Панҷшанбе, 28.03.2024, 16:27
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
[ Пайкҳои ҷадид · Ширкаткунандагон · Қоидаҳои форум · Ҷустуҷӯ · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
Форум » Одоб ва ахлоқи исломӣ » Ахлоқи нек » Зуҳд
Зуҳд
istaravshaniТаърих: Панҷшанбе, 20.11.2008, 23:30 | Паём # 1
Admin
Гурӯҳ: Администраторы
Паёмҳо: 7
Репутация: 0
Статус: Offline
Яке аз ахлоқи ҳамида ва аз мақомоти соликон зуҳд аст. Зуҳд иборат аст аз берағбатӣ ба дунё магар ба андозаи зарурат. Зуҳд дар дунё, мунофоте бо зиёдии молу сарват надорад. Яъне инсон метавонад дар айни доштани молу сарвати бисёр, дил ба он набандад ва молу сарват ӯро аз зикру ёди Худо андармон накунад.
Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мефармояд:

الزَّهَادَةُ فِي الدُّنْيَا لَيْسَتْ بِتَحْرِيمِ الْحَلالِ وَلا إِضَاعَةَ الْمَالِ، وَلكِنِ الزَّهَادَةُ فِي الدُّنْيَا أَنْ لا تَكُونَ بِمَا فِي يَدَيْكَ أَوْثَقَ مِنْكَ بِمَا فِي يَدِ اللهِ وَأَنْ تَكُونَ فِي ثَوَابِ الْمُصِيبَةِ إِذَا أُصِبْتَ بِهَا أَرْغَبَ مِنْكَ فِيهَا لَوْ أَنَّهَا اُبْقِيَتْ لَكَ.

Зуҳд дар дунё ин нест, ки ҳалолро бар худ ҳаром кунӣ ва моли хешро зойеъ созӣ, балки зуҳд дар дунё он аст, ки ба он чи дар дасти туст, бештар аз он чи дар дасти Худост эътимод накунӣ ва ба савоби мусибат ‒ ҳаргоҳ ба он гирифтор шудӣ ‒ бештар аз мусибат надидан рағбат дошта бошӣ.
Ва ҳам мефармояд:

أَشْرَفُ الزُّهْدِ أَنْ يَسْكُنَ قَلْبُكَ عَلَى مَا رُزِقْتَ وَأَنَّ اَشْرَفَ مَا تَسْأَلُ مِنَ اللهِ عَزَّ وَجَلَّ الْعَافِيَةُ فِي الدِّينِ وَالدُّنْيَا.

Беҳтарин зуҳд ва порсоӣ он аст, ки дили ту ба он чи дорӣ ором гирад ва беҳтарин хостаи ту аз Худои Таоло офият ва саломатӣ дар дин ва дунё бошад.
Ва ҳам ҳазраташ мефармояд:
أَزْهَدُ النَّاسِ مَنْ لَمْ يَنْسَ الْقَبْرَ وَالْبَلاءَ وَتَرَكَ أَفْضَلَ زِينَةِ الدُّنْيَا وَآثَرَ مَا يَبْقَى عَلَى مَا يَفْنَى وَلَمْ يَعُدَّ غَداً مِنْ أَيَّامِهِ وَعَدَّ نَفْسَهُ فِي الْمَوْتَى.
Зоҳидтарин мардум касест, ки қабру мусибатро фаромӯш накунад, беҳтарин зинати дунёро тарк гӯяд, неъмати боқӣ ва пойдор (дар охират)‒ро бар неъмати фонӣ ва зудгузар (‒и дунё) тарҷеҳ диҳад, фардоро аз умри хеш ба ҳисоб наоварад ва худро дар қатори мурдагон шуморад.
Алӣ (каррмаллоҳу ваҷҳаҳу) фармудааст:

الزُّهْدُ كُلُّهُ بَيْنَ كَلِمَتَيْنِ مِنَ الْقُرْآنِ، قَالَ سُبْحَانَهُ: "لِكَيْلا تَأْسَوْا عَلَى مَا فَاتَكُمْ وَلا تَفْرَحُوا بِمَا آتَاكُمْ". وَمَنْ لَمْ يَأْسَ عَلَى الْمَاضِي وَلَمْ يَفْرَحْ بِالآتِي فَقَدْ أَخَذَ الزُّهْدَ بِطَرَفَيْهِ.

Зуҳд байни ду калимаи Қуръон хулоса шудааст. Ва он ин ки Худо мефармояд: “То бар он чи аз даст додаед ғам махӯред ва ба сабаби он чи Худо бароятон додааст хушҳол (ва аз худ бехуд) магардед”. Пас ҳар кӣ бар гузашта ғам нахӯрад ва ба оянда хушҳол нашавад, дар ҳақиқат зуҳдро аз ду тарафаш гирифтааст.
Ҳамчунин ҳазраташ мефармояд:

الزُّهْدُ فِي الدُّنْيَا قَصْرُ الْأَمَلِ وَشُكْرُ كُلِّ نِعْمَةٍ وَالْوَرَعُ عَنْ كُلِّ مَا حَرَّمَ اللهُ عَزَّ وَجَلَّ.

Зуҳд дар дунё ин кӯтоҳ кардани орзу, шукри ҳар неъмате ва парҳез аз ҳар он чи Худои Таоло онро ҳаром кардааст мебошад.
Зуҳд дар дунё худ самароте дорад. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мефармояд:

ازْهَدْ فِي الدُّنْيَا يُحِبُّكَ اللهُ وَازْهَدْ فِيما فِي أَيْدِي النَّاسِ يُحِبُّكَ النَّاسُ.

Нисбат ба дунё зуҳд кун, ки Худо туро дӯст хоҳад дошт ва нисбат ба моли мардум беэътиноӣ кун, ки мардум туро дӯст хоҳанд дошт.

مَنْ أَرَادَ أَنْ يُؤْتَيَهُ اللهُ عِلْماً بِغَيْرِ تَعَلُّمٍ وَهُدًى بِغَيْرِ هِدَايَةٍ فَلْيَزْهَدْ فِي الدُّنْيَا.

Ҳар кӣ бихоҳад, ки Худо ба ӯ бе омӯхтан дониш ва бе роҳнамоӣ ҳидоят ато фармояд, пас дар дунё зуҳд кунад.

 
Форум » Одоб ва ахлоқи исломӣ » Ахлоқи нек » Зуҳд
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:

Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz