Душанбе, 20.11.2017, 12:33
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
[ Пайкҳои ҷадид · Ширкаткунандагон · Қоидаҳои форум · Ҷустуҷӯ · RSS ]
Страница 1 из 11
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи фирқаи ваҳҳобият » Дар хушунат (2)
Дар хушунат (2)
AkbarТаърих: Шанбе, 22.11.2008, 14:13 | Паём # 1
Сержант
Гурӯҳ: Пользователи
Паёмҳо: 25
Репутация: 0
Статус: Offline
Лозим ба ёдоварист, ки решаҳои хушунати салафиҳо дар таълимоти пешвояшон Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб нуҳуфта. Мутолиа ва баррасии китоби “Кашф‒уш‒шубуҳот” барои пай бурдан ба решаҳои хушунат дар ақоиди онҳо кофӣ аст:
1. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб бардошти нодурусте дар бораи “тавҳид” ва “ширк” дорад, ки дар фасли сеюми ҳамин китоб перомуни он баҳс ба амал овардем. Вай тамоми касонеро, ки аз Паёмбари Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) шафоат назди Худо биталабад, дар ҳоле ки мувофиқи сареҳи Қуръон ва ривоятҳо аст, мушрик ва кофир медонад ва ҷону молу номуси онҳоро мубоҳ мешумурад.
2. Аз ин ҳам фаротар рафта ва босароҳат мегўяд: Мушрикони замони мо аз мушрикони асри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), ки он ҳазрат бо онҳо ҷангид бадтаранд, ба ду далел:
Аввалан: Мушрикони замони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) танҳо дар ҳоли оромиш, ба ғайри Худо рў меоварданд, вале тибқи оятҳои Қуръон ҳангоме ки гирифтори бало мешуданд (масалан гирифтори амвоҷи хурўшони дарёӣ мешуданд), Худоро холисона мехонданд... Вале мушрикони замони мо дар ҳар ду ҳол ғайри Худоро мехонанд, ҳам дар оромиш ва ҳам дар бало.
Сониян: Мушрикони ҷоҳилият санг ва чўберо мепарастиданд, ки махлуқ ва мутеи Худо аст, вале мушрикони асри мо афроди фосиқро мепарастанд (ки манзураш сарони сўфия аст). (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Кашф‒уш‒шубуҳот, ҷ.1, саҳ.27))
Албатта пас аз ин, хуну молу номуси мусулмононе, ки дар бораи тавҳид бардоште ғайр аз бардошти Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ва пайравонашро доранд мубоҳ мегардад. Ин дар ҳолест, ки Қуръон ба сароҳат мегўяд: “Ба он касе, ки ба шумо салом кунад, магўед ту мўъмин нестӣ, то (бо ин баҳона) колои зиндагии дунёро биҷўед, чаро ки ғаниматҳои фаровон назди Худо аст”. (Сураи Нисо, ояти 94)
Аз он чи дар боло омад метавон фаҳмид, ки чаро “Алқоида”, “Сипоҳи саҳоба” ва соири мутаассибони салафӣ ба осонӣ хуни дигар мусулмононро дар нуқоти мухталифи ҷаҳон мерезанд ва амволи онҳоро ба яғмо мебаранд?
Куштори “Алқоида” дар Ироқ ағлаб аз мусулмонон буд (чи шиа ва чи суннӣ) ва куштори мутаассибони салафӣ дар Покистон ҳама аз мусулмонон буд.
Чӣ касе сабаб шуд, ки ин гурўҳҳо ин ҳама бераҳм бошанд? Оё ҷуз ҳамон кас, ки гуфт ғайри салафиҳо мушриканд ва хуну моли мушрик мубоҳ аст? Набояд тааҷҷуб кард, ки хунҳое, ки тарафдорони ин мазҳаб рехтанд, ағлаб хуни мусулмонон буд ва тамоми амволе, ки ба ғорат рафт, амволи мусулмонон буд.
 
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи фирқаи ваҳҳобият » Дар хушунат (2)
Страница 1 из 11
Поиск:

Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz