Шанбе, 20.04.2024, 14:15
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
[ Пайкҳои ҷадид · Ширкаткунандагон · Қоидаҳои форум · Ҷустуҷӯ · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи фирқаи ваҳҳобият » Дар хушунат (3)
Дар хушунат (3)
AkbarТаърих: Шанбе, 22.11.2008, 14:13 | Паём # 1
Сержант
Гурӯҳ: Пользователи
Паёмҳо: 25
Репутация: 0
Статус: Offline
Дар тўли таърих камтар касе ба андозаи салафиҳои мутаассиб ба Ислом зарба задааст. Исломе, ки дини раъфат ва раҳмат буд ва тавсия мекард, ки ҳар коре ба номи “Раҳмон” ва “Раҳим”, ки баёнгари раҳмати омму хосси Худо аст шурўъ шавад.
Исломе, ки мегўяд: Ҳатто мушрикон агар барои таҳқиқ назди шумо омаданд, онҳоро паноҳ диҳед то оятҳои Қуръонро бишнаванд, сипас онҳоро солим ба ватани худашон бирасонед, хоҳ Исломро бипазиранд ё на:
“Агар яке аз мушрикон аз ту паноҳ хост, ўро паноҳ деҳ то сухани Худоро бишнавад, сипас ўро ба ҷои амнаш бирасон. Ин (паноҳ додан) аз он рўст, ки онон огоҳӣ надоранд”. (Сураи Тавба, ояти 6)
Исломе, ки мегўяд: Дар баробари бадиҳо некӣ кунед то душманони сарсахти шумо аз ин ҳама муҳаббат ба хиҷолат омада ва дўсти шумо гарданд:
“Некӣ ва бадӣ баробар нест. (Бадии дигаронро) ба шевае, ки некўтар аст дур кун, ки (агар чунин кунӣ) он гоҳ он касе, ки миёни ту ва ў душманист, ҳамчун дўсти наздик ва меҳрубон гардад”. (Сураи Фуссилат, ояти 34)
Исломе, ки мегўяд: “Оё дин чизе ҷуз муҳаббат аст?” (Хисол, саҳ.21)
Оре, чунин Исломи латиф, зебо ва пур аз муҳаббатро он чунон хашин нишон доданд, ки дўсту душманро аз он безор сохтанд.
 
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи фирқаи ваҳҳобият » Дар хушунат (3)
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:

Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz