Чоршанбе, 22.11.2017, 06:26
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
[ Пайкҳои ҷадид · Ширкаткунандагон · Қоидаҳои форум · Ҷустуҷӯ · RSS ]
Страница 1 из 11
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи Ибни Таймия ва Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб » Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб
Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб
AkbarТаърих: Шанбе, 22.11.2008, 14:29 | Паём # 1
Сержант
Гурӯҳ: Пользователи
Паёмҳо: 25
Репутация: 0
Статус: Offline
Тези ислоҳии Ибни Таймия бо марги ў ва марги шогирдаш Ибни Қаййим поён ёфта буд, вале пас аз ҳудуди панҷ қарн, шахсе ба номи Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар Наҷд, (ки яке аз манотиқи нимҷазираи Арабистон ба шумор меравад) зуҳур карда ва андешаҳои Ибни Таймияро аз нав зинда намуд.
Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар соли 1115 ҳиҷрӣ дар шаҳри Уяйнаи Наҷд таваллуд ёфт. Ӯ фиқҳро назди падари худ, ки аз уламои ҳанбалӣ ва қозии шаҳр буд фаро гирифт. Вай аз оғози ҷавонӣ бисёре аз аъмоли мардуми Наҷдро зишт мешумурд. Дар сафаре, ки ба зиёрати хонаи Худо рафт, пас аз анҷоми маносик ба Мадина раҳсипор шуд ва дар он ҷо дар баробари тавассули мардум ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар назди қабри он ҳазрат, аз худ вокуниш нишон дод. Пас аз муддате ба Басра рафт ва ба мухолифат бо аъмоли динии мардум пардохт. Мардуми Басра ўро аз шаҳри худ берун ронданд. Дар соли 1139 ҳиҷрӣ, ки падараш Абдулваҳҳоб ба шаҳри Ҳаримла мунтақил шуд, ў низ ба он шаҳр рафт. Дар он ҷо миёни ў ва падараш низоу ҷидол даргирифт.
Ибни Абдулваҳҳоб низ ҳамчун муродаш Ибни Таймия бо ин иддао, ки уммати исломӣ дар замони ў аз таълимоти софи тавҳидӣ дур гашта ва афкору аъмолашон бо ширк олуда гардидааст, муҳимтарин вазифа дар тези ислоҳии худро ин донист, ки дар марҳалаи назар бояд тавҳиди соф (албатта тавҳид ба гумони худаш) баён гардад ва дар марҳалаи амал, ҷомеа аз мазоҳири ширк (ширк ба гумони худаш) поксозӣ шавад. Ӯ пас аз марги падараш дар соли 1153 ҳиҷрӣ даъвати худро ошкортар ва густардатар кард. Ҷамъе аз мардуми Ҳаримла аз ў пайравӣ карданд. Сипас ба шаҳри Уяйна рафт, аммо дар соли 1160 ҳиҷрӣ аз он шаҳр берун ронда шуд.
Сарнавишти тези ислоҳии Ибни Таймия, ки бо маргаш поён ёфта буд, гиребонгири Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб нашуд. Мутолиа ва баррасии зуҳуру инқирози гурўҳҳо ва фирқаҳо дар таърих нишон медиҳад, ки фирқаҳое, ки бозорашон равнақ пайдо карда ва имтидод ёфтаанд, фирқаҳое будаанд, ки барояшон пуштибони сиёсие пайдо шуда ва аз оро ва андешаҳои онҳо ҳимоят ба амал овардааст. Ибни Таймия, ки пуштибоне барояш пайдо нашуд, аз ин рў афкораш ҳамроҳи ў раҳсипори қабр гардида буд. Аммо дар мавриди Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб чунин нашуд. Зеро ў, ки баъд аз ронда шудан аз Уяйна, ба Даръия, яке дигар аз шаҳрҳои маъруфи Наҷд омад, мавриди ҳимоят ва пуштибонии амири Даръия Муҳаммад ибни Сауд (ниёи умарои кунунии Мамлакати Арабистони Саудӣ) қарор гирифт. Албатта ҳимояти Амир Ибни Сауд аз Ибни Абдулваҳҳоб ба ин шарт сурат пазируфт, ки дар муқобил, ў ҳам аз сиёсатҳои Амир пуштибонӣ кунад. (Аз пешгуфтори Абўабдуллоҳ Муҳаммад ибни Юсуфи Суратӣ дар китоби Тавҳиди Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб (ба забони форсӣ), Риёз, Муассисаи хайрияи Ҳарамайн, саҳ.27‒28)
 
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи Ибни Таймия ва Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб » Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб
Страница 1 из 11
Поиск:

Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz