Сешанбе, 19.03.2024, 05:46
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
[ Пайкҳои ҷадид · Ширкаткунандагон · Қоидаҳои форум · Ҷустуҷӯ · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи Ибни Таймия ва Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб » Шиори бозгашт ба ҳувияти аслӣ (5)
Шиори бозгашт ба ҳувияти аслӣ (5)
AkbarТаърих: Шанбе, 22.11.2008, 14:35 | Паём # 1
Сержант
Гурӯҳ: Пользователи
Паёмҳо: 25
Репутация: 0
Статус: Offline
Ҳамзамон бо зуҳури Ашъарӣ, дар Мовароуннаҳр як ҷараёни каломии дигар зуҳур кард, ки поягузори он Имом Абўмансури Мотуридӣ (вафот соли 333 ҳ.қ) буд. Ашъарӣ дар фиқҳ пайрави Шофеӣ буд, аммо Мотуридӣ аз мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ мекард. Ҳарчанд ҷараёни каломии мотуридия дар равиш, аҳдоф ва ақоид бо ҷараёни каломии ашоира монандии бисёр дошт, аммо тафовутҳое низ бо ҳам доштанд:
1. Ашъарӣ мункири ҳусну қубҳи ақлӣ буд, вале Мотуридӣ онро мепазируфт;
2. Мотуридӣ дар заминаи ҷабру ихтиёр, ҳамчун Ашъарӣ инсонро касбкунандаи амал медонад, аммо касби Мотуридӣ ба маънои эҷоди ирода аз сўи инсон аст, на ҳамзамонии ирода бо феъли хориҷӣ;
3. Мотуридӣ руъяти Худоро мумкин медонад, лекин бар хилофи Ашъарӣ, дар ин замина далели ақлӣ ироа намедиҳад ва ба далоили нақлӣ басанда мекунад. Мотуридӣ дар баҳси истивои Худо бар Арш низ чунин мавзее дорад.
 
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи Ибни Таймия ва Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб » Шиори бозгашт ба ҳувияти аслӣ (5)
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:

Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz