Шанбе, 23.09.2017, 12:03
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
[ Пайкҳои ҷадид · Ширкаткунандагон · Қоидаҳои форум · Ҷустуҷӯ · RSS ]
Страница 1 из 11
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи фирқаи ваҳҳобият » Монандии ваҳҳобиҳо бо хавориҷ дар густохӣ ва беадабӣ (1)
Монандии ваҳҳобиҳо бо хавориҷ дар густохӣ ва беадабӣ (1)
AkbarТаърих: Шанбе, 22.11.2008, 14:18 | Паём # 1
Сержант
Гурӯҳ: Пользователи
Паёмҳо: 25
Репутация: 0
Статус: Offline
Монандӣ ва шабоҳати салафиҳо бо хавориҷ дар густохӣ ва беадабӣ, барои ҳеҷ фарде, ки бо фарҳанги онҳо ошноӣ дорад пўшида нест. Дар оғоз намунае аз густохии хавориҷ зикр мекунем.
Дар ибтидои кор то он замон, ки хавориҷ даст ба қатлу куштор назаданд, ҳазрати Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) коре бо онҳо надошт. Онҳо дар ин марҳала аз замон, бо суистифода аз адолат ва бурдбории Алӣ, ҳар чи дилашон мехост анҷом медоданд. Таърих назири беадабиҳое, ки ин густохон дар баробари Алӣ ва ёронаш аз худ нишон медоданд суроғ надорад. Ибни Касир дар китоби “Ал‒бидоя ван‒ниҳоя” аз Ибни Ҷарир ва ў аз Шофеӣ (раҳматуллоҳи алайҳи) нақл мекунад: “Ҳангоме ки Алӣ дар намоз буд, яке аз хавориҷ гуфт: “Агар ширк варзидӣ, амалат ба бод хоҳад рафт ва аз зиёнкорон хоҳӣ шуд”. (Сураи Зумар, ояти 65) Сипас Алӣ ин оятро хонд: “Сабр пеша кун, ки ваъдаи Худо ҳақ аст ва мабодо касоне, ки яқин надоранд туро сабуксор кунанд”. (Сураи Рум, ояти 60) (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Ал‒бидоя ван‒ниҳоя, ҷ.7, саҳ.312)
Ҳамчунин аз Ибни Ҷарир нақл мекунад: “Як рўз дар он ҳангом ки Алӣ дар минбар хутба мехонд, баногаҳ марде аз хавориҷ аз ҷо баланд шуд ва гуфт: “Эй Алӣ! Ту мардонро дар дини Худо шарик қарор додӣ, ҳукумат ҷуз Худо аз барои каси дигаре нест”. Сипас аз гўшаву канори масҷид садоҳои “Ло ҳукма илло лиллоҳ”, “Ло ҳукма илло лиллоҳ” баланд шуд. Алӣ (дар баробари беадабӣ ва густохии ин ҷамоати бехирад) мегуфт: “Ин калимае (ки ба забон меоваред), калимаи ҳаққест, вале муроди шумо аз он ботил мебошад”. Сипас фармуд: “Ба нафъи шумо бар ўҳдаи мо ин аст, ки модоме ки бо мо ҳастед, шуморо аз ғаноим бознадорем ва аз масоҷид манъатон накунем ва то шумо худ шурўъ накунед, бо шумо наҷангем”. (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Ал‒бидоя ван‒ниҳоя, ҷ.7, саҳ.312))
Мутаассифона дар салафиҳо низ назири чунин беадабиҳо ва густохиҳо дида мешавад. Поягузори салафият, ки уламо ва бузургони мухолифи замони худро “Ҷоҳилон” хитоб мекунад ва ба онҳо “Эй мушрик!” мегўяд ва ҳар кас суханони ўро напазирад, кофир ва хориҷшуда аз миллат меҳисобад, бо ин ҳол чӣ интизор аз пайравонаш метавон дошт?
Мардуми ҳеҷ минтақа ва маконеро, ки салафиҳо дар он ҷо фаъолият доранд, суроғ надорем, ки аз беадабӣ ва густохии онҳо дар амон монда бошанд. Дар ҳар ҷое, ки по мегузоранд, корашон ин аст, ки суроғи уламо ва муллоҳои он минтақа рафта ва ақоиду афкори хешро барояш матраҳ мекунанд, ки агар пазируфт дар амон аст, вагарна шурўъ мекунанд ба таъна задан ба ў, ки “мутаассиб” аст, пойбанди суннати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нест, аз илм баҳрае надорад, “нодон” аст, “бидъатгузор” аст ва ғайра аз ин қабил пархошгариҳо ва густохиҳо.
Чӣ интизор метавон дошт аз пайравони ин маслак вақте поягузорони он фатво бар аъмоли беадабона ва пархошгариҳо медиҳанд. Инак, намунаҳое аз чунин фатвоҳо:
1. Шайх Абдуллоҳ ибни Ҷибрин фатво медиҳад, ки бояд бо шиаён ҷангид ва онҳоро иҳонат ва таҳқир намуд ва бар рўяшон туф кард. (Манбаъ: http://ummanas.netfirms.com/ig.htm)
2. Шайх Алӣ ал‒Хузейр фатво додааст, ки барои ёрӣ ва нусрати уммат метавон дурўғ гуфт ва шаҳодати зур (ба дурўғ) дод. (Манбаъ: http://ummanas.netfirms.com/lying.htm)
3. Шайх Сулаймон ал‒Харрошӣ ғорати амвол ва рехтани обрую эътибори лоикҳоро ҷоиз медонад. (Манбаъ: http://ummanas.netfirms.com/disbelievers.htm)
4. Шайх Усмон Хамис фатво медиҳад, ки барои шогирдон ҷоиз нест ба ҷиҳати таъзиму эҳтироми устодашон аз ҷои худ бархезанд. (Манбаъ: http://www.dar-quran.com/vb/archive/index.php/t-1046.html)
5. Бўсидани Қуръони Карим ҷоиз нест ва он навъе бидъат ба шумор меравад. (Манбаъ: http://forum.ozkorallah.com/f35/ozkorallah13203/)
Албатта он чи овардем фақат намунаҳое аз фатвоҳои уламо ва шайхҳои салафӣ мебошад, ки дар он пайравони худро бар ин навъ беадабӣ ва густохӣ карданҳо бармеангезанд. Агар бихоҳем ҷамиъ ё аксари чунин фатвоҳоро бароятон нақл кунем, яке ду то китоб басандагӣ намекунад.
 
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи фирқаи ваҳҳобият » Монандии ваҳҳобиҳо бо хавориҷ дар густохӣ ва беадабӣ (1)
Страница 1 из 11
Поиск:

Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz