Панҷшанбе, 18.04.2024, 10:01
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
[ Пайкҳои ҷадид · Ширкаткунандагон · Қоидаҳои форум · Ҷустуҷӯ · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи Ибни Таймия ва Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб » Шиори бозгашт ба ҳувияти аслӣ (4)
Шиори бозгашт ба ҳувияти аслӣ (4)
AkbarТаърих: Шанбе, 22.11.2008, 14:34 | Паём # 1
Сержант
Гурӯҳ: Пользователи
Паёмҳо: 25
Репутация: 0
Статус: Offline
Ва аммо дар бораи мазҳаби ашоира. Ашоира номест барои пайравони Имом Абулҳасани Ашъарӣ (260‒324 ҳ). Қабл аз зуҳури Имом Абулҳасан, ду ҷарёни ақоидӣ дар миёни уммати исломӣ матраҳ буд: яке мўътазила, ки дар бакоргирии равиши ақлӣ дар ақоид ифрот мекарданд ва дигаре аҳли ҳадис, ки мункири ҳар гуна истифода аз ақл дар маҷоли ақоид буданд. Дар гирудори муборизаи ин ду ҷараёни фикрӣ, мазҳаби ашъарӣ дар авоили садаи чаҳоруми ҳиҷрӣ дар пўшиши дифоъ аз ақоиди аҳли ҳадис ва ба манзури эҷоди эътидол ва нишон додани роҳи миёна ва мувофиқ бо ақлу нақл по ба майдон гузошт.
Имом Абулҳасан дар оғоз аз пайравони мактаби эътиқодии мўътазила буд, вале баъдан аз он рўй бартофта, мактаби ҷадиде барои худ поягузорӣ намуд. Ашъарӣ аз як сў, ягона манбаи ақоидро китобу суннат муаррифӣ кард ва аз ин ҷиҳат, бо мўътазила аз дари мухолифат даромад. Аммо бар хилофи аҳли ҳадис, на танҳо баҳсу истидлол дар табйин ва дифоъ аз ақоиди диниро ҷоиз мешумурд, балки онро амалан ба кор баст. Дар ҳамин росто вай китобе ба номи “Рисолатун фи истеҳсон‒ил‒хавз фи илмил‒калом” ба риштаи таҳрир даровард ва дар он ба дифоъ аз илми калом ва зарурати он пардохт. Ашъарӣ зимни асолат додан ба нақл, барои ақл нақши табйингарӣ ва низ мудофеагариро пазируфт.
Баъзе аз орои Ашъарӣ:
1. Сифоти хабарӣ: Сифоти хабарӣ монанди дасту по доштани Худо, сифоте ҳастанд, ки дар оятҳо ва аҳодис омадаанд. Ҳарчанд ақли одамӣ ба худии худ онҳоро барои Худо исбот намекунад, вале чун дар китобу суннат ворид шудаанд, аз ин рў мўъмин бояд ба онҳо имон дошта бошад, аммо ба қайди “било ташбеҳ” ва “било такйиф”, яъне ин сифотро барои Худо нисбат медиҳем, бе он ки онҳоро ба сифоти махлуқот ташбеҳ ва ё барояшон чигунагӣ ва кайфият қоил бишавем;
2. Касб: Назарияи касби Ашъарӣ, дар заминаи ҷабру ихтиёр ва тавсифи феъли ихтиёрии инсон мебошад. Касб, яъне ҳамзамонии халқи феъл бо халқи қудрати ҳодис дар инсон. Ашъарӣ худ дар ин бора менависад: “Ҳақиқат дар назди ман ин аст, ки маънои касб кардан, вуқўи феъл ҳамроҳ ва ҳамзамон бо қувваи ҳодис аст. Пас касбкунандаи феъл касест, ки феъл ҳамроҳ бо қудрати (ҳодис) дар ў эҷод шудааст”; (Мақолот‒ул‒исломийин ва ихтилоф‒ул‒мусаллин, Абулҳасани Ашъарӣ, ҷ.2, саҳ.199)
3. Каломи Худо: Каломи Худо ба ду тақсим аст: қисми аввал каломи лафзист, ки аз савту ҳуруф ташкил шуда ва ҳодис аст. Қисми дуюм каломи нафсист, ки қоим ба нафс аст ва қадим;
4. Руъяти Худо: Худованд рўзи қиёмат дида мешавад, аммо на ба монанди дида шудани дигар чизҳо;
 
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи Ибни Таймия ва Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб » Шиори бозгашт ба ҳувияти аслӣ (4)
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:

Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz