Шанбе, 23.09.2017, 12:18
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
[ Пайкҳои ҷадид · Ширкаткунандагон · Қоидаҳои форум · Ҷустуҷӯ · RSS ]
Страница 1 из 11
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи Ибни Таймия ва Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб » Шиори бозгашт ба ҳувияти аслӣ (3)
Шиори бозгашт ба ҳувияти аслӣ (3)
AkbarТаърих: Шанбе, 22.11.2008, 14:33 | Паём # 1
Сержант
Гурӯҳ: Пользователи
Паёмҳо: 25
Репутация: 0
Статус: Offline
Ҷараёни аҳли ҳадис дар асл як ҷараёни фиқҳӣ ва иҷтиҳодӣ буд. Ба таври куллӣ, фақеҳони аҳли суннат ва ҷамоат аз назари равиш ва шева, ба ду дастаи асосӣ тақсим мешуданд: дастаи аввал гурўҳе буданд, ки маркази онҳо Ироқ буд ва дар истинботи ҳукми шаръӣ, афзун бар Қуръон ва суннат, аз ақл низ ба густардатарин маънои он истифода мекарданд. Онҳо қиёсро дар фиқҳ мўътабар мешумурданд. Ин гурўҳ ба “асҳоби раъй” маъруф буданд, ки дар раъси онҳо Имом Абўҳанифа (раҳматуллоҳи алайҳи) қарор дошт.
Дастаи дигар, ки маркази онҳо сарзамини Ҳиҷоз буд, танҳо бар зоҳири Қуръон ва ҳадис такя мекарданд ва ақлро ба таври мутлақ инкор менамуданд. Инон ба “аҳл‒ул‒ҳадис” ё “асҳоби ҳадис” машҳур буданд. Имом Аҳмад ибни Ҳанбал аз маъруфтарин чеҳраи ин гурўҳ ба шумор меравад.
Аҳл‒ул‒ҳадис шеваи фиқҳии худро дар ақоид низ ба кор мегирифтанд ва ақоиди худро танҳо аз зоҳири Қуръон ва аҳодис дарёфт мекарданд. Онон на танҳо ақлро ба унвони як манбаи мустақил барои истинботи ақоид қабул надоштанд, балки ҳатто мухолифи ҳар гуна баҳси ақлӣ перомуни аҳодиси эътиқодӣ буданд. Ба иборати дигар: ин гурўҳ, ҳам мункири каломи ақлӣ буданд, ки дар он ақл манбаи мустақили ақоид аст ва ҳам мухолифи каломи нақлӣ, ки дар он аҳодис дар партави нерўи ақл тафсир мешаванд. Масалан дар мавриди ояти “Худои Раҳмон бар арш истиво дорад”, (Сураи Тоҳо, ояти 5) яъне қарор дорад, мегўянд: “Истивои Худо бар Арш маълум, кайфият ва чигунагии ин истиво маҷҳул, имон ба он воҷиб ва савол дар бораи он бидъат аст”. (Ал‒милал ван‒ниҳал, Муҳаммад ибни Аҳмади Шаҳристонӣ, таҳқиқи Муҳаммад Сайид Гелонӣ, Бейрут, Дор‒ул‒маърифа, ҷ.1, саҳ.93. Албатта ин сухан дар асл мансуб аст ба Имом Молик ибни Анас)
Ба ҳар ҳол, аҳли ҳадис бо ҳар гуна андешаварзӣ дар ҳавзаи дин мухолифат меварзиданд ва илми каломро аз асос инкор мекарданд. Аҳмад ибни Ҳанбал эътиқодномае дорад, ки дар он ақоиди асосии аҳли ҳадисро баён кардааст. Хулосаи ин эътиқоднома чунин аст:
1. Имон: қавл, амал ва ният аст. Имон дараҷот дорад ва қобили афзоишу коҳиш аст;
2. Ҳар чи дар ҷаҳон рух медиҳад, қазо ва қадари илоҳист ва инсонҳо аз қазо ва қадар гурезе надоранд. Ҳамаи афъоли инсонҳо аз ҷумла зино, шурби хамр, сирқат ва ғайра ба тақдири Худо аст ва дар ин бора касе наметавонад ба Худо эътироз кунад. Агар касе гумон кунад, ки Худо барои гунаҳкорон тоат хостааст, аммо онҳо маъсиятро ирода мекунанд, ин фард машияти бандагони гунаҳкорро бар машияти Худованд ғолиб донистааст. Ҳар кас илми Худо ба ҷаҳони ҳастиро бовар дошта бошад, бояд қазо ва қадари илоҳиро низ бипазирад;
3. Хилофат ва имомат то рўзи қиёмат аз они Қурайш аст;
4. Ҷиҳод бояд ҳамроҳи имом бошад, хоҳ имом одил бошад ё золим;
5. Намози ҷумъа, ҳаҷ ва намози идайн (иди Қурбон ва иди Фитр) ҷуз бо имом пазируфта нест, агарчи одил ва ботақво набошад;
6. Садақот, хироҷ ва файъ дар ихтиёри авлиёи амр аст, ҳатто агар золим бошанд;
7. Агар валии амр ба маъсият амр кард, набояд аз ў итоат кард, аммо хуруҷ бар валии амри ситамгар ҳам ҷоиз нест;
8. Такфири мусулмонон ба хотири гуноҳонашон ҷоиз нест, магар дар мавориде, ки ҳадисе ворид шуда бошад, мисли тарки намоз, шурби хамр ва бидъат;
9. Азоби қабр, сирот, мизон, нафхи сур, биҳишт, ҷаҳаннам, лавҳи маҳфуз ва шафоат, ҳама ҳаққанд ва биҳишту ҷаҳаннам абадӣ ва ҷовидонӣ ҳастанд;
10. Қуръон каломи Худо аст ва махлуқ нест, ҳатто алфоз ва савти қории Қуръон низ махлуқ нест ва касоне, ки Қуръонро ба ҳар шакл махлуқ ва ҳодис бидонанд, кофиранд. (Буҳусун фил‒милал ван‒ниҳал, ҷ.1, саҳ.160‒166)
 
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи Ибни Таймия ва Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб » Шиори бозгашт ба ҳувияти аслӣ (3)
Страница 1 из 11
Поиск:

Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz