Сешанбе, 16.04.2024, 15:39
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
[ Пайкҳои ҷадид · Ширкаткунандагон · Қоидаҳои форум · Ҷустуҷӯ · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи Ибни Таймия ва Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб » Шиори бозгашт ба ҳувияти аслӣ (7)
Шиори бозгашт ба ҳувияти аслӣ (7)
AkbarТаърих: Шанбе, 22.11.2008, 14:36 | Паём # 1
Сержант
Гурӯҳ: Пользователи
Паёмҳо: 25
Репутация: 0
Статус: Offline
Шаҳристонӣ, соҳиби китоби “Ал‒милал ван‒ниҳал” нақл мекунад, ки салаф дар бораи сифоти илоҳӣ бо якдигар ихтилоф доштанд. Ӯ мегўяд:
“Гурўҳе аз салаф дар исботи сифоте, ки дар аҳодис ворид шудааст, ба ҳадде зиёдаравӣ карданд, ки ҳатто сифоти илоҳиро ба сифоти махлуқот ташбеҳ карданд. Гурўҳи дигар танҳо сифотеро ба Худо нисбат доданд, ки афъол бар он далолат кунад ва ҳам сифотеро, ки дар аҳодис ворид шудааст. Он гоҳ ҳамин дуюмӣ, худ ба ду даста шуданд: гурўҳе зимни исботи сифот, онро ба гунае таъвил мекарданд, ки мусталзими ташбеҳ нагардад. Гурўҳи дигар аз таъвили аҳодис худдорӣ карданд (яъне аз маслаки тафвиз пайравӣ намуданд)...” (Ал‒милал ван‒ниҳал, Муҳаммад ибни Аҳмади Шаҳристонӣ, таҳқиқи Муҳаммад Сайид Гелонӣ, Бейрут, Дор‒ул‒маърифа, ҷ.1, саҳ.92‒93)
Бинобар ин дар миёни салаф се назария: ташбеҳ, таъвил ва тафвиз матраҳ будааст. Пас чунин намебошад, ки ҳамаи онон ба маслаки тафвиз, ки назари Аҳмад ибни Ҳанбал ва ба табаи ў назари Ибни Таймия ва Ибни Абдулваҳҳоб мебошад мўътақид будаанд.
Пас ин иддао аз Ибни Таймия ва Ибни Абдулваҳҳоб, ки ақоид ва орое, ки ин ду матраҳ мекунанд, ақоиди салафи солеҳ буда ва ақоиди дигар дар ин замина ҳамагӣ баъдан пайдо шудаанд, як иддаои холӣ мебошад ва бо гузоришҳои таърихӣ созгор нест.
Ҳатто агар гуфта шавад, ки муроди салафиҳо аз салаф, танҳо гурўҳе аз салаф, яъне ҳанбалиҳо мебошанд, дар ин сурат низ метавон гуфт, ки миёни пайравони Ибни Таймия ва ҳанбалиҳо ҳам тафовутҳои зиёде вуҷуд дорад. Ҳанбалиҳо ҳеҷ гоҳ орои ҷадиди Ибни Таймия ва Ибни Абдулваҳҳобро иброз накарданд, балки дуруст бар хилофи онҳо рафтор мекунанд. Барои мисол Аҳмад ибни Ҳанбал ҳеҷ гоҳ сафар ба қасди зиёрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва бузургони дигарро ғайри ҷоиз надонистааст.
 
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи Ибни Таймия ва Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб » Шиори бозгашт ба ҳувияти аслӣ (7)
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:

Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz