Панҷшанбе, 28.03.2024, 11:43
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
[ Пайкҳои ҷадид · Ширкаткунандагон · Қоидаҳои форум · Ҷустуҷӯ · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи Ибни Таймия ва Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб » Шиори бозгашт ба ҳувияти аслӣ (2)
Шиори бозгашт ба ҳувияти аслӣ (2)
AkbarТаърих: Шанбе, 22.11.2008, 14:33 | Паём # 1
Сержант
Гурӯҳ: Пользователи
Паёмҳо: 25
Репутация: 0
Статус: Offline
Пайравон ва ҳаводорони Ибни Таймия ва Ибни Абдулваҳҳоб ба хотири ҳамон шиоре, ки дар боло ёдовар шудем, дар бораи худ унвони “салафӣ”‒ро ба кор мебаранд. “Салаф” дар луғат ба маънои “пешиниён” аст ва дар муқобили вожаи “халаф” ба маънои “дериниён” ба кор меравад. Дар фарҳанги исломӣ вақте вожаи “салаф” ба кор меравад, маъмулан саҳоба, тобеин ва муҳаддисони бузурги қарни дуюм ва сеюми қамарӣ қасд мешавад. (Ошноӣ бо фирақ ва мазоҳиби исломӣ, Ризо Биринҷкор, Ҷ.И.Эрон, Китоби Тоҳо, соли 1385, саҳ.145)
Ҳоло бояд бубинем салаф чӣ ақоид ва равише доштанд? Оё ақоид ва равиши салаф, ҳамин афкор ва равиши Ибни Таймия ва Ибни Абдулваҳҳоб аст, ки ин ду муддаӣ ҳастанд ҷомеаи исломӣ аз он дур шуда ва афкори бегона вориди он гардида, ё чунин нест?
Гузашта аз мўътазила ва шиаён, пайравони салаф ба таври куллӣ аз назари усул ва ақоид, ба се мактаби асосӣ: аҳл‒ул‒ҳадис, ашоира ва мотуридия анҷомиданд ва аз назари фиқҳ ва аҳкоми амалӣ, ба чаҳор мактаби фиқҳӣ: ҳанафӣ, шофеӣ, моликӣ ва ҳанбалӣ поён ёфтанд. Тақсимоти онҳо ба ҷиҳати фиқҳ ва аҳкоми амалӣ, иртиботе ба баҳсе, ки мавриди назари мост надорад, он чи муҳим аст тақсимоти онҳо аз назари ақоид ва усули эътиқодот мебошад.
 
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи Ибни Таймия ва Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб » Шиори бозгашт ба ҳувияти аслӣ (2)
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:

Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz