Ҷумъа, 19.04.2024, 02:28
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
[ Пайкҳои ҷадид · Ширкаткунандагон · Қоидаҳои форум · Ҷустуҷӯ · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи фирқаи ваҳҳобият » Дар такфири мусулмонон (2)
Дар такфири мусулмонон (2)
AkbarТаърих: Шанбе, 22.11.2008, 14:11 | Паём # 1
Сержант
Гурӯҳ: Пользователи
Паёмҳо: 25
Репутация: 0
Статус: Offline
4. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар номае ба яке аз уламои замони худ Шайх Сулаймон ибни Суҳайми Ҳанбалӣ, ўро чунин хитоб мекунад: “Бароят ёдовар мешавам, ки ту ва падарат тасреҳ ба куфр, ширк ва нифоқ мекунед... Ту ва падарат шабу рўз дар душманӣ бо ин дин кўшиш мекунед... Ту марде ҳастӣ огоҳона якрав, гумроҳ ва баргузинандаи куфр бар Ислом... Ин китоби шумо дар пеши ман аст, ки дар он куфри шумо ошкор аст”. (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Муаллафоту Ибни Абдулваҳҳоб, ҷ.1, саҳ.226‒228))
5. Ҳамчунин Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб уламое чун Ибни Арабиро на танҳо кофир, балки кофиртар аз Фиръавн медонад. Ӯ мўътақид аст касе, ки Ибни Арабиро кофир надонад ва ё ҳатто шак дар кофир буданаш дошта бошад кофир аст. (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Муаллафоту Ибни Абдулваҳҳоб, ҷ.1, саҳ.72))
6. Боз ҳам ў, бино бар он чи дар китоби “Ад‒дурар” омадааст, муфассири бузург Фахри Розиро ҳам такфир намудааст. (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Муаллафоту Ибни Абдулваҳҳоб, ҷ.1, саҳ.222))
7. Ба ақидаи Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ҷамии мутакаллимон кофиранд. (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Муаллафоту Ибни Абдулваҳҳоб, ҷ.1, саҳ.263))
8. Аз назари ў фиқҳ айни куфр аст. Вай дар номае ба яке аз фуқаҳои замонаш Ибни Исо, ояти “(Яҳуд ва насоро) уламо ва донишмандони худро арбобоне ба ғайри Худо гирифтаанд”‒ро зикр намуда мегўяд: “Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва имомонои баъд аз ў ин оятро ба ҳамин илме, ки шумо имрўз номашро “фиқҳ” гузоштаед тафсир кардаанд...” (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Муаллафоту Ибни Абдулваҳҳоб, ҷ.1, саҳ.277))
9. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб мегўяд: “Муаттил бадтар аз мушрик аст”. (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Ақидатуш‒Шайх Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, ҷ.1, саҳ.174)) Ба гуфтаи Ҳасан ибни Фарҳони Моликӣ, назди салафиҳо фирқаҳои зерин дар зумраи муаттила дохил мешаванд: ашоира, Ибни Ҳазми Зоҳирӣ, бештари зоҳирия, сўфия, шиа, ҳанафиҳо ва бештари пайравони мазоҳиби чаҳоргона магар касоне, ки пайрави ғулоти ҳанбалиҳо, ё пайрави Ибни Таймия ва Ибни Қаййим бошанд. (Доиятун ва лайса набиян, Ҳасан ибни Фарҳони Моликӣ, Риёз, Дор‒ур‒розӣ, соли 2004, саҳ.102)
10. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб шиаёнро на танҳо кофир медонад, балки мўътақид аст ҳар он кас, ки дар куфри шиаён шак кунад ҳам кофир аст. (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Муаллафоту Ибни Абдулваҳҳоб, ҷ.1, саҳ.230))
11. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ҳар касеро, ки саҳобиеро дашном диҳад кофир медонад. (Ад‒дурар, 10/369, ба нақл аз китоби “Доиятун ва лайса набиян”, Ҳасан ибни Фарҳони Моликӣ, Риёз, Дор‒ур‒розӣ, соли 2004, саҳ.86)
Албатта ба назари мо ҳар ки саҳобиеро дашном диҳад, чи шиа бошад ва чи суннӣ, кори ношоисте анҷом дода ва набояд чунин бикунад, вале агар ин эътиқоди Муҳаммад ибни Абдулваҳҳобро дуруст бидонем, дар он сурат дар навбати аввал бархе аз худи саҳобагон кофир маҳсуб мегарданд. Масалан Аҳмад дар “Муснад”‒и худ чунин ривоятеро дар бораи саҳобии маъруф Муғира ибни Шуъба нақл мекунад:
“Муғира Алиро дашном дод. Зайд ибни Арқам ба ў гуфт: “Ту медонӣ, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аз саббу дашноми мурдагон наҳй фармудааст. Пас чаро Алиро дашном кардӣ? Ӯ, ки мурдааст”. (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Муснади Аҳмад, ҷ.39, саҳ.285))
11. Шайх Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмон Бобтин (ё Абобтин) зимни такфири Давлати Усмонӣ бар ин назар буд, ки ҳар ки ин давлатро такфир нанамуд, кофирест, ки маънои “Ло илоҳа иллаллоҳ”‒ро надониста. (Ад‒дурар, 10/429, ба нақл аз китоби “Доиятун ва лайса набиян”, Ҳасан ибни Фарҳони Моликӣ, Риёз, Дор‒ур‒розӣ, соли 2004, саҳ.114)
Албатта он чи овардем, фақат намунаҳоест аз такфири уламои ваҳҳобият мусулмононеро, ки дар ақида бо онҳо мувофиқ нестанд. Агар бихоҳем тамоми дидгоҳҳои такфирии онҳоро зикр намоем, шояд ба таълифи китобе дар даҳ ҷилд ниёз бошад.
 
Форум » Фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ » Дар бораи фирқаи ваҳҳобият » Дар такфири мусулмонон (2)
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:

Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz