Шанбе, 23.09.2017, 12:05
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
[ Пайкҳои ҷадид · Ширкаткунандагон · Қоидаҳои форум · Ҷустуҷӯ · RSS ]
Страница 1 из 11
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи Ибни Таймия ва Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб » Шиори бозгашт ба ҳувияти аслӣ (6)
Шиори бозгашт ба ҳувияти аслӣ (6)
AkbarТаърих: Шанбе, 22.11.2008, 14:35 | Паём # 1
Сержант
Гурӯҳ: Пользователи
Паёмҳо: 25
Репутация: 0
Статус: Offline
Баъд аз ошноии кўтоҳ бо ақоид ва орое, ки сарчашма дар салаф дошт, инак навбати он аст, ки бубинем даъвати Ибни Таймия ва Ибни Абдулваҳҳоб ба сўи бозгашт ба сираи салафи солеҳ, ки иддао мекунанд уммат аз он дур гаштааст, кадомин гурўҳ аз салаф аст?
Ин ду шахсият дар бисёр ҷоҳо аз китобу навиштаҳои худ тасреҳ кардаанд, ки пайрави мактаби Аҳмад ибни Ҳанбал мебошанд. Гузашта аз тасреҳи худашон, мутолиа ва баррасии ақоид ва афкори онҳо худ нишон медиҳад, ки ҳарчанд ба тамоми ақоид ва орое, ки аз Аҳмад ибни Ҳанбал нақл шудааст пойбанд намебошанд, вале ба таври қатъ метавон гуфт, ки ақоид ва орои Аҳмад ибни Ҳанбал, дар бисёре аз масоили ақоидӣ, пешинаи эътиқодии ин ду шахсият ва ба иборати дигар: ҷаҳонбинии онҳоро ташкил медиҳад.
Ин ки Ибни Таймия илми каломро рад мекард ва мутакаллимонро аҳли бидъат муаррифӣ менамуд, дар ин изҳори назар, мутаассир аз дидгоҳҳо ва орои Аҳмад ибни Ҳанбал мебошад. Вагарна дар миёни салаф касоне чун Имом Ҳасани Басрӣ ва дигарон будаанд, ки ба тасреҳи уламо, на танҳо мутакаллим, балки поягузори илми калом будаанд. Магар Имом Абулҳасани Ашъарӣ ва Имом Абўмансури Мотуридӣ, ки бо афкор ва ороашон дар боло ошно шудем бидъатгузор буданд?
Ё масалан дар мавриди сифоти хабарӣ, ки ҳам Ибни Таймия ва ҳам Ибни Абдулваҳҳоб ва ба таври куллӣ тамоми салафиҳо, онҳоро бидуни ҳар гуна таъвил ва тавҷеҳ пазируфта ва ҳар гуна ақлгароӣ дар тафсири онҳоро маҳкум мекунанд ва иддао доранд, ки сираи салаф чунон будааст, гузоришҳои таърихӣ нишон медиҳад, ки салаф дар ин масъала ‒ ҳамон тавр ки дар боло ҳам дидем ‒ дорои ақидаи воҳиде набуданд, балки бо ҳам ихтилоф доштанд ва ин ақида, ки аз сўи Ибни Таймия ва Ибни Абдулваҳҳоб ба унвони ақидаи салафи солеҳ матраҳ мешавад, фақат ақидаи мансуб ба яке аз салаф, ки Аҳмад ибни Ҳанбал аст мебошад.
Магар салаф фақат дар Аҳмад ибни Ҳанбал маҳдуд аст? Ҳоло бубинем Шаҳристонӣ дар бораи ақоиди салафи солеҳ дар бораи сифоти хабарӣ чӣ мегӯяд.
 
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи Ибни Таймия ва Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб » Шиори бозгашт ба ҳувияти аслӣ (6)
Страница 1 из 11
Поиск:

Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz