Панҷшанбе, 28.03.2024, 12:05
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
[ Пайкҳои ҷадид · Ширкаткунандагон · Қоидаҳои форум · Ҷустуҷӯ · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи фирқаи ваҳҳобият » Дар густохӣ ва беадабӣ (2)
Дар густохӣ ва беадабӣ (2)
AkbarТаърих: Шанбе, 22.11.2008, 14:19 | Паём # 1
Сержант
Гурӯҳ: Пользователи
Паёмҳо: 25
Репутация: 0
Статус: Offline
Ба ҳар ҳол, сухан дар ин буд, ки яке аз мавориди монандии салафиҳо бо хавориҷ, густохӣ, беадабӣ ва бадахлоқии ин ду гурўҳ аст. Ин дар ҳолест, ки дини Ислом беш аз ҳар чизи дигар, бар ахлоқ ва одоби некў таъкид мекунад. Аслан Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар ривояте ҳадаф аз рисолат ва паёмбарии худро, комил сохтани ахлоқи писандида медонад: “Ман (ба паёмбарӣ) фиристода шудам то ахлоқи писандидаро комил созам”. (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Сунан‒ул‒кубро, ҷ.10, саҳ.192))
Худованди Таборак ва Таоло дар ҳаққи он ҷаноб (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мефармояд: “Ҳамоно ту (эй Расул) хулқи бузурге дорӣ”. (Сураи Қалам, ояти 4)
Худованд дастур мефармояд: “(Эй Расул! Ту ва умматат) ҳамеша бадии халқро ба беҳтарин амал подош деҳ то ҳамон касе, ки (гўё) бо ту душманӣ дорад, дўст ва хеши ту гардад”. (Сураи Фуссилат, ояти 34)
Низ Худованди Мутаол мефармояд: “(Касоне, ки) хашм ва ғазаби худ фурў нишонанд ва аз бадии мардум даргузаранд, (чунин мардуме некўкоранд)”. (Сураи Оли Имрон, ояти 134)
Ҳам мефармояд: “Эй аҳли имон! Аз бисёр пиндорҳо (ва гумони бад) дар ҳаққи якдигар дурӣ гузинед, ки баъзе гумонҳо гуноҳ аст ва низ ҳаргиз аз ҳоли дарунии якдигар ҳам ҷосусӣ макунед ва ғайбати якдигар раво мадоред”. (Сураи Ҳуҷурот, ояти 12)
Саҳобии гиромиқадр Маоз ибни Ҷабал (разияллоҳу анҳу) гуфтааст: “Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) маро насиҳат карда, фармуд: “Эй Маоз! Насиҳат мекунам туро ба тақво ва худотарсӣ, ростгўӣ, вафодорӣ ба аҳду паймон, амонатдорӣ, хиёнат накардан, ҳамсоядорӣ, меҳрубонӣ ба ятимон, хушкаломӣ, салом додан, кореро некў анҷом додан, орзуи кўтоҳ, имон ва огоҳии амиқ пайдо кардан ба Қуръон, дўст доштани охират, тарс аз рўзи ҳисоб ва шафқат намудан. Мабодо ҳакимеро дашном ва ё ростгўеро такзиб ва ё гуноҳкореро фармонбарӣ ва ё пешвои одилеро нофармонӣ ва ё заминеро табоҳ созӣ. Насиҳат мекунам туро ба тарс аз Худо дар мавриди ҳар санг ва дарахт ва хокрезае (яъне дар мавриди ҳар чизе чӣ хурд бошад ё калон, тақвои илоҳиро пеша кун) ва ба ин ки дар баробари ҳар гуноҳе (ки аз ту сар бизанад) тавба кунӣ. Агар махфиёна гуноҳ анҷом додаӣ, бояд тавбаат ҳам махфиёна бошад ва агар ошкоро гуноҳ карда бошӣ, бояд ошкоро тавба намоӣ”. (“Ахлоқ‒ун‒нубувва вал‒имома”, саҳ.13 ва 14)
 
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи фирқаи ваҳҳобият » Дар густохӣ ва беадабӣ (2)
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:

Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz