
"Худованд ширкро намебахшад ва ғайр аз ширк гуноҳони дигарро барои касе бихоҳад, мебахшад".
(Сураи Нисо:48)
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам-ро пурсиданд:
أيّ الذَنْب أعْظم؟
Бузургтарин гуноҳ кадом аст?
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар чавоб гуфтанд:
"أنْ تَدْعُوَ للهِ نِدّاً وهو خَلَقَكَ"
(رواه مسلم)
"Ин ки барои Худованд касе ё чизеро шарик сози, дар ҳоле, ки Ў туро офаридааст".
(Муслим)
Саволи-13. Ширки акбар чист?
Чавоби-13. Ичро намудани ибодат барои ғайри Худо, мисли қурбони кардан барои гайри Худо, дуо ва ёри талабидан аз ғайри Худо ва ғайра.
Худованд мефармояд:
"قُلْ إنّما أدْعُوا رَبّي ولا أشْرِكُ بِهِ أحَداً"
[سورة الجن:20]
"(Эй паёмбар) бигў: "Танҳо парвардигорамро мепарастам ва ҳеч касро ба Ў шарик намесозам"".
(Сураи Чин:20)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"أكْبَرُ الْكَبائر الإشْراك بِاللهِ"
(رواه البخاري)
"Бузургтарини гуноҳон ширк овардан ба Аллоҳ таъоло аст".
(Бухори)
Саволи-14. Зарари ширки акбар чист?
Чавоби-14. Инсон ба сабаби ичро намудани ширки акбар, дар дузах абади боқи мемонад.
Худованд мефармояд:
"إنّهُ مَنْ يُشْرِكْ باللهِ فَقَدْ حَرَّمَ اللهُ علَيْهِ الجَنّةَ وَمَأواه النار"
[سورة المائدة:72]
"Касе, ки ба Худованд шарик қарор дихад, Худованд бихиштро бар ў ҳаром мегардонад ва чои ў дўзах аст".
(Сураи Моида:72)
Инчунин паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
"مَنْ ماتَ يُشْرِكُ بِاللهِ شَيْئاً دَخَلَ النارَ"
(رواه مسلم)
"Ҳар, ки бимирад дар ҳоле, ки ба Худованд касе ё чизеро шарик қарор дихад, ба дўзах дохил хоҳад шуд". (Муслим)
Саврли-15. Оё амали солеҳ бо вучуди ширк фоидае дорад?
Чавоби-15. Амали солеҳ бо вучуди ширк ҳеч фоидае надорад.
Худованд мефармояд:
"ولوْ أشركوا لَحَبِطَ عَنْهُمْ ما كانُوا يَعْمَلُون"
[سورة الأنعام:88]
"Ва агар ба Худо ширк оваранд, албатта амалҳои онхо нобуд шуда аз байн меравад".
(Сураи Анъом:88)
Паёмбар саллаллоху алайхи ва саллам гуфтанд: Худованд мефармояд:
"مَنْ عَمِلَ عَمَلاً أشرَكَ مَعي فِيهِ غَيْري تَرَكْتُهُ وَ شركَه"
(حديث قدسي رواه مسلم)
"Касе, амалеро ичро кунад ва дар он амал ба ман касеро шарик қарор диҳад. Ман ўро ва он амали мушринонаи ўро тарк мекунам".
(Ҳадиси Қудси Муслим)


Паёмро виросторӣ кард Ali - Чоршанбе, 26.11.2008, 19:21
 
Форум » Масоили ақоидӣ » Ақидаи мусулмон » АҚИДАИ ҲАР МУСАЛМОН (АҚИДАИ ҲАР МУСАЛМОН)
Страница 1 из 11
Поиск:

Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz