Ҷумъа, 29.03.2024, 11:56
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
[ Пайкҳои ҷадид · Ширкаткунандагон · Қоидаҳои форум · Ҷустуҷӯ · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи фирқаи ваҳҳобият » Монандии ваҳҳобиҳо ба хавориҷ дар таассуби манфӣ
Монандии ваҳҳобиҳо ба хавориҷ дар таассуби манфӣ
AkbarТаърих: Шанбе, 22.11.2008, 14:17 | Паём # 1
Сержант
Гурӯҳ: Пользователи
Паёмҳо: 25
Репутация: 0
Статус: Offline
Аз шабоҳат ва монандиҳои дигар миёни хавориҷ ва салафиҳо, таассуби шадид ва ифротӣ доштани ин ду гурўҳ аст. Таассуб, ки ба маънои “эътиқод ва пойбандии шадид нисбат ба чизе” меояд, худ ба ду қисм аст: мусбат ва манфӣ. Аввалӣ хуб ва мавриди қабул аст ва дуюмӣ бад ва мавриди инкор.
Барои беҳтар фаҳмидани фарқ байни таассуби мусбат ва манфӣ, шоиста мебинем аз суханони ҳазрати Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) баҳра гирем. Он ҳазрат дар мавриди таассуби манфӣ, таассуби Иблисро ёдовар мешавад, ки ўро аз саҷда бар Одам манъ кард. Алӣ Иблисро пешвои мутаассибони ҷаҳон ном мениҳад ва мефармояд: “Душмани Худо Иблис пешвои мутаассибон ва салафи мустакбирон аст”. (Наҳҷ‒ул‒балоға, хутбаи 192) Аммо дар мавриди таассуби мусбат мефармояд: “Ҳаргоҳ ногузир аз таассуб ҳастед, таассуби шумо барои ба даст овардани сифатҳои нек ва корҳои хуб бошад”. (Наҳҷ‒ул‒балоға, хутбаи 192)
Таассуби манфӣ ҳамеша омехта бо як навъ ҷумуди фикрӣ, якҷонибанигарӣ ва пешдовариҳои ғайри мантиқӣ мебошад ва ҳамеша, ба хусус дар асри мо, сабаби нафрат ва ақибафтодагист.
Нишонаи ин навъ таассуб, мавзеъгириҳои тунду тез ва хашин, гоҳ хунрезӣ ва ғорати амвол, таҳқири дигарон ва ба коргирии калимаҳои зишт ва тавҳиномез аст.
Мутаассибон ҳеҷ арзише барои афкори дигарон қоил нестанд ва гўши шунаво барои далелҳои мухолифони худ надоранд ва мутакаббир ва худбин ҳастанд.
Тамоми он чи гуфта шуд, дар рафтор, кирдор ва суханони хавориҷ ва салафиҳо дида мешавад. Дар ҷараёни таҳким баъд аз он ки хавориҷ пай ба иштибоҳ ва хатои худ бурданд ва фаҳмиданд, ки ин кор найранге беш аз ҷониби Муовия ва сипоҳиёнаш набуда, вале таассуб, лаҷоҷат ва якравияшон нагузошт иқрор ба иштибоҳ ва хатои худ намуда ва аз кардаи худ дар баробари Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) узрхоҳӣ намоянд, балки омаданд пеши Алӣ ва гуфтанд, ки ҳам мо ва ҳам ту бо пазириши ҳакамият ва доварии инсонҳо муртакиби гуноҳ шудаем ва бояд тавба кунем. Алӣ на як бор, балки борҳо барояшон мефаҳмонид, ки шумо қаблан ҳам иштибоҳ кардед ва ҳам акнун низ иштибоҳ мекунед. Вале ин ҷоҳилони мутаассиб, ки гўши шунаво надоштанд, бар эътиқоди ботили худ исрор меварзиданд.
Ҳатто баъд аз он ки даст ба қатлу куштори мусулмонон зада ва оҳанги ҷанг бо Алиро сар доданд, дар оғоз Алӣ бо овардани далелу бурҳон барояшон мегуфт, ки шумо аз ин эътиқоди ботил даст бардоред ва ба сўи ҷамоати мусулмонон баргардед, вале баъзе аз онон, ки таассуб чашмонашонро кўр карда буд, ҳозир ба қабули суханони Алӣ нашуданд.
Мутаассифона салафиҳо ҳам шабеҳи чунин сифотеро доранд. Дар гузашта ва ҳатто ҳоло ҳам дар муҳити Макка ва Мадина ва дар кулли Арабистон ҳар гуна нақди илмӣ аз салафият мамнўъ аст ва мутаассибони салафӣ намегузоранд ҳатто нақдҳои илмии мўҳтарамона дар бораи ақоиди онҳо бишавад. Тамоми касоне, ки ба ҳаҷ мушарраф шудаанд, медонанд, ки сензураи шадиде бар вуруди ҳар гуна китоб (ба вижа аз Эрон) ба Арабистон ҳукмфармост.
Уламои салафӣ пайравони худро шадидан аз хондани ҳар гуна китобе хусусан китобҳои шиа манъ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Қуръони Карим афродеро, ки гўши шунаво барои шунидани суханони дигарон надоранд, ҷузъи бандагони хирадманди Парвардигор намедонад. Чаро ки мегўяд: “Мужда деҳ он бандагони маро, ки гўш ба суханон мекунанд ва он гоҳ некўтарини онро пайравӣ менамоянд. Чунин бандагон касоне ҳастанд, ки Худо ҳидояташон карда ва фақат онон хирадмандон мебошанд”. (Сураи Зумар, оятҳои 17 ва 18)
Касоне, ки каме ҳам бошад бо илми усул ошноӣ доранд, медонанд, ки вожаи “қавл” (сухан) дар ин оят мутлақ ва бидуни ҳеҷ қайду шарте зикр гардидааст, яъне шомили ҳар қавле, чи ботил ва чи ҳақ, мешавад. Пас агар фарз кунем, ки суханони мухолифони салафият ботил бошад, онҳо бино бар фармудаи ин оят, ҳақ надоранд касеро аз хондан ва ё қироати китобҳои ба гуфтаи худашон “золла” манъ намоянд.
Мисоли чунин мутаассибоне, мисоли мухолифони равиши паёмбаронро монад, ки ҳангоми сухан гуфтани паёмбарон ангушт дар гўши худ мегузоштанд то суханони онҳоро нашунаванд. Худованди Мутаол достони шикояти ҳазрати Нўҳ (алайҳис‒салом) аз уммати хешро чунин баён мекунад: “Ман ҳар замон онҳоро даъват кардам, ки (имон биёваранд) то онҳоро биёмурзӣ, ангуштони хешро дар гўшҳояшон ниҳода ва либосҳояшонро бар худ мепечиданд, дар мухолифат исрор меварзиданд ва ба шиддат такаббур мекарданд”. (Сураи Нўҳ, ояти 7)
 
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи фирқаи ваҳҳобият » Монандии ваҳҳобиҳо ба хавориҷ дар таассуби манфӣ
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:

Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz